Хофизи Шерози

Маълумот дар бораи Ҳофизи Шерозӣ, Тарчумаи холи Хофизи Шерози ва Хофизи Шерози Газалхо дар ин мақола оварда мешаванд >>>


Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ соли 1321 дар шаҳри Шероз таваллуд ёфта, дар ҳамин ҷо соҳиби илму дониш гаштааст.

Ҳофиз дар айёми кудакӣ хеле барвақт аз падар ятим монд. Модараш, ки имконияти хонондани фарзандашро надошт, ӯро ба тарбияти шахсе гузошт. Пекин Ҳофиз ба зудӣ хонаводаи ин шахсро тарк намуда, ба нонвое шогирд шуд. Чанд гоҳ дар Мадраса ҳам таҳсил карда, як қадар маълумот ба даст овард. Баъдҳо вай зиндагии дарвешона ба cap бурда, муттасил ба азхуд намудани дониш машғул гардид ва дере нагузашта, ҳамчун шоир шуҳрат пайдо кард.

Шеърҳои Хофиз ҳанӯз дар айёми дар қайди ҳаёт буданаш дар байни оммаи халқ хеле паҳн шуда, тадриҷан як қисмати онҳо ба фолклор низ дохил гардидаанд. Дар тамоми олам Хофизи Шерозӣ аз маҳбубтарин шоирон ба шумор меравад ва мардум ашъори дилнавози ӯро бо шавқу завқи бепоён мехонанд. Нақши Хофиз дар таърихи адабиёти форсу тоҷик бағоят бузург аст. Вай шоирест, ки навъи лирика, яъне ғазалро ба дараҷаи олии такомул расонида, ба он мазмунҳои тоза ворид намудааст. Ба газалиёти Ҳофиз дар баробари мавзуҳои ишқӣ, зебоию зебопарастӣ, фикру андешаҳои ирфонӣ ҷиҳати эътироз нисбат ба беадолатиҳои иҷтимоӣ низ хос мебошад. Хофиз дар шароити асри миёна барои шаъну шараф ва қадру қимати инсон суботкорона мубориза мебурд. Вобаста ба замона ӯ аксар вақт ҳамаи он чизеро, ки дар тафаккури ӯ пайдо мешуд изҳор карда наметавонист. Шоир, ки бо шароит ва муҳити тираи давр муросо намекард, ғолибан ба худ ниқоби риндӣ кашиданро афзалтар медонист. Бо вуҷуди ин, мазмуни асосии назми Ҳофизро ҳисси норозигӣ нисбат ба беинсофиҳои иҷтимоии замона ташкил мекард.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шеърҳои ошиқонаи Ҳофиз эҳсоси баланд ва шавқу рағбати бепоёни одамиро иброз намуда, дурӯғу риёро мазаммат ва писандидатарин хислатҳои инсониро талқин мекунанд. Ба тарики намуна ин ғазали Ҳофизро, ки пур аз маънию кинояҳои ҳадафзан мебошад меоварем:

Maн на oн риндам, ки тарки шоҳиду соғар кунам,
Муҳтасиб донад, ки ман ин корҳо камтар кунам..
Maн, ки имрӯзам биҳишти нақд ҳосил мешавад,
Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам?!
Шеваи риндӣ на лоиқ буд васфамро, вале
Чун дарафтодам, чаро андешаи дигар кунам?!

Муосирони Ҳофиз мазмуни тасаввуфии ашъорашро ба на­зар гирифта, ӯро ҳанӯз дар вақти зиндагиаш «Лисон-ул-ғайб» номида буданд.

Мутафаккири бузурги немис Гёте заковатманд ба Ҳофиз баҳои баланд дода буд. Ӯ дар «Девони ғарбию шарқӣ»-и худ китоби махсуси шеърҳояшро бо унвони «Ҳофизнома» ба шоири бузурги форсу тоҷик бахшид. Маҷозу кинояҳо дар ашъори Ҳофиз барои ифодаи ғояҳои инсондӯстии ин шоири бузургу нотакрор хизмат менамояд.

Феҳристи ғазалҳо аз Ҳофизи Шерозӣ инҷо<<

Ҳофизи Шерозӣ

ҚаблӣИнкишофи илму адаб (дар давраи Темуриён)
БаъдӣМир Алишери Навоӣ