Қатори шабушкҳо. Катори шабушкхо

Қатори шабушкҳо. Катори шабушкхо.


Шабушк муфтхӯри беруни бадани ҳайвонҳои ширхӯр ва инсон мебошад (расми 102).

Расми 102. Шабушки одам
Расми 102. Шабушки одам

Узви даҳониаш халандаю маканда аст. Онҳо вобаста ба шакли зиндагии муфтхӯриашон болро гум кардаанд. Дар пойҳои бақувваташон барои доштани мӯй ва нахи либос нохун доранд. Дар дунё 150 намуди шабушк маълум аст. Андозаи баданашон аз 0,4 то 6 мм аст. Тухми шабушкро ришк меноманд. Дар давоми умраш шабушк то 300 тухм мемонад. Касалии тифро паҳн мекунад. Дар одам шабушки сар ва либос маълум аст. Роҳи мубориза бо шабушк, пеш аз ҳама, риояи тозагӣ мебошад.


Муфассал >> Қаторҳои маъмулии синфи ҳашарот

ҚаблӣҚатори термитҳо. Катори термитхо
БаъдӣҚатори ростболҳо, баробарболҳо ва нимсахтболҳо