Исмҳои сода – исмхои сода (забони точики)

Исмҳои сода / содда – исмхои сода (забони точики / тоҷикӣ)


Исмҳое, ки танҳо аз як реша иборатанд, исмҳои сода номида мешаванд. Чунончи: китоб, гул, дарахт, падар, модар, кӯҳ ва ғ. Чунин каклимаҳо дар шаклу сохти дигар низ дучор мешаванд: хона, хонае, хонаҳо, хонача, хонам, хонаро, хонагӣ, хонавор, яъне, ба калимаҳои сода морфемаҳои шаклсоз мечаспанд.


Машқи 1. Матнро хонед. Исмҳоеро нависед, ки танҳо аз реша иборатанд.

Дирӯз аз автобус фаромадан замон дар чорраҳаи деҳа ба Далер вохӯрдам. Ӯ маро самимона ба оғӯш кашид ва якбора ба шикоят кардан оғоз кард, ки то кай дар шаҳри калон мегардӣ, хондан бас, мӯйҳои сар рехт, сафед шуд, аз кампиру мӯйсафед дур будан нағз не. Ба ростӣ, зери хиҷолат мондам ва шояд барои дигар сӯ кашидани риштаи суҳбат, лаҳзаи гулчиниро ба ёдаш овардам. Ӯ даме ба хаёл рафт, сипас даст афшонда, ба як бачаи ба худаш ниҳоят монанд, ки сумкаи ҷигарӣ дар даст, тарафи мактаб равон буд, ишора карду чеҳрааш шукуфон шуд.

Абдулҳамид Самадов

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Машқи 2. Порчаҳои шеъриро қироат кунед ва гӯед, ки исмҳои сода чӣ гуна тағйири шакл кардаанд.

Агар ёбад рафиқат сарбаландӣ,
Ҳасад бар вай мабар, гар ҳушмандӣ!

Алишоҳи Роғиби Самарқандӣ


Мӯрчагон гар бикунанд иттифоқ,
Шери жаёнро бидаронанд пӯст.

Ҷавоне гуфт: «Эй пири дилогоҳ,
Чӣ гум кардӣ, ки хам гаштӣ дар ин роҳ?»
Ҷавобаш дод пири хуштакаллум:
«Ки айёми ҷавонӣ кардаам гум».

Саъдии Шерозӣ

Луғат:

  • ҳасад –рашк, нотавонбинӣ
  • жаён –хашмгин, зӯрманд
  • хуштакаллум –хушсухан

Савол ва супориш

  1. Дар порчаи охир чаро баъзе ифодаҳо дар дохили нохунак омадаанд?
  2. Мазмуни байтҳоро шарҳ диҳед.

Сохти исм

ҚаблӣСохти исм (грамматикаи забони тоҷикӣ)
БаъдӣИсмҳои сохта – Исмхои сохта (грамматикаи забони тоҷикӣ)