«Ғарибӣ» ё худ «Ғарибнома»

Таронаҳои «Ғарибӣ» ва «Ғарибнома»-ҳо навъи суруданд, ки дар мавзӯи бекасиву танҳоӣ, ғарибиву ҷудоӣ эҷод гардидаанд. Асоси пайдоиши чунин таронаҳо муҳити зиндагист. Дар гузашта ва ҳоло низ мардумон аз нодориву бенавоӣ тарки ёру диёр карда барои дарёфти маблағе муддати зиёд дар мусофирату ғарибӣ мезистанд. Бисёр ғарибон дар мулки барояшон бегона, дур аз ёру диёр бо дили пурармону чашмони интизор ҷон медоданд.

Инчунин хонед:

Шеърҳои ғарибӣ барои ғарибон

Чунин ҳодисаву воқеаҳо сабаби ба вуҷуд омадани як силсила таронаҳои «Ғарибӣ» дар эҷодиёти даҳонакии халқ ва адабиёти хаттӣ гардид.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

«Ғарибӣ»-ҳо дар шаклҳои гуногуни шеър – рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, мухаммас, маснавӣ эҷод шудаанд. Махсусан, рубоиёти ғарибӣ бештар суруда шудаанд, дар онҳо эҳсоси аҳволи шахси ғариб, изтироби ёру дӯстон ва хешу ақрабои ӯ ифода ёфтаанд:

Мусалмонон, дар ин шаҳри шумоем,
Ғарибу бекасу беошноем.
Чилимро пур кунед баҳри мусофир,
Ки имшаб инҷаву фардо куҷоем?!

Аксарияти амсилаҳои таронаҳои «Ғарибӣ» ва «Ғарибнома»-ҳо, ки дар адабиёти хаттиву шифоҳии форсу тоҷик хеле бисёранд, матлаи зайлро доранд:

Ғарибӣ кӯйи сахт аст, эй бародар,
Ғарибонро наку дору маёзор.

Мавзӯи ғарибӣ дар адабиёти хаттии форсу тоҷик фаровон ба назар мерасад ва ғазали машҳури Камоли Хуҷандӣ намунаи олии он аст:

Дил муқими кӯйи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб…
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб.

Дар таронаҳои «Ғарибӣ» меҳру муҳаббати беандозаи халқ нисбат ба ёру диёр, ба дӯсту ақрабо ва нафрату адоват нисбат ба ҷамъияту муҳит, ки одамонро ба кӯйи мусофириву ғурбат меандозад, ифода ёфтааст.

Дар адабиёти шифоҳӣ ва хаттии даврони муосир асосан дар ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ, ки қисме аз ҳамватанони мо ба кишварҳои ҳамсоя фирор карда буданд, суруду таронаҳои фаровони «Ғарибӣ» ба вуҷуд омада буданд. Ҳатто дар рӯзгори мо пайдо шудани тарона – суруди зайл сурати ин падидаи ногувор аст:

Эй мусофирбачаи саргардони тоҷик
Наврӯз мерасад.
Дар базми Ватан боз биё,
Ҷойи ту холист!

Шеърҳои ғарибӣ барои ғарибон


«Гариби» ё худ «Гарибнома», гариби дар адабиёт, гариб, шеърхо оиди гариби, гариб дар адабиёти точик.

ҚаблӣТарона (дар адабиёт)
БаъдӣҒарибӣ кӯйи сахт аст…

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед