Шоҳигарии миёнаи Миср

Мубориза барои муттахидкунии Миср. Хочаги ва тичорат. Истилогарихои фиръавнхои шохигарии миёнаи Миср. Пурзуршавии хокимияти номарххо. Мисрро забт кардани Гиксосхо. Aз “Китоби мурдахо”. Сохтмони ахромхо. Шохигарии миёнаи Миср.


Шоҳигариҳои Миёнаи Миср солҳои 2400 – 1580 п.а.м. арзи вуҷуд доштанд.

Мубориза барои муттаҳидкунии Миср

Дар ин давра дар Миср фиръавнҳои сулолаҳои IX – XIII ҳукмронӣ кардаанд ва баъди парокандагӣ зарурати муттаҳидшавии Миср ба миён омад. Ин корро дар Мисри Шимолӣ шаҳри Гераклиопол ва дар Мисри Ҷанубӣ шаҳри Фиви иҷро карда метавонист, чунки аз ҷиҳати хоҷагӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ мувофиқтар ва нисбат ба шаҳру минтақаҳои дигари Миср пурқувваттар буданд. Гераклиопол дар чорроҳаи тиҷоратие воқеъ гардида буд, ки Мисрро ба резишгоҳи дарёи Нил, минтақаи ғарбии Миср ва нимҷазираи Сино мепайваст.

Маркази Мисри ҷанубӣ – Фиви низ мавқеи хеле мувофиқ дошт. Дар ин ҷо ҳам чор роҳи тиҷоратии муҳим бо ҳам мепай васт, иртиботи Мисрро бо вилоятҳои гуногуни Нубия ва роҳи Фивиро ба Баҳри Сурх таъмин мекард.

Расми 42. Манзараи набард бо иштироки фиръавн
Расми 42. Манзараи набард бо иштироки фиръавн

Гераклиопол бар зидди вилоятҳои ҷудоихоҳи Миср якумин шуда ба мубориза бархост. Дар баробари рӯ ба таназзул ниҳодани ҳокимияти марказии Миср Гераклиопол пурзӯр шудан гирифт. Ҳокимони ин вилоят ҳаракат мекарданд, ки тамоми Мисрро ба зери ҳокимияти худ дароранд.

Асосгузори сулолаи IX фиръавни Гераклиопол Хати Мари Ибра мебошад. Ӯ тавонист, ки ҳам Мисрро муттаҳид созад ва ҳам забткориҳои фиръавнҳои шоҳигарии Мисри қадимро идома диҳад. Вале бо сабаби на он қадар пурқувват будани худ Хати Мари Ибра аз уҳдаи ин кор баромада натавонист. Ба ҳокимони пурзӯршудаи Мисри Ҷанубӣ муяссар гардид, ки ба Гераклиопол дастболо шаванд. Ментухотеп ном шоҳи Фиви тамоми Мисрро ба зери ҳокимияти худ даровард.

Хоҷагӣ ва тиҷорат

Дар замони ҳукмронии фиръавнҳои сулолаҳои XI – XIII Миср аз нав ба давлати марказиятнок табдил ёфт. Дар ин давра киштукор ва ҳолати обёрии заминҳо беҳтар шуд. Ҷӯйҳои нав кофта шуданд. Дар вилояти Сиут ҷӯйи калоне кофта шуд, ки тавассути он ва шадуфҳо заминҳои ноҳияҳои воқеъ дар баландиҳо обшор гардиданд.

Дар замони ҳукмронии Аменомхети III, ки ба сулолаи XII мансуб аст, Миср аз нав рушд кард. Кишоварзӣ дар тамоми қаламрави Миср рӯ ба инкишоф ниҳод. Ин вақт дар Миср биринҷӣ васеътар истифода бурда мешуд. Аз осбобҳои кории нисбат ба олатҳои кории мисӣ сермаҳсултар сохта мешуданд. Бо шарофати биринҷӣ косибӣ ба муваффақияти калон соҳиб шуд. Бофандагӣ, заргарӣ, коркарди чӯб, аз он тайёр кардани масолеҳи сохтмон, рӯзгор ва сохтани киштӣ боз ҳам пеш рафт. Баъзе шаҳрҳои куҳна васеъ шуда, шаҳрҳои нави ободу зебо ҳам ба вуҷуд меомаданд.

Расми 43. Сарбозони Нубия
Расми 43. Сарбозони Нубия

Пешрафти хоҷагӣ ба рушди тиҷорати Миср мусоидат кард. Тоҷирони мисрӣ молҳояшонро тавассути киштиҳо ва корвон ба мамлакатҳои хориҷӣ бурда мефурӯхтанд. Робитаҳои тиҷоратии Миср бо мамлакатҳои ҳамсоя ва аз онҳо ҳам дуртар торафт мустаҳкамтар мешуданд. Ба хориҷа маҳсулоти кишоварзию косибӣ бароварда, аз он ҷо намак, сангҳои қиматбаҳо, рустанӣ, чӯб, чарм, паранда ва ғайра меоварданд. Дар катибаҳои мисрии онвақта дар бораи робитаҳои тиҷоратӣ бо мамлакате, ки Пунт ном доштааст, маълумоти зиёд мавҷуд аст. Бостоншиносон аз шаҳри имрӯзаи Кахун ашёе ёфтаанд, ки аз ҷазираи Кипр оварда шудаанд.

Истилогариҳои фиръавнҳои шоҳигарии миёнаи Миср

Дар байни катибаҳое, ки ба фиръавнҳои ин давраи Миср тааллуқ доранд, амру фармонҳои зиёде низ ҳастанд, ки дар бораи лашкаркашиҳои онҳо бар зидди Нубия ва вилоятҳои ҷануби Сурия нақл мекунанд. Ин давлатҳо аз тилло ғанӣ буданд.

Аменомхет ба Нубия лашкар кашида, баъзе вилоятҳои онро забт мекунад. Вориси ӯ Сенусерт ҷангҳои истилоъгаронаи Аменомхетро идома дода, то Вади Хелфа рафта мерасад. Сенусерти I ба Нубия лашкар кашида, ғалаба мекунад.

Лашкаркашии калонтарини истилогаронаро фиръавн Сенусерти III анҷом додааст. Дар давоми шоҳигарии худ ӯ ба Нубия чор маротиба лашкар кашида, қисми зиёди онро ишғол карда, дар он ҷо қалъаҳое бунёд кардааст, ки вайронаҳояшон то имрӯз ҳам боқӣ мондаанд. Ин қалъаҳо мебоист сарҳадҳои нави Мисрро муқаррар ва муҳофизат менамуданд. Дар ибодатхонаҳои мисрии Нубия Сенусерти III ҳамчун ҳомии ин вилоят тасвир ёфтааст.

Расми 44. Дастаи низомиён
Расми 44. Дастаи низомиён

Пурзӯршавии ҳокимияти номархҳо

Аз тарафи фиръавнҳои Фиви муттаҳид карда шудани Миср иқтид ори ашрофи номархро заиф кард. Аз навиштаҷоти деворҳои он замон маълум мегардад, ки номархҳои ашроф дорои мулкҳо ва моликияту одамони зиёде буданд, ҳуқуқ доштаанд, ки онҳоро мерос гузоранд. Аз ҳамин сабаб дар катибаи шоҳигарии миёнаи Миср ибораҳои “хонаи падарам” ё ки “мулки падарам”-ро бисёр вохӯрдан мумкин аст.

Дар давраи ҳукмронии фиръавнҳои сулолаи XIII дар байни ашрофи номархӣ ва ҳокимияти марказӣ ихтилоф ба амал омад. Фиръавнҳое, ки Мисрро муттаҳид карданӣ буданд, мехостанд номархҳои саркашро ба доираи салоҳияти ба онҳо додашуда дароранд. Аз ҳамин сабаб фиръавнҳои ин сулола сарҳадҳои қадимаи байни номархиҳоро аз нав барқарор карданд. Аз сарчашмаҳои замони шоҳигарии миёнаи Миср бармеояд, ки дар байни ҳудудҳои номархиҳо, ҳамчун нишонаи сарҳад сангҳои махсус гузошта шуда буданд.

Расми 46. Асирон
Расми 46. Асирон

Мисрро забт кардани Гиксосҳо

Ба номархиҳои алоҳида парокандашавии шоҳигарии миёнаи Миср оқибатҳои хуб надошт. Маълум буд, ки ҳокимияти фиръавнҳо ниҳоят суст шудааст ва дар сурати зарурӣ онҳо ба ёрии номархҳо омада наметавонистанд. Аз ин омили манфии барои истилогарон мувофиқ қабилаҳои гиксосҳо хуб истифода бурданд. Ба онҳо муяссар гардид, ки аввал номархиҳои алоҳида ва баъд тамоми Мисрро ишғол кунанд. Бо ҳамин шоҳигарии миёнаи Миср ба охир расид. Миср истиқлолияти худро аз даст дод. Гиксосҳо дар Миср қариб 200 сол ҳукмронӣ карданд.

Сарчашма. Aз “Китоби мурдаҳо”. Сохтмони аҳромҳо

Хеопс мамлакатро ба доми қашшоқӣ ва разолат кашид. Ӯ пеш аз ҳама фармуд, ки ҷойҳои муқаддасро банданд ва қурбоникуниро манъ кард. Баъд ҳамаро маҷбур сохт, ки ба фоидаи ӯ кор кунанд. Ҳамин тариқ як гурӯҳ одамон вазифадор буданд, ки аз конҳои санг шикании нимҷазираи Арабистон пораҳои бузурги сангро ба ҷониби дарёи Нил кашонанд (аз дарё сангҳоро тавассути киштиҳо мегуза рониданд). Гурӯҳи дигари одамон вазифадор буданд, ки онҳоро то кӯҳҳои Либия кашола карда биёранд. Ин корро сад ҳазор нафар бе танаффус, дар ҳар се моҳ як маротиба якдигарро иваз намуда, иҷро мекарданд. Дар тӯли даҳ сол ба халқи мазлум лозим омад роҳеро созад, ки тавассути он ин пораҳои сангҳо кашонда шаванд, коре, ки ба андешаи ман, мисли сохтмони худи аҳром бузург аст. Охир роҳ дорои 5 стадий дарозӣ ва 10 оргий бараш, нуқтаи баландтаринаш 8 оргийро ташкил мекард. Он бо сангҳои тарошидаи кандакоришуда оро ёфта буд. Сохтмони оромгоҳҳои зеризаминӣ дар теппае, ки аҳромҳо қомат рост кардаанд, 10 сол тӯл кашид. Дар яке аз аҳромҳои дар ҷазирае бунёдёфта Хеопс оромгоҳи худро сохта, баъд то ба кӯҳ ҷӯйи Нил ро кофт (ба воситаи ин ҷӯй сангҳои тарошида ба майдони сохтмони аҳром интиқол меёфтанд. ( Шарҳи Т. Зиёзода). Сохтмони худи аҳром сол давом кард. Вай чор паҳлу дорад, ки ҳар кадоми онҳо 8 плефр бар ва ҳамин қадар баландӣ дошта, аз сангҳои хуб тарошидашудаи ба ҳамдигар зич васлкарда бино ёфтааст. Дарозии ҳар як санги аҳром на камтар аз 30 фут буд.

ҚаблӣШоҳигарии Мисри қадим
БаъдӣШоҳигарии нави Миср