Рубоиёти Айнулқузот

Аз рубоиёти Айнулкузот аз сомонаи www.DONISHJU.net >>

Мо марги шаҳодат ба дуо хостаем,
В-онгаҳ ду-се чиз баҳо хостаем:
Гар дӯст чунон кунад, ки мо хостаем,
Мо оташи нафту бурё хостаем.

Чандон ноз аст зи ишқи ту дар сари ман,
К-андар ғалатам, ки ошиқӣ ту бар ман.
Ё хайма занад висоли ту бар дари ман,
Ё дар сари ин ғалат шавад ин сари ман.

Дилтангтар аз даҳони танги ту шудам,
Бориктар аз фусуну ранги ту шудам.
Бемор ман аз беҳуда ҷанги ту шудам,
Дарёб маро, ки ному нанги ту шудам.

Не мояи ишқат, эй дилафрӯз, кам аст,
В-он дар, ки дӣ буд, на имрӯз кам аст.
Дар ҳаҷри ту бо сабр диламро, санамо,
Не сози фузун шудасту не сӯз кам аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

На даст расад ба зулфи ёре, ки марост,
На кам шавад аз сарам хуморе, ки марост.
Ҳарчанд бад-ин воқеа дарменигарам,
Дарди дили оламест, коре, ки марост.

Гаҳ дил ба ду зулфи маҳпарасти ту диҳам,
Гаҳ ҷон ба ду наргисони масти ту диҳам.
Чун аз ту фурӯ монаму оҷиз гардам,
Аз дасти ту ҳам қисса ба дасти ту диҳам.

Андар раҳи ишқ ҳосиле бояду нест,
Дар кӯйи умед соҳиле бояду нест.
Гуфтӣ, ки ба сабр кори ту нек шавад,
Босабр ту донӣ, ки диле бояду нест.

Онро, ки далели ӯ рухе чун маҳ нест,
Ӯ бар хатар асту халқ аз ӯ огаҳ нест.
Аз худ ба худ омадан раҳе кӯтаҳ нест,
Берун зи сари ду зулфи шоҳид раҳ нест.

Эй, бурда дилам ба ғамза, ҷон низ бубар,
Бурдӣ дилу ҷон, ному нишон низ бубар.
Гар ҳеҷ асар намонад аз ман ба ҷаҳон,
Таъхир раво мадор, он низ бубар!

Дишаб, ки будам бо ту, нигоро, бинуҳуфт,
Субҳ аз нафасам намози хуфтан бишукуфт.
В-имшаб, ки шудам бо ғами ҳиҷрони ту ҷуфт,
Гӯё ки фалак бимурду хуршед бихуфт.

Зулф арчи буридаӣ, дароз аст ҳанӯз,
Бо Зӯҳраву Муштарӣ бароз аст ҳанӯз.
Чавгонсифату камонсоз аст ҳанӯз,
В-андар сари ӯ ҳазор ноз аст ҳанӯз!

Ҳар рӯз зи ишқи ту ба ҳоле дигарам,
В-аз ҳусни ту дар банди ҷамоле дигарам.
Ту ояти ҳуснро ҷамоле дигарӣ,
Ман ояти ишқро камоле дигарам.

Дӯш он бути ман даст дар оғӯшам кард,
Бигрифту ба қаҳр ҳалқа дар гӯшам кард.
Гуфтам: Санамо, зи ишқи ту бихрӯшам,
Лаб бар лаби ман ниҳоду хомӯшам кард.

То қиблаи ушшоқи ҷаҳон рӯи ту шуд,
Рӯи буту бутгарон ҳама сӯи ту шуд.
Чавгони сари зулфи ту раҳбон чу бидид,
Ангӯшт бароварду яке гӯйи ту шуд.

Бистурданӣ аст, ончи бингоштаем,
Афганданӣ аст, ончи бифроштаем.
Савдо будаст, ончи пиндоштаем,
Дардо, ки ба ҳарза умр бигзоштаем!

Дар анҷумане нишаста дидам дӯшаш,
Натвонистам гирифт дар оғӯшаш.
Сад бӯса задам бар рухи анбарпӯшаш,
Яъне, ки ҳадис мекунам дар гӯшаш.

Он раҳ, ки ман омадам кадом аст, эй дил?!
То боз равам, ки кор хом аст, эй дил!
Дар ҳар гоме ҳазор дом аст, эй дил!
Номардонро ишқ ҳаром аст, эй дил!

Ишқи ту амир аст кунун бар ҷонам,
Бечора шуда мунтазири фармонам.
Дар қабзаи қудратат асирам акнун.
Чун нест падид, эй писар, дармонам.

Рӯзе ду-се, к-андар ин ҷаҳонам зинда,
Шармам бодо, агар ба ҷонам зинда.
Он лаҳза шавам зинда, ки пешат мирам,
В-он дам мирам, ки бе ту монам зинда.

Чун ишқи ту бенишон ҷамоле дорад,
Дар асли вуҷуди худ камоле дорад.
Ҳар лаҳза тамассулу хаёле дорад,
Ин ишқ дареғо, ки чӣ ҳоле дорад.

Чун аз ту ба ҷуз ишқ наҷӯям ба ҷаҳон,
Ҳиҷрону висоли ту маро шуд яксон.
Бе ишқи ту буданам надорад сомон,
Хоҳи ту висол ҷӯй, хоҳӣ ҳиҷрон.

Дар ишқ ҳадиси Одаму Ҳавво нест,
Эй, ҳар ки зи одам аст, ӯ аз мо нест.
Гӯянд маро. Ки ин сухан зебо нест,
Худро чӣ гунаҳ, агар касе бино нест.

З-аввал, ки бутам шароби софӣ медурд,
Медоду дили маро бад-ин ҳила бибурд.
В-онгоҳ маро ба доми ҳиҷрон бисупурд,
Бозор чунин кунанд бо ғарчаву гурд.

Аз ишқи ту, эй санам, ғамам бар ғам бод,
Савдои туам муқими дам бар дам бод.
Бо оташи ишқи ту дилам маҳкам бод,
Ишқе, ки на қотил аст аслаш кам бод!

Кай бувад, ҷоно, ки оташ андар ин олам занем?
Миллати куфру мусалмонӣ ҳама барҳам занем,
В-он гаҳе аз ҷаннати фирдавсу дӯзах бигзарем,
Хаймаи ҷонон бурун аз кавну кон маҳкам занем.

Бадбахтиро гиреҳ кушудан натавон,
В-аҳвол ба ҳар касе намудан натавон.
Гар чархи фалак баҳраи мо ғам корад,
Шодӣ ба ҳар ҳол дурудан натавон.

Ҳар дам задани фалак дигаргун гардад,
Дил дар бари зиракон ҳаме хун гардад.
З-андешаи он ки бо чунин чун гардад,
Ҳар дун схив ҳар сахӣ дун гардад.

На ман манам, на ту туӣ, на ту манӣ,
Ҳам ман манам, ҳам ту туӣ, ҳам ту манӣ.
Ман бо ту чунонам, эй нигори хутанӣ,
К-андар ғалатам, ки ман туям, ё ту манӣ!?

Оташ бизанам, бисузам ин мазҳабу кеш,
Ишқат биниҳам ба ҷои мазҳаб дар пеш.
То кай дорам ишқ ниҳон дар дили хеш,
Мақсуди раҳӣ – туӣ, на дин асту на кеш.

 

Рубоиети Айнулкузот – Айнул кузот рубои

Андарзҳои Мавлавӣ

ҚаблӣРубоиёти Хокони
БаъдӣАз хуни Сиёвушем … Исмоили Сомони