Назарияи аксиологӣ ва назарияи фаъолият оид ба шарҳи фарҳанг

Дар илми фарҳангшиносӣ оид ба тафсири мафҳум ва мохияти  фарҳанг назарияҳои гуногун мавҷуданд, ки маъмултарини он назарияи  аксиологӣ ва назарияи фаъолият мебошанд. Мувофиқи назарияи  аксиологӣ (арзишӣ) фарҳанг —  маҷмӯи арзишҳои  моддӣ ва маънавии ҷамъиятест, ки дар дараҷаи муайяни инкишоф қарор гирифтааст. Барои ҳар як  одам шинохтани арзишҳои умумиинсонӣ  хеле  муҳим мебошанд. Арзиш амри воқеии фарҳанг буда, моҳиятан иҷтимоист. Арзиш — ақоиди мувофиқи мақсадхои  умумӣ қабул карда шудаест,  ки самти зиндагии одамонро дар ҷомеа муайян менамоянд. Арзиш навъҳои гуногун дорад:

  1. Арзишҳои ҳаётӣ: ҳаёт, саломатӣ ва ғ.
  2. Арзишҳои иҷтимоӣ: кори салоҳиятнок, беҳбудии иҷтимоӣ.
  3. Арзишҳои сиёсӣ: озодӣ, тартиботи ҳуқуқӣ.
  4. Арзишҳои ахлоқӣ: некӣ, шараф ва ғ.
  5. Арзишҳои зебошиносӣ: зебоӣ
  6. Арзишҳои динӣ: Худо, ибодат, намоз ва ғ.
  7. Арзишҳои оилавӣ ва хешу таборӣ: муносибатҳои байниҳамдигарӣ.

Арзишҳо стратегияи умумии танзими рафтори одамонро дар ҷомеа таъмин мекунанд, аз рӯи онҳо меъёрҳои гуногуни ҷомеа муайян мешаванд. Меъёрҳои ахлоқӣ бештар ба афкори умум ва ақоиди одамон такя мекунанд. Дар ҷомеа аз болои арзишҳо ва меъёрҳо механизмҳои назорати иҷтимоӣ амал мекунанд, ки муҷозотҳои гуногуни расмӣ ва ғайрирасмӣ доранд. Муҷозоти ғайрирасмӣ мукофот ё ки  маҳкумкуниро  дар бар мегирад. Муҷозотҳои расмӣ ба қувваи қонунҳо такя мекунанд. Ба ин навъи чорабиниҳо муҷозотҳои маъмурӣ низ дохил мешаванд, ки  дар чорчӯбаи «Қонун дар бораи  меҳнат» дида баромада мешаванд. Ҳар фарҳанг ва сохти ҷомеа  ҳамон арзишҳоеро мепазиранд ва афзалият мебахшад,  ки  ҷавобгӯи  манфиатҳои иҷтимоии онҳо мебошанд. Ҳар мардуми дунё  ба таври  худ иерархияи  арзишҳои фарҳангии худро муайян мекунанд.  Масалан, арзиши муҳимтарин барои мардуми Ғарб — озодӣ  ва барои мардуми Шарқ – эҳтироми калонсолон ба шумор меравад. Ин иерархия хусусиятҳои  ҳар фарҳангро муайян мекунад.

Мувофиқи назарияи фаъолият фарҳанг – василаи фаъолияти одамон ва  тариқати (технологияи) фаъолият  мебошад. Чунин тафсири фарҳанг аз К.Маркс оғоз ёфтааст. К.Маркс фарҳангро чун ҷабҳаи фаъолияти инсон мешуморад, ки дорои шаклҳои  моддӣ ва маънавӣ мебошад. Намояндагони дигари назарияи фаъолият Каган  дар асараш «Фаъолияти инсон» ба фарҳанг тарзу усул, воситаҳо ва маҳсули фаъолиятро дохил менамояд. Дар ин назарияи маърифат ҷузъҳои фаъолиятро ба  чунин қисматҳо  ҷудо мекунанд: субъекти фаъолият, объекти фаъолият, ашёи фаъолият, усулҳо ва воситаҳои ба амал овардани фаъолият. Назарияи фаъолият барои зоҳир намудани алоқамандии ҷузҳои фарҳанг ва  нишон додани он чун  системаи том,  барои муайян кардани сарчашмаҳо, қувваҳои ҳаракатдиҳанда ва зиддиятҳои  он имконият медиҳад.  Ҳар мардум бо тарзу усули гуногун бо ҳам  муошират мекунанд, кор ва зиндагӣ мекунанд,  фаъолияти онҳо хусусиятҳои хоси фарҳангиро ба худ  мегиранд. Баъзан дар чорчӯбаи ин назария фарҳанг чун соҳаи фаъолияти эҷодӣ муайян мегардад

Фарҳанг – фаъолияти фаъоли эҷодии одамон дар азхудкунии олам ва муҳити атроф  аст, ки дар ҷараёни он арзишҳои моддӣ ва маънавӣ истеҳсол ва истифода  гашта, ташаккули одам чун субъекти фаъолияти фарҳангӣ  ба вуҷуд меояд. Он чун замина ва шарти зарурии зиндагии инсон баромад мекунад. Ҳар як инсон қобилияти ба ҳар навъи  фаъолият ва муносибатҳои иҷтимоӣ ворид шуданро дорост. Танҳо вақте ки инсон дониш, тарзу усул, арзишу меъёр, воситаю малакаҳои навъи муайяни фарҳанги фаъолиятро аз худ мекунад, ӯ дар ҷомеа барои иҷро намудани ягон  вазифаи иҷтимоӣ лаёқат пайдо мекунад ва метавонад, ки  аъзои  ҷомеа гардад. Ҳар қадар фарҳанги аз худ кардаи инсон ҳаматарафа бошад, маданияташ баландтар шуда, ба муносибатҳои иҷтимоӣ дохил шудани ӯ натиҷабахш мегардад. Азхудкунии фарҳанг – воситаи муҳими иҷтимоишавӣ  ва омили асосии лаёқатмандӣ  фаъолнокии шахс дар ҷомеа мебошад. Хусусияти иҷтимоикунонии фарҳангро ба назар гирифта, онро ченаки иҷтимоӣ ва меъёри  одамият  дар инсон мешуморанд. Фақат фарҳанг қодир аст, ки дараҷаи одамият –одамгарии» ҳар шахсро муайян кунад, нишон диҳад, ки то чӣ андоза инсон аз ҳолату тинати  ҳайвонӣ дур  шуда, ба маънавиёт наздик шудааст. Фарҳанг – ченаки  одамият дар  одам мебошад. Фарҳанг ҳастии миллат аст.


Назарияи аксиологи ва назарияи  фаъолият оид ба шархи фарханг

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣМафҳуми фарҳанг, моҳият ва вазифаҳои он
БаъдӣМасъалаи муносибати фарҳанг ва тамаддун