Зудҳаракатии иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик

Зудхаракатии ичтимои дар чомеаи муосири точик.


Дар хусуси сохтори иҷтимоии ҷомеаи муосири тоҷик сухан ронда, бояд қайд намуд, ки нисбати ҷомеаи мо истифодаи назарияи табақабандии иҷтимоӣ, ки сотсиологҳои ғарбӣ пешниҳод намудаанд, бештар мувофиқ аст. Истифодаи назарияи марксистии иҷтимоӣ-синфии ҷомеа нисбати ҷомеаи муосири тоҷик бо чанд далел қобили қабул нест. Яке аз сабабҳои қобили мавриди истифода набудани ин назария дар ҷомеаи мо дар он ифода меёбад, ки назарияи мазкур хоси ҷомеаҳои синфии ғуломдорӣ, феодалӣ ва сармоядорист. Сониян, ҷомеаи мо ба қарибӣ аз домани ҷомеаи ба ном сотсиалистӣ раҳо гардида ва дар он унсурҳои ҷомеаҳои синфии на феодалӣ ва на сармоядорӣ ҳукмрон нестанд. Яъне, дар ҷомеаи мо воситаҳои истеҳсолот, махсусан замин, чун ҷомеаи мо ҷомеаи аслан аграрист, ба ягон синфи махсус тааллуқ надорад ва аз ин рӯ, аҳли ҷомеаи моро тибқи таърифи ленинии синфҳо тақсимбандӣ кардан нашояд. Гузашта аз ин зимни баррасӣ намудани сохтори иҷтимоии ҷомеаи мо бояд ба инобат гирифт, ки замин, ки яке аз унсурҳои асосии воситаҳои истеҳсолот ба шумор меравад, бо ташаббус ва пешниҳоди сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 75000 гектар ба аҳли ҷомеа тақсим карда шуд. Ҳамзамон баъд аз пароканда шудани низоми шуравӣ шакли пешинаи хоҷагидорӣ низ аз байн рафту ба ҷои он тибқи қонунгузории нав хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил шуданд. Ташкил шудани хоҷагиҳои деҳқонӣ низ вобаста ба фаъолияти мардум дар хоҷагиҳои пешин, яъне колхозу совхозҳо сурат гирифт. Хулоса, барои тақсим намудани аҳли ҷомеаи мо ба ду синфи зид на асосҳои ҳуқуқӣ вуҷуд доранд ва на асосҳои амалӣ.

Умуман вақте дар хусуси сохтори иҷтимоии ҷомеаи муосири тоҷик сухан меронем, бояд ба инобат гирем, ки дар ин самт дастуру нишондодҳои сардори кишвар Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҳалкунанда доранд. Яъне, сохтори иҷтимоии ҷомеа аз ҳадафҳои пешгирифтаи сиёсати иҷтимоии давлат бармеояд. Қобили зикр аст, ки Президенти кишвар зимни суханронии хеш дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд: «Ташаккули инсони ҳамаҷониба инкишофёфта, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ , ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои неку созандаи милливу умумибашарӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад»[1]

Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир дар кишвари мо силсилаи корхонаҳои хурду миёна пайдо шуда истодаанд, ки ин раванд аз дигаргун гардидани сохтори иҷтимоии ҷомеаю суръат гирифтани раванди гузариши иҷтимоӣ дарак медиҳад. Падидаи дигаре, ки дар сохтори иҷтимоии ҷомеаи мо наметавонад чашмнорас бошад, ин ташаккул ёфтани табақаи сохмончиёни бинокори баландихтисос аст. Бояд эътироф намуд, ки саҳми ин табақа дар ободии кишвар сол ба сол афзуда, сатҳи тахассуснокии онҳо зиёд шуда истодааст. Падидаи дигари мусбие, ки дар солҳои охир равшан ба чашм мерасад, афзудани нақш ва мақоми зан дар ҷомеаи соҳибихтиёри кишвар аст. Дар раванди мазкур зарур аст, ки саҳми сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид гардад. Президенти кишвар қариб дар тамоми суханрониҳои хеш қайд менамуданд, ки занони кишвар ҳар чӣ бештар бояд ба ҳам гуна соҳаҳои ҳаёти кишвар ҷалб шуда, фаъолнокӣ нишон диҳанд. Зарурат ба таъкид аст, ки маҳз дар асоси пешниҳодҳои сардори давлат дар хусуси ҷалб намудани занони болаёқат дар идоракунии кишвар шумораи занон дар тамоми сатҳҳои идоракунии кишвар ба маротиб афзуд. Мо имрӯз бараъло мушоҳида менамоем, ки дар донишгоҳҳои кишвар шумораи донишҷӯдухтарон низ нисбат ба солҳои пешин хеле афзудааст, ки дар ин самт низ талошҳои сардори давлат беназир мебошанд. Зеро сардори давлат зимни сафарҳои хеш ба ноҳияҳои дурдаст аз духтарони деҳот даъват ба амал меоварданд, ки ба мактабҳои олӣ дохил шуда, соҳибмаълумот гарданд. Маҳз бо мақсади дастгирии ҷавондухтарону ҷавонписарони деҳот дар самти соҳибмаълумот гардонидани онҳо дар низомии таҳсилоти олии кишвар бурсияи президентӣ ташкил гардид. Маҳз ҳамин сиёсати пешгирифтаи давлат, махсусан дастгириҳои сардори давлат аст, ки имрӯз дар ҷомеа муносибати ҷавонон ба илму таҳсил дигаргун гардида, шумораи ҷавонони соҳибилму соҳибмаълумоти ҷавобгӯи сатҳи байналхалқи афзуда истодааст, ки ин падидаи мусбӣ низ маҳсули сиёсати пешгирифтаи сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Вобаста ба ин мавзӯъ сардори давлат дар яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд: «Мо роҳи қатъии эҳёи маънавиёт, аз худ кардани навгониҳои фарҳангию сиёсии асри XX ва ҳазораи сеюмбунёди давлати ҳуқуқию демократиро, ки ба ҳаёти динии аҳолӣ дар асоси хосияти дунявии он озодии комил медиҳад, пеш гирифтаем»[2] .

Умуман, вақте дар хусуси сохтори иҷтимоии ҷомеаи тоҷик, махсусан табақабандии иҷтимоию зудҳаракатӣ дар ҷомеа сухан меронем, бояд ба инобат гирем, ки чун ҷомеаи мо аз ҷумлаи ҷомеаҳои рӯ ба тараққӣ маҳсуб меёбад, унсурҳои сохтори иҷтимоию равандҳои марбут ба зудҳаракатии иҷтимоӣ ба сатҳи мазкури пешрафти ҷомеа мувофиқат менамоянд. Новобаста аз душвориҳои гуногун дар кишвар ба таври умум раванди гузариши иҷтимоӣ бо суръати баланд идома дорад, ки ин ҳолат дар зина ба зина ба таври мунтазам зиёд шудани афроди соҳибмаълумот, афзун гардидани сатҳи фаъолнокии занон, баланд шудании сатҳи накӯаҳволии мардум, зиёд шудан дарознокии миёнаи умри аҳолӣ, зиёд шудани мардуми босарват, афзудани шумораи ашхоси хидматрасону пайдо шудани соҳаҳои нави хизматрасонӣ ва ғайра ифода меёбад.


[1] Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.16-уми ноябри соли 2013.

[2] Тоҷикистон: таҷрибаи таърих ва дурнамои пешрафт.Андешаҳо дар остонаи даҳсолагии истиқлолият//Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикистон:даҳ соли истиқлолият, Ваҳдати Миллӣ ва бунёдкорӣ. Ҷилди 3.-Душанбе :Ирфон. 2011.саҳ.646.


Мавзӯи пурра » Мавзӯи 6. Сохтори иҷтимоии ҷомеа

ҚаблӣНазарияи табақабандии иҷтимоӣ ва зудҳаракатии иҷтимоӣ (социальная мобильность)
БаъдӣМавзӯи 7. Низоъҳои иҷтимоӣ: пайдоиш ва тарзи ҳалли онҳо