Ҳуҷайра / Хучайра, сохт, вазифа ва таркиби он

Ҳуҷайраи одам / Хучайраи одам. Хучайра, сохти хучайра, вазифаи хучайра ва таркиби хучайра. Ҳуҷайра, сохт, вазифа ва таркиби он 


Сохти ҳуҷайра. Ба монанди дигар мавҷудоти зинда бадани одам низ аз ҳуҷайраҳо иборат аст. Ҳуҷайраҳо дар байни моддаҳои байниҳуҷайравӣ ҷой гирифтаанд. Ин моддаҳо ҳамчун манбаи ғизо буда, устувории ҳуҷайраҳоро таъмин мекунанд. Ҳуҷайраҳо шаклу андозаю амалиёти гуногун доранд, вале аз ҷиҳати сохт ба ҳамдигар монанданд. Ҳар як ҳуҷайра аз ҷилд, ситоплазма ва ядро (ҳаста) иборат аст (расми 3).

Ҷилди ҳуҷайра бо парда пӯшида шуда, аз якчанд қабат молекулаҳо иборат аст ва табиати липидӣ (чарбӣ) дорад. Ҷилди нимгузаронандаи ҳуҷайра моддаҳоро ба таври интихобӣ мегузаронад.

Ситоплазма муҳити ниммоеи дохили ҳуҷайра мебошад. Дар он органоидҳои ҳуҷайра, аз қабили ядро, ядроча, рибосомаҳо, лизосомаҳо, митохондрияҳо, маҷмааи Голҷи, тӯри эндоплазматикӣ, маркази ҳуҷайра ва парда ҷойгиранд (расми 3).

Ҳар як органоид вазифаи муайянро иҷро мекунад. Масалан, митохондрия манбаи неруи ҳуҷайра аст, рибосома барои ҳосилкунии сафеда хизмат мерасонад. Ядро манбаи асосии тақсимшавии ҳуҷайра аст. Дар дохили ядро нахҳои риштамонанд – хромосомаҳо мавҷуданд. Миқдори хромосомаҳои одам дар ядрои ҳуҷайра 23 ҷуфт аст. Онҳо манбаи асосии маводди ирcӣ мебошанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Расми 3. Сохт ва таркиби ҳуҷайраи одам
Расми 3. Сохт ва таркиби ҳуҷайраи одам

Таркиби кимиёвии хучайра

Таркиби кимиёвии ҳуҷайра. Ҳуҷайра аз пайвастаҳои гуногуни кимиёвӣ иборат аст, ки ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

1) пайвастаҳои органикӣ; 2) пайвастаҳои ғайриорганикӣ.


Пайвастахои органикии хучайра

Пайвастаҳои органикии ҳуҷайра. Пеш аз ҳама ба ин гурӯҳ сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ дохил мешаванд. Ин пайвастаҳо барои иҷроиши ин ё он вазифа нақши калон мебозанд (расми 4).

Расми 4. Таркиби кимиёвии ҳуҷайраи одам
Расми 4. Таркиби кимиёвии ҳуҷайраи одам

Сафедаҳо моддаи асосӣ ва хеле мураккаби ҳар як ҳуҷайраанд. Молекулаи пайвастаҳои ғайриорганикӣ садҳо ва ҳазорҳо маротиба калон мебошад. Сафедаҳо сарчашмаи ҳаётанд. Баъзе сафедаҳо реаксияҳои кимиёвиро тезонида, вазифаи катализаторро иҷро мекунанд, ки онҳоро фермент меноманд.

Чарбҳо ва карбогидратҳо «масолеҳи бинокорӣ»-и ҳуҷайра буда, барои фаъолияти ҳаётии организм ҳамчун манбаи неру хизмат мекунанд.

Кислотаҳои нуклеинӣ дар ядрои ҳуҷайра ҳосил мешаванд.


Пайвастахои гайриорганикии хучайра

Пайвастаҳои ғайриорганикии ҳуҷайра. Ба ин пайвастаҳо об ва намакҳои минералӣ дохил мешаванд. Миқдори об дар ҳуҷайра қариб 80 дарсадро ташкил медиҳад. Моддаҳои ғизоии маҳлул аз моддаи байниҳуҷайравӣ иборат буда, ба воситаи парда ба ҳуҷайра дохил мешаванд. Об инчунин барои аз ҳуҷайра хориҷ шудани моддаҳое, ки дар натиҷаи реаксияҳои кимиёвӣ ба вуҷуд меоянд, мусоидат мекунад. Намакҳои минералӣ дар ситоплазма на он қадар зиёд буда, дар ҳаёти ҳуҷайра нақши калон мебозанд. Ба ин намакҳо калий (K+), калсий (Ca+), натрий (Na+), магний (Mg+) ва ғайраҳо дохил мешаванд.


Дониши худро санҷед:

  1. Кадом шаклхои хучайраро медонед? Онхо ба чи вобастаанд?
  2. Кадом органоидхо дар вайрон кардан ва хал намудани кисми хучайра ахамияти худро гум кардаанд?
  3. Ба хотир оред, ки хучайраи одам аз хучайраи рустанихо чи фарк дорад?
  4. Аз чи сабаб хучайраро хамчун вохиди таркиби ва вазифавии бадан меноманд?
ҚаблӣТаҳаввулоти одам, нажоди одам
БаъдӣХосияти ҳаётии ҳуҷайра. Муҳити дохилии организм