Шеър дар бораи Точик ва точикам – тоҷик

Шеърҳо дар васфи Точикам ва точики Тоҷик ва тоҷикӣ аз сомонаи  Donishju.net

навруз дар Точикистон

Номи тоҷик як ҷаҳони дигар аст,
Тоҷиконро илмӣ маънӣ зевар аст.
Ҳикмат ар хоҳӣ, биё бингар,ки чун,
Ин заминро осмони дигар аст.

Мавлавӣ андар ҷаҳони форсӣ,
Шоиронро чун амири лашкар аст.
Байти ӯро дар забон орӣ чӣ хуш
Шаҳди ӯ дар комҳо чун шаккар аст.

Шеъри оламгири Ҷомиро бихон,
Ҷоми ҷам ифшои рози дигар аст.
Рӯдакӣ дар шеъри хуби тоҷикӣ,
Бенасибу бемисол,Ӯ сарвар аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳазрати Иқбол он донои роз ,
Бе муҳобо вориси пайғамбар аст.
Бӯалӣ Сино табиби нуктадон,
Чун табиби миллали баҳру бар аст.


Ман намозамро ба номат мегузорам, тоҷикӣ
Ифтихорам тоҷики дору надорам, тоҷикӣ.

Атромезу фараҳафзо ҳавои кишварам,
Лафзи ширину забони ширадорам, тоҷикӣ.

Дар саховат офтобам дар тараҳҳум мисли абр,
З-оташи суғдӣ ба ҷонам қӯра дорам, тоҷикӣ.

Дӯст ояд хоки пояш тӯтиё созам ба чашм,
Нури дида тоҷи сар бошад шиорам, тоҷикӣ.

Рӯзӣ шодӣ ман намедонам кӣ омад бо кӣ рафт,
Дар азоям дӯстонро мешуморам, тоҷикӣ.

Худ намехӯрам, вале ояд ба дидорам ҳабиб,
Ҳар чӣ дорам рӯи хонам мегузорам, тоҷикӣ.

Аҳли сомонам, мусулмонам имонам комил аст,
Аз худои хештан уммедворам, тоҷикӣ.

Ваҳдати миллат таманнои дили Меҳринисо,
Ин башорат шӯълаи санги мазорам, тоҷикӣ!!!!


Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме
Шӯрише андар ҷаҳон ояд ҳаме.

Аз нажоди поки Ҳушанги бузург
Ҳушмандони ҷавон ояд ҳаме.

Пури Сосон бори дигар зинда гашт
Ҷунбиши Сомониён ояд ҳаме.

Аз Хуросони бузурги мардхез
Родмардони замон ояд ҳаме.

Аз дари Юмгон то Кобулистон
Сад дуруд аз осмон ояд ҳаме.

Ҳей бузи Юмгон шодон гузин
Пури покат меҳмон ояд ҳаме.

Балх боме сар бикаш бар осмон
Шоҳи Исфанди ҷавон ояд ҳаме.

То бикӯбад бар даҳони мор дӯш
Кова бо кеши Каён ояд ҳаме.

То бимояд пӯзиши душман ба хок
Рустам аз Зобулистон ояд ҳаме.

Яъқуби лайсӣ мо аз Сиистон
Бо дирафши Ковиён ояд ҳаме.

Гирди мо он некноми каҷкулоҳ
Дар бари мо ҷовидон ояд ҳаме.

Устоди Тӯс он фарзона мард
Назди мо Шоҳномахон ояд ҳаме.

Борбад бигрифта тору барбадаш
Назди шоҳ шефтагон ояд ҳаме.

Ҳофизу Хайём масту мулкашон
Сӯйи Суғди бостон ояд ҳаме.

Рӯдакӣ устод дар форсӣ
Чанг дар даст чангзанон ояд ҳаме.

Шоҳ Исмоил гирди рӯзгор
З-он замон бо ин замон ояд ҳаме.

Пидром шод бошу дер зӣ
Аз ту фари эзадон ояд ҳаме.

Шоираи ҷавони Хуросон (Афғонистон) Ҳена Осмонӣ


Сарнавишти қисматам аз хоки Турон тоҷикам,
Зодаи машриқзамин аз хоки Хатлон тоҷикам.

Хонаи ман куҳ гашту санги хоро бистарам ,
Қуллаҳо гаҳвораам тифли куҳистон тоҷикам.

Рудакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ , коҳи назм афрохтанд,
Осмони назмро шамъи фурузон тоҷикам.

Намнами сабту суруд, гуяд шакар лабҳои ман,
Саъдию Хофиз Хилолии газалхон тоҷикам.

Ҳамчу Восеъ ҳакгую хамчу Айни хакпараст,
Гарчи сар дар зери дору банди зиндон тоҷикам.

Дустиро месароям хамчу Мирзо бо шараф,
Осиёро бо сурудам карда бустон тоҷикам.

Ман ба хони ҳеҷ кас дасти тамаъ нагзоштам,
Дар қаноат Хизрам бо пораи нон тоҷикам.

Ҳарзагуро таърихам бо нони ҳақ кураш кунад,
Гарчи сад иғво фурушад ғайри имкон тоҷикам.

Ҳамчу Помир сарбаланд будам ва хастам то абад,
Хонадони шарқро шамъи шабистон тоҷикам


tajik tojik таджик точик тоҷик

Ғазал/шеър дар бораи Тоҷик

Эй ҷамъи ҳунарварони тоҷик,
Гулдастаи бӯстони тоҷик,

Аз мост хушомадеду таъзим
Бар мақдами дӯстони тоҷик.

Дар мулки ҳунар шумо рабудед
Гӯйи сабақ, аз ҷаҳони тоҷик.

Пайдост, ки завқи кор дорад
Дар меҳани худ ҷавони тоҷик.

Пеш аз ҳама расми дилбариро
Омӯхт магар занони тоҷик?

Он ҷост, ки Рӯдакӣ ҳаметофт
Чун меҳр дар осмони тоҷик,

Он ҷост, ки моми Бӯалиро
Парвард дар ошёни тоҷик,

Он ҷост, ки парварад Алишер-
Он булбули гулситони тоҷик.

Лоҳутиву Мирзову Айнист
Аз зубдаи шоирони тоҷик.

Ҳар лаҳза дуруд мефиристам
Бар рӯҳи суханварони тоҷик.

Паймони садоқат асту пайванд
Бо мо зи ҳунарварони тоҷик.

Дерест, ки дӯстиву меҳр аст
Моро ба бародарони тоҷик.

Мулзим, бахудо, ки дӯст дорад,
Аз нушлабӣ забони тоҷик!


Мардуми тоҷик бо тоҷи Каёнаш зинда бод,
Бо чунин фарҳанги волову забонаш зинда бод!

Номи тоҷик ҷовидон бо шеърҳои Рӯдакӣ,
Бо ҳама соҳибдилони ҷовидонаш зинда бод!

Сарзамини Тоҷикистон гарчӣ бошад кӯҳсор,
Бо тамоми ганҷҳои Зарфишонаш зинда бод!

Вахшу Хатлону замини Суғд бодо бегазанд,
Ҳам Бадахшону Ҳисори Шодмонаш зинда бод!

Бо Самарқанду Бухоро реша андар бостон,
Беш аз ин, бо Душанбеи ҷавонаш зинда бод!

Чун ҷаҳон моро шиносад бо ҳамин шеъри баланд,
Ин Ватан бо мардуми сарводахонаш зинда бод!

Кӯҳзоди Фатҳулло

Мунозира бо хар (Қонуни харият)


Шеъри точики, шеър дар бораи тоҷик, шеър дар васфи точикам точик, тоҷик кист?, шеърхои точики барои точикон, газал дар бораи точик, бо забони точики.

ҚаблӣХазинаи маърифат – Андеша
БаъдӣДар баёни одоби панду насиҳат