Нидо чист? Маълумот дар бораи НИДО

Нидо — гурӯҳи калимаҳоест, ки маънои луғавӣ надоранд,ҳиссиёти ботиниву зоҳирӣ ва иродаи гӯяндаро ба нутқи ҳамсуҳбат ва предмету ҳодисаҳои олами воқеӣ ифода менамоянд.

Нидо бо имою ишорат ва оҳанг (интонатсия) зич марбут аст.Ҳамин тавр, ҳиссаи нутқе, ки ҳаяҷону ҳиссиёти гуногун ва изҳори иродаро ифода мекунад, нидо номида мешавад.

Ба гурӯҳи нидоҳои эмотсионалӣ пеш аз ҳама нидоҳои якҳиҷогиву дуҳиҷогии э, о, а, е, и, эҳ, оҳ, уҳ (ӯҳ), у, ай, ҳу, ҳе, уф, во, туф (туфу), воҳ, вой, баҳ, аҳа, оҳо, оббо, ӯббо, эҳе, бай-бай, хуше, ана, мана, ҳӣ-ҳӣ, ура ва ғайра дохил мешаванд. Маънои ин нидоҳо бештар ба воситаи оҳанги гуфтор муайян мегардад.


Мисолҳо

Э, отунҷоне, гап бисёру мову шумо хабар надорем (Фотеҳ Ниёзӣ).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ай ,шумо чӣ хел одамед, ки ба як бор гуфтан намефаҳмед?

Оббо, писараме, гӯр пирӣ шавад,қариб, ки нашиносам- а!-гуфт охир Юнусбобо (Фотеҳ Ниёзӣ).


Калимаҳои зиёде аз ҳиссаҳои дигари нутқ ба нидо гузаштаанд ва ё ба вазифаи нидо истифода мешаванд: ку, мана, ана, не, на (аз ҳиссача), офарин, аҳсан, ҳайф, ҳайҳотраҳмат, хайрият (аз исм), саломат бошед, хайр, муборак бошад, хуш омадед (аз феъл), ҳаргиз, асло (аз зарф), ки (аз пайвандак) ба ин ҳиссаи нутқ гузаштаанд.

Мисолҳо

Аҷабо, ман шунидам, ки вай рафтааст.

Марҳамат кунед, нон хӯред! (Садриддин Айнӣ)

Хайрият, ки харидор нест (Сотим Улуғзода).

ҚаблӣХиссача чист? Маълумот дар бораи ҲИССАЧА
БаъдӣИншо дар бораи ТАБИАТ