Ибора (дар забони тоҷикӣ)

Ибора чист?

Ду ва ё зиёда калимаҳои мустақилмаънои ба ҳам алоқаманд ибора номида мешавад.

Дар ибора як калима (ҷузъ) асосӣ ва дигаре тобеъ аст. Савол ҳамеша дар калимаи асосӣ меафтад: китоби хуб, бинои мактаб, аз кор баргаштан, беҳтарин талаба, хона рӯфтан.

Агар дар ибора калимаи асосӣ феъл бошад, калимаи тобеъ ба он ба воситаи пешоянду пасояндҳо ё ба тартиби калима алоқаманд мешавад: ба мактаб рафтан, иншо навиштан, калонсолонро ҳурмат кардан…


Масалан:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бачагӣ вақти беғамӣ, айёми ширин ва болаззат, давраи аҷоиби зиндагии инсон аст. Ин навбаҳори умри кас чунон пурнашъа, чунон гуворо ва чунон фараҳбор аст, ки одам, ҳатто онро ёд карда истода шоду беғам мегардад. Ҳоло ки синну соли ман ба як ҷо рафта мондааст, баъзан агар аз чизе хафа шуда, бори гарони ғамро аз худ дур карда натавонам, айёми ҷавониро ба ёд меорам. Ҳамин ки аз пардаи хаёлам нақши дилкаши он айём гузашт, сабук ва беғам мешавам.

Ҷалол Икромӣ


 Луғат:

  • нашъа – кайф, хушҳолӣ
  • гуворо – форам

Ибора дар забони точики

ҚаблӣСинтаксис (наҳв) ва аломатҳои китобат
БаъдӣҶумла (дар забони тоҷикӣ)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед