Интизоми меҳнатӣ ва ҷавобгарии интизомӣ

Интизоми мехнати ва чавобгарии интизоми


1. Интизоми меҳнатӣ гуфта – низоми муайяни рафтори иштирокчиёни меҳнати коллективиро меноманд, ки дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо тавассути фароҳам овардани шароити зарурии ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, усулҳои мӯътақид сохтан, ҳамчунин ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавӣ таъмин мегардад.

Қатъи назар аз шаклҳои моликият ва доираи фаъолият интизоми меҳнат тартиботи зарурие мебошад, ки барои амалӣ гардонидани ҳама гуна меҳнати якҷоя истифода бурда мешавад. Ҳар як корманд пеш аз он, ки ба кор медарояд бояд бо қоидаҳои тартиботи дохилӣ, оиннома ва низомномаҳо шинос шавад ва он вазифадор аст, ки тартиботи дохилии меҳнатиро риоя намояд.

Тартиботи дохилии меҳнатӣ гуфта, қоидаи рафтор, амал кардани якҷояи коркунони корхона, муассиса, ташкилотро дар рафти ба амал баровардани фаъолияти меҳнатӣ меноманд. Корфармо дар навбати худ вазифадор аст, ки интизоми меҳнатӣ ва истеҳсолиро таъмин карда, аз рӯи қонунгузории ҳуқуқи меҳнатӣ амал кунад. Корфармо ҳуқуқ надорад, ки аз корманд ғайри вазифаи меҳнатии ӯ иҷроиши дигар корҳоро талаб кунад. Агар корҳое, ки ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шарафи корманд хатар дошта, ӯро паст мезанад иҷро намудани он ғайри имкон аст.

мехнат, мехнати чисми ва фикри

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2. Ҳавасмандгардонӣ. Корфармо ҳуқуқ дорад дар мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандони ташкилот низоми гуногуни мукофотонидан, ҳавасмандгардонии музднок ва иловапулиро муайян намояд.( моддаи 101 КМ ҶТ). Барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ, дар рӯзҳои ид ва истироҳат мукофод аз рӯи музди яккаратаи нархномаи вақти корбайъ ё аз рӯи меъёри тарифии яккарата ҳисоб карда мешавад. (моддаи 105КМ ҶТ).

Яке аз чораҳои таъмини интизоми меҳнатӣ чораҳои ҳавасмандгардонии кормандон ба шумор меравад, ки чораҳои зерини ҳавасмандгардонии корман­донро фарқ кардан мумкин аст: муокофотонидан, сарфароз гардонидан бо тӯҳфаи қимматбаҳо, ҷой намудани сурат дар лавҳаи фахрӣ ва амсоли инҳо. Ба ғайр аз чораҳои мазкури таъмини интизоми меҳнатӣ, инчунин усулҳои таъмини интизоми меҳнатиро фарқ кардан мумкин аст, ки онҳоро ба таври зерин гурӯҳбандӣ кар­дан мумкин аст: усули (методи) боваркунонӣ ва ҳавасмандгардонӣ. Барои комёбиҳои кор, барои кори бардавом ва бенуқсон, навоварӣ дар меҳнат ва дигар дастовардҳои корӣ корфармо аз чунин тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ истифода мебарад:

– эълони раҳматнома;

– додани мукофотпулиҳо;

– мукофотонидан бо тӯҳфаи пурқимат;

– сарфароз гардондан бо ифтихорнома;

– навиштани ном дар лавҳаи ифтихорӣ ё дар дафтари ифтихорӣ.

Оиди тартиботи дохилимеҳнатӣ дигар чораҳои ҳавасмандкунию, қадркунӣ пешбинӣ шуданаш мумкин аст. Кормандон барои хизматҳои махсусан шоёнашон баҳри ҷомеа ва давлат тибқи конунгузориҳои ҶТ бо мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.

3. Ҷавобгарии интизомӣ гуфта, таҳти маҷбурияти давлатӣ иҷро кардани ӯҳдадориҳои ҳуқуқи меҳнатӣ, ки бо Кодекси меҳнатии ҶТ барои ҷавобгарии ҳуқуқӣ муқаррар шудааст, фаҳмида мешавад. Ба таври дигар ҷавобгарии интизомӣ ин як намуди ҷавобгарии ҳуқуқие мебошад, ки бо баробари содир намудани кирдори ғайриинтизомӣ сар мезанад.[1]

Дар асоси қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду на­муди асосии ҷавобгарии интизомӣ вуҷуд дорад: 1. умумӣ; 2. махсус.

Ҷавобгарии ин­тизомии умумӣ чунин ҷавобгариест, ки аз тарафи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст. Ҷавобгарии интизомии махсус бошад аз тарафи оиннома ва низомномаҳои интизомӣ пешбинӣ карда мешавад. Ҳангоми татбиқи чораи ҷазои интизомӣ аз корманд ба таври хаттӣ баёнот талаб карда меша­вад. Аз додани баёнот саркашӣ намудани корманд иҷрои ҷазои кирдори инти­зомиро боз намедорад. Мӯҳлати муҷозоти интизомӣ пас аз гирифта шудани ҷазои интизомӣ як сол давом меёбад.

Чораҳои ҷазои интизомӣ нисбати ҳуқуқвайронкунандагон бо тартиби татбиқи қонуни меҳнатӣ инҳоянд:

– сарзаниш (огоҳӣ);

– танбеҳ ( танбеҳи сахт);

– аз вазифа озод кардан барои ҳаракатҳои гунаҳкоронаи корманд.

Чораҳои ҷазои интизомӣ аз рӯи нишондоди қонунҳои ҶТ, оинномаҳо ва низомномаҳои интизомӣ ба баъзе гурӯҳи коркунон дода мешавад. Ҳангоми иҷроиши чораи танбеҳи интизомӣ, дараҷа ва ҳолати кордори содиркардаи корманд кору рафтори ӯ ба инобат гирифта мешавад. Кор­фармо вазифадор аст, ки нисбати кормандонаш шароити зарурии истеҳсолотро фароҳам оварад. Ҳангоми ошкор гардидани кирдори интизоми меҳнати аз тарафи корфармо чораҳои ҷазои интизомӣ дар давоми як моҳ андешида мешаванд. Дар ҳолати акс вай ҳуқуқ надорад пас аз гузаштани як моҳ нисбати корманд чораҳои ҷазои интизомиро татбиқ намояд. Ба фармон (амр) ё қарори татбиқи ҷазои интизомӣ эълон карда шудаи корманд, ӯ дар зераш имзо мегузорад.

Барои як кирдори ғайриинтизомӣ фақат як ҷазои интизомӣ дода мешавад.


[1] Н.Шонасриддинов, Р.Бозоров. Ҳуқуқи меҳатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.(қисми умумӣ), Душанбе.2006. -С. 163-176.


Калидвожаҳо: хукуки мехнати, ҳуқуқи меҳнатӣ, хукук, ҳуқуқ, мехнат, меҳнат, donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, интизоми мехнати, чавобгарии мехнати

ҚаблӣМафҳум ва намудҳои вақти кор ва истироҳат
БаъдӣМафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзӣ