Иҷрои кӯки ришта ба пеш барои намуна. Кӯки қаткунӣ. Кори амалии №20

Ичрои куки ришта ба пеш барои намуна. Куки каткуни. Кори амалии №20


Таҷҳизот: сӯзани сӯрохиаш калон, қайчӣ, ришта, ҷадвал, қалам.

Воситаҳои ёрирасон: ангуштпона, сӯзанак.

Рафти кор. Барои матои тунук читро намуна гирифтан мумкин аст. Дар ин вақт масофаи кӯк 0, 5 – 1 см мешавад.

Ин кӯкро ёд гиред.

Кӯки пайвасткунанда бо намуди кӯки ришта ба пеш.

Рафти кор: Қисмҳо барои намуна.

Аз матоъ ду пора барои дарозиаш 15 см, бараш 10 см (ё 12 см – 8 см) буридан лозим аст.

Рафти кор: Тарафи рости пораи дуюми ченакаш якхеларо ба рост гузошта, аввал бо сӯзанак маҳкам кунед, баъд дӯзед. Васеъгии чок аз о, 5 см то 2 см, шумораи қадам дар 1 см – 4 – 5-то.

Рафти кор: Иҷрои кӯк. Кӯк бо фосилаи аз 0, 5 см то 1 см дӯхта мешавад.


Кӯки қаткунӣ

Вобаста ба сохти матоъ намуди қаткунӣ ҳар хел мешавад. Кӯки пайвасткунандаи ду пора. Кӯки қаткунии ноаён дар вақти дӯхтани бари доман, нӯги остин ва ғайра истифода мешавад.

Аз тарафи чапи кӯк қат карда, қати намоёни матоъ бо кӯки дастӣ дӯхта мешавад, ки он қариб ноаён аст. Васеъгии қаткунӣ аз 0, 5 то 4 – 5 см.

ҚаблӣДарз ва кӯкҳои дастӣ
БаъдӣИҷрои дарзи қаткунии ноаён. Кори амалии №21