Технологияи иттилоотӣ

Равандҳои иттилоотӣ ба воситаи технологияҳое пеш мераванд, ки онҳоро технологияҳои иттилоотӣ мегӯянд. Мафҳуми «технологияи иттилоотӣ» (ТИ) ҳамрадифи мафҳуми англисии Information Technology (IT) мебошад. Тавре медонем, технологияи иттилоотиро технологияи компютерӣ низ мегӯянд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Калимаи «технология — techne» юнонӣ буда, маънояш маҳорат, санъат, тавоноӣ, ухдабароӣ ва кордонӣ мебошад.

Технологияҳоро шартан ба ду намуд чудо мекунанд: моддӣ ва иттилоотӣ. Ин технологияҳо ба ҳамдигар ҳам монандӣ ва ҳам аз якдигар тафовут доранд. Тарзи амалишавии технологияҳои моддӣ ва иттилоотиро бо ҳамдигар муқоиса кардан мумкин аст.

Таҳти мафҳуми технологияи истеҳсолоти моддӣ раванде фаҳмида мешавад, ки он тавассути маҷмӯи воситаҳо ва усулҳои коркарду истеҳсол ва тағйирдихандаи вазъу хосиятҳо ва шакли захираҳо ба маҷро медарояд ва онҳоро ба маҳсулоти моддӣ табдил медиҳад. Технологияи истеҳсолоти моддӣ сифат ва вазъи аввалаи модда, захира ё маводро дигаргун месозад.

Иттилоот ҳамчун яке аз арзишмандтарин захираҳои ҷомеа дар қатори пурбаҳотарин захираҳои табиӣ, аз қабили нафт, газ ва дигар канданиҳои фоиданок қарор дорад. Аз ин рӯ раванди коркарди иттилоотро низ ба мисли раванди коркарди ин захираҳои моддӣ технология мегӯянд.

Технологияи иттилоотӣ равандест, ки бо истифода аз маҷмӯи воситаҳо ва усулҳои коркарду интиқоли додаҳо ва иттилооти аввала, барои ба даст овардани иттилооти сифатан нав пешбинӣ шудааст.

Агар хадафи асосии технологияи истеҳсолоти моддӣ истеҳсоли маҳсулоти моддии талаботи инсонро конеъкунанда бошад, он гол хадафи технологияи иттилоотӣ истеҳсоли иттилоотест, ки дар асоси он қарори идорӣ қабул карда мешавад.

Давраҳои инкишофи технологияҳои иттилоотиро шартан ба шаш марҳала таксим мекунанд:

  • марҳалаи 1-ум (то нимаи дуюми асри XIX) — технологияи иттилоотии «дастӣ». Сахтабзори ин марҳала қалам, рангдон, китоб, воситаҳои одитарини ҳисоббарори дастӣ;
  • марҳалаи 2-юм (аз охири асри XIХ то солҳои 40-уми асри ХХ) — технологияи «механикӣ». Сахтабзори ин марҳала мошини чопкунии механикӣ, фонограф, арифмометр, телеграф, телефон, диктофон, почта;
  • марҳалаи 3-юм (аз солҳои 40-ум то 60-уми асри ХХ) технологияи иттилоотии «барқӣ». Сахтабзори ин марҳала мошинҳои электронии ҳисоббарори (МЭҲ) лампавӣ ва таъминоти барномавии ба онҳо мувофиқ, мошинҳои чопкунии барқӣ, телетайпҳо (телексҳо), дастгохҳои нусхабардорӣ (ксероксӣ), диктофон, магнитофонҳои портативӣ;
  • марҳалаи 4-ум (солҳои 70-ум ва мобайни солҳои 80-уми асри ХХ) технологияи иттилоотии «электронӣ». Сахтабзори ин марҳала мошинҳои электронии ҳисоббарори калон ва бар пояи онҳо офарида шудани системаҳои худкори идорӣ ва системаҳои иттилоотӣ-ҷустуҷӯӣ бо маҷмӯи васеи барномаҳои пойгоҳӣ ва махсусгардонидашуда;
  • марҳалаи 5-ум (аз миёнаи солҳои 80-уми асри ХХ) – технологияи нави иттилоотии «компютерӣ». Сахтабзори ин марҳала — компютерҳои фардӣ ва маҷмӯи васеи маҳсулоти барномавии стандартӣ ва фармоишии таъйиноташон гуногун;
  • марҳалаи 6-ум (аз миёнаи солҳои 90-уми асри ХХ) технологияи навини «Internet/Intranet». Сахтабзори ин марҳала системаҳои компютерӣ бо вақти тақсимшуда, шабакаҳои компютерии маҳаллӣ, минтақавӣ ва саросарӣ.

Асоси технологияҳои иттилоотии муосирро нармабзори (маҳсулоти барномавии) он ташкил медиҳад. Ба сифати нармабзори ТИ ҳама гуна барномаҳои маъмули таъйиноти умумро дохил кардан мумкин аст: протсессорҳои (виросторони) матнӣ, протсессорҳои графикӣ, системаҳои нашриявии болоимизӣ, ҷадвалҳои электронӣ, барномаҳои рунамосоз, браузерҳо, забонҳои барномарезӣ, системаҳои идоракунии пойгоҳи додаҳо, дафтарҳои ёддошти электронӣ, тақвимҳои электронӣ, системаҳои ташхисӣ, системаҳои иттилоотии таъйиноташон функсионалӣ молиявӣ, муҳосиботӣ, маркетингӣ ва ғайра.

Нармабзори технологияи иттилоотӣ маҳсулоти барномавиест, ки он имконияти амалигардонии хадафҳои гузошташударо муҳайё месозад.

Технологияҳои иттилоотӣ фарогири тамоми захираҳое мебошанд, ки онҳо барои идоракунии иттилоот равона гардидаанд. Ба ин гуна захираҳо, пеш аз ҳама, компютерҳо, нармафзорҳои ба онҳо мувофиқ ва шабакаҳо дохил мешаванд, ки онҳо барои сохтан, нигоҳ доштан, идора кардан, паҳн намудан ва ҷустуҷӯ кардани иттилоот пешбинӣ шудаанд.

Дар замони мо шабакаҳои гуногуни интиқоли додаҳо мавриди истифода қарор доранд. Ин шабакаҳо одатан аз маҷмӯи дастгоҳҳои канории алоқавӣ (терминалҳо) иборатанд, ки онҳо бо хатҳои интиқоли додаҳо ва таҷҳизоти васлкунанда (гиреҳҳои шабака) муттаҳид гардонида шудаанд. Хатҳо ва гиреҳҳо табодули иттилоотро байни терминалҳо таъмин менамоянд.

Бештар ду намуди шабака телефонӣ ва компютерӣ мавриди истифода аст.

Шабакаи телефонӣ шабакаест, ки дастгоҳҳои канории алоқавии он табдилдиҳандагони одии сигнали барқӣ ба возеҳӣ-шунавоӣ ва баръакс мебошанд.

Шабакаи компютерӣ шабакаест, ки дастгохҳои канории иртиботии он компютерҳо мебошанд.

Усули асосии пайвастан ба Интернет — ин истифодабарӣ аз модеми ба шабакаи телефонӣ (усули борикхат) васлшуда мебошад. Гарчанде ин усул дорои ҳама гуна функсияҳои зарурии корбарӣ бошад ҳам, аксар истифодабарандагони Интернет дастрасии усули паҳнхатро афзалтар мешуморанд. Мафҳуми паҳнхат таҷассумгари доираи васеи технологияҳое мебошад, ки онҳо суръати баланди интиқоли додаҳо ва дастрасӣ ба шабакаи Интернетро таъмин менамоянд. Дар ин технологияҳо асосан аз сим ё торҳои нахӣ-нурӣ истифода мебаранд.

Иттилоот, Технология ва Дониш

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед