Катори ростболхо, баробарболхо ва нимсахтболхо. Катори ростболхо. Катори баробарболхои хартумдор. Катори ганданафасакхо (нимсахтболхо).
Қатори ростболҳо
Ин яке аз қаторҳои калони ҳашарот буда, зиёда аз 20 000 намудро дар бар мегирад, ки аз ин зиёда аз 140 намудаш дар Тоҷикистон вомехӯрад. Онҳо дар тамоми дунё ба шароитҳои мухталифи муҳити зист мутобиқ шудаанд. Ростболҳоро ба гурӯҳи малахҳои саҳроӣ, малахҳои боғӣ, чирчиракҳо, гӯсоласаракҳо (медведка) ҷудо мекунанд (ба расми 98 нигаред). Аз ин гурӯҳҳо аз ҳама хавфнокаш барои хоҷагии қишлоқ малахҳои саҳроӣ ба ҳисоб мераванд. Аз малахҳои саҳроии Тоҷикистон 10-12 намудашон хеле зараровар мебошанд. Онҳо, асосан, дар водиҳо ва доманакӯҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Марказӣ паҳн шудаанд. Аммо баъзе намудҳои зараррасонашон (малахи сайёри осиёгӣ) дар қаторкӯҳҳои Ҳисор дар баландии то 2000 м аз сатҳи баҳр, малахи марокашӣ дар кӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ дар баландии то 1900 м ёфт шудаанд. Аз ҷиҳати хусусияти биологӣ ва рафторашон малахҳои саҳроиро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: малахҳои села ё селаҳосилкунанда ва малахҳои ин гуна қобилият надошта. Селаи малахро, асосан, се намуд ҳосил мекунад: малахи сайёри осиёгӣ, малахи итолиёвӣ ва малахи марокашӣ.
Баҳори соли 2008 ва солҳои минбаъда дар бисёр ноҳияҳои водии Вахш, Ҳисор ва вилояти Суғд малахи итолиёвӣ ва малахи марокашӣ ба соҳаи кишоварзӣ зарари калон ворид карданд. Онҳо зимистонро дар фаза (давра)-и тухмӣ аз сар мегузаронанд. Тухмро дар кӯзача (ба узви тухмгузори малах монанд) дар зери хок мемонанд (ба расми 98 нигаред). Ҳамроҳи тухм модина моеи кафкмонанд ҷудо карда, заррачаҳои хокро дар гирди тухм ширеш мекунад ва кӯзача ҳосил мешавад. Баҳор аз тухмҳо малахҳои ҷавон баромада, 4-5 бор пӯст мепартоянд ва андозаашон калон мешавад. Дар як сол як бор насл медиҳанд.
Мубориза ба муқобили малахро, пеш аз ҳама, аз макони ҷойгиршавии тухмҳои он ва роҳ надодан ба паҳншавии малах сар кардан лозим аст. Дар ноҳияҳое, ки малах пайдо мешавад, ташкил кардани хоҷагиҳои мурғпарварӣ, махсусан мурғи марҷон аз аҳамият холӣ нест. Узви даҳонии малахҳо хоянда буда, хӯрокашон рустанӣ аст. Дар боли пешашон рагҳои барқад доранд, боли қафо бодбезшакл аст. Малахи саҳроӣ аз малахи боғӣ бо мӯйлабҳои кӯтоҳаш фарқ мекунад. Малахи боғӣ, баръакси малахи саҳроӣ, нафақат рустанӣ, балки ҳашарот (масалан, кирминаи гамбӯски колорадоӣ)-ро низ мехӯрад. Наринаи малахҳои саҳроӣ ва чирчиракҳо тавассути бо ҳам совидани болҳояшон садо мебароранд. Садои наринаи малахи саҳроӣ дар вақти сойиш додани пойи қафо ба бол ба амал меояд.
Қатори баробарболҳои хартумдор
Ин қатор зиёда аз 30 000 намуд дорад. Ба ин қатор ғайр аз ширинчаҳо, сикадаҳо, псиллидҳо (ё кайкҳои барг), сафедболакҳо ва коксидия (коксида ва сипаракдорҳо) мансубанд. Ҳама намояндаҳои ин қатор узви даҳонии халандаю маканда дошта, фақат шираи барг, муғча, навда ва пояи рустаниҳои гуногунро макида, ба хоҷагии қишлоқ зарари калон мерасонанд. Онҳо дар хартумашон чор қили дарози халанда дошта, ба воситаи онҳо ба пӯсти рустанӣ халида, шираи онро мемаканд. Андозаи бадани онҳо, ба истиснои сикадаҳо аз 5-10 мм хурдтар мебошад.
Дар навдаҳои ҷавони дарахт, бутта ва рустаниҳои алафӣ тӯдаи ширинчаҳоро (шакарак) дидан мумкин аст (ба расми 98 нигред). Ширинча ҳашароти майда буда, рангаш дар бисёр маврид сабз аст. Ширинча шираи рустаниро мемакад. Узви даҳонии ширинча дарози хартумчашакл буда, халандаю маканда аст. Нарина ва модинаи ширинчаҳо дуҷуфтӣ боли шаффоф доранд (ба расми 98 нигаред). Дар Тоҷикистон зиёда аз 400 намуди ширинча, 400 намуди сикада, 200 намуди кайки барг, 230 намуди коксидҳо, 10 намуди сафедболак маълум аст. Дар байни онҳо ширинчаи хунини себ, ширинчаи калони пахта зараррасони хавфнок буда, онҳо шираи барг ва навдаҳои ҷавонро мемаканд ва ба нобудшавии рустанӣ сабаб мешаванд.
Қатори ганданафасакҳо (нимсахтболҳо)
Баҳор дар буттаю дарахтҳои мухталифи боғу ҷангал ҳашаротеро мебинед, ки вай бӯйи бад мебарорад. Ин сангпуштаки сабзи ҷангалӣ аст (ба расми 103 нигаред). Дар вақти саёҳат дар болои оби ҳавз ё кӯл ҳашароти дарозпойро дидан мумкин аст, ки он обченкунак аст. Сангпуштакҳои ҷангалӣ ва обченкунакҳо намояндагони қатори ганданафасакҳо мебошанд. Дар дунё 40 ҳазор намудашон вомехӯранд, ки ба 33 оила дохил мешаванд. Нимсахтболҳоро аз ҷиҳати тарзи хӯрокхӯриашон ба зараррасон ва фоидаовар ҷудо мекунанд. Ба намудҳои фоидарасон нимсахтболҳои даранда дохил шуда, ҳашароти гуногун, тухм ва кирминаи онҳоро мехӯранд.
Намудҳои зараррасонашон бошад, ба зироатҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ зиён оварда, онҳо шираи рустаниҳоро мемаканд. Дар Тоҷикистон ба зироатҳои ғалладонагӣ сангпуштаки зараррасон, ба пахта ва юнучқа сангпуштаки ҷангалӣ зарар мерасонад.
Дар ҷумҳурии мо зиёда аз 700 намуди ба ин қатор мансуб ба қайд гирифта шудааст. Онҳо ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар об вомехӯранд. Намуди дигар, ки ба дарахтони мева (себ, нок, биҳӣ, гелос, олу ва ғайраҳо) зарар мерасонад, сангпуштаки себ аст. Сангпуштакҳо шираи рустаниро мемаканд. Узви даҳонии онҳо халандаю маканда буда, ду ҷуфт бол доранд. Шавзод, ки хуни одам ва ҳайвонро мемакад ва дар хонаҳои истиқоматӣ зиндагӣ мекунад, ба ин қатор дохил аст (расми 103).
Тестҳо
1. Малах ба кадом қатори ҳашарот мансуб аст?
А) ба қатори тӯрболон; Б) ба қатори ростболон; В) ба қатори баробарболон; Г) ба қатори пулакчаболон.
2. Ширинча ба кадом қатори ҳашарот дохил мешавад?
А) ба қатори сахтболон; Б) ба нимсахтболон; В) ба қатори баробарболдорони хартумдор; Г) ба қатори ростболон.
3. Обченкунак ба кадом қатори ҳашарот дохил мешавад?А) ба қатори сахтболон; Б) ба қатори нимсахтболон; В) ба қатори баробарболдорони хартумдор; Г) ба қатори ростболон.
4. Намояндагони қатори баробарболдорони хартумдор даҳони халандаю маканда доранд, онҳо чиро мемаканд?
А) хуни одамро; Б) хуни ҳайвоноти гармхунро; В) шаҳди гулро; Г) шираи рустаниҳоро.
5. Наринаи малахҳои саҳроӣ чӣ гуна аз худ садо мебароранд?
А) тавассути садопарда; Б) тавассути бо ҳам совидани пои қафо ба болҳо; В) тавассути ба ҳам задани пойҳо; Г) тавассути ларзонидани шикам.



















