Шаҳрсозӣ дар асрҳои XI-XIII

Дар давраи ҳукмронии туркон чунин анъана ба расмият даромада буд, ки ҳар як хону амир кушиш мекард, ки тавассути шаҳрсозиҳо номи худро дар дунё абадӣ гардонад. Онҳо дар ободу зебо гардонидани Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Марв, Тирмиз, Нишопур, Ҳирот, Балх, Ғазна, шаҳрҳои Насаф, Кеш, Ҳулбук ва ғайра саҳмгузор буданд.

Ин шаҳрҳо дорои қасру боргоҳҳои бошукуҳ бозору дуконҳои савдогарон, раста ва гузарҳои ҳунармандон, гулгашту хиёбонҳо, ҳаммому гармобаҳои зиёд, қубурҳои обгузар, биноҳои зебои ҷамъиятӣ, хонаҳои муаззами арбобон, тоҷирон, сармоядорон, масҷиду мадрасаҳо, хонаҳову корвонсаройҳо ва ғаира буданд. Яке аз шаҳрҳои азими асрҳои XI-XII Самарқанд буд, ки аз шаҳр ва мавзеи атрофи шаҳр иборат буд ва дар он ҷо гузару маҳаллаҳои тоҷирону ҳунармандон ҷойгир буданд. Дар маркази шаҳр аъёну ашроф, руҳониён, тоҷирон, сарватмандон, олимон, арбобон зиндагӣ мекарданд. Сатҳи Бухоро 600-650 гектар, Самарқанд 630 гектар заминро ташкил медод. Да асри ХI дар Бухоро 70 ҳазор, дар Самарқанд 150 хазор ва дар Тир миз 50-70 ҳазор аҳолӣ иқомат мекарданд. «Манораи калон»-и дар нимаи якуми асри XII сохташуда, ба шаҳри Бухоро шукӯҳи тоза мебахшид. Шаҳрҳои сарзамини мо аз шаҳрҳои Аврупо хубтару сераҳолитар буданд. Масалан, соли 1199 дар Лондон 40 ҳазор аҳолӣ ва дар асри XIII дар Париж 120 ҳазор кас истиқомат доштанд.

Шаҳрҳои Осиёи Миёна дар асрҳои XI- XII бо ёрии қубурҳо ва ҷуйҳои аз хишту сафол сохташуда бо оби нушокӣ таъмин карда шуда, хонаҳо бо қубурҳои сафолини зерифаршии аз хишт бунёд шуда гарм карда мешуданд. Чунин усули гармидиҳӣ дар Варахша, Ҳулбук ва дигар шаҳрҳо ҷой дошт.

Ҳунар ва истеҳсоли зарфҳои кулолгарон ривоҷ ёфт. Зарфҳои сафолин хеле мунаққаш ва бо рангҳои гулоб, сурхча, сабз, сафед, зард ва нилгун сир дода, ба фуруш бароварда мешуданд. Ба теъдоди зиёд лаълиҳо, коса, пиёла, офтоба, чароғдонҳо тайёр карда мешуданд. Устоҳои моҳир болои зарфҳо расми гулу гиёҳҳо, кабутару товус ва дигар паррандаҳоро тасвир мекарданд. Анъанаҳои аз шиша сохтани зарфҳо, оинаи тирезаҳои замони Сомониён дар асри XI- XII низ идома дошт. Марказҳои ин ҳунарҷуӣ пештара Самарқанд, Марв, Тирмиз, Ҳулбуқ Фарғона буданд. Аз оҳан ва чуян офто­ба, дег, чарогдон ва лавозимогу зарфҳои зиёд тайёр карда ме­шуд. Гилемҳои ранга, матоъҳои алоча, шохӣ, парча дар марказҳои бофандагии Марв, Балх, Нишопур, Ҳирот, Тирмиз, Бухоро, Кеш, Самарқанд, Ҳулбук тавлид мешуданд. Коркарди пуст ва аз он тайёр кардани кафш, муза ва маҳсиҳои хиром, чорук (муки), зину афзоли аспу шутур, машку кутволхо, гилофу тасмаҳо ва ғайра ҳунари писапдидаи сокинони кишвар буд. Чун дар замонҳои пеш коғази истеҳсоли Самарқанд дар асри XI- XII ҷаҳониёнро ба ҳайрат оварда буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Инкишофи шаҳрҳо ва дастовардҳои кишоварзон, ҳунармандон, чорводорон дар асри XI-XII боиси инкишофи муносибатҳои тиҷоратӣ ва муомилоти молию пули гардиданд. Бозорҳои Мовароуннаҳру Хуросон пур аз молҳои тавлидотии косибону ҳунармандони маҳаллӣ ва воридотии кишварҳои хориҷӣ буданд. Тоҷирон ба Осиёи Миёна бештар молҳои чиниворӣ, либоси гарм, ҷавоҳирот, руймолҳо оварда, аз ин ҷо ба хориҷа шоҳӣ, парча, алоқа, корд, шамшер, зарфҳои гуногуии сафолин, меваи хушқ пусти карокулӣ ва дигар молҳоро мебароварданд. Дар бозорҳои ноҳиявӣ ва маҳаллӣ бештар маводи хурока, чорво, меваю сабзавот, маҳсули заҳмати косибон, ниҳолу хадрачаҳои дарахтон ба фуруш бароварда мешуд.

Инкишофи савдои дохилӣ ва хориҷӣ талаботро ба пул зи­ёд намуд. Сиккаҳои ғазнавӣ ва салҷуқӣ дар ҷануби Тоҷикистону Узбакистон ва Туркманистон паҳн гардида буд. Сиккаҳои қарахонӣ ва хоразмӣ бошад бештар дар шимоли ин кишварҳо ёфт шудаанд. Дар муомилоти дохилӣ бештар тангаҳои нуқра ва дар савдои хориҷӣ тангаҳои тиллоӣ дар гардиш буданд. Курби пули нуқра ва тиллои Осиёи Миёна дар бозори ҷаҳонӣ баланд буд ва ба ин сарзамин аз хориҷа молҳои зиёду хушсифат ворид мешуданд.


Шахрсози дар асрхои XI-XIII