Мисол ва масъалаҳо оиди тақсими адаҳои натуралӣ

Салом дӯстон ва корбарони сомонаи Donishju.Net. Имрӯз якчанд мисолу масъалаҳоро оиди Тақсими ададҳои натуралӣ меоварем. Ашхосе, ки ба фанни математика ва ҳалли масъалаҳо шавқ доранд, метавонанд ҷавоби мисол ва ё масъаларо дар шарҳ бо нишон додани рақами мисол нависанд. Ашхосе, ки аввалин шуда ҷавоби дурусти мисолеро меёбанд, дар зери мисол ҷавоби дуруст ва номи он шахсро менависем. (Масалан, 10)

1. Фаҳмонед, ки тақсими: а) 16 ба 4; б) 45 ба 15; в) 32 ба 32; г) 0 ба 24 чиро мефаҳмонад.

2. Ададеро аввал 7 маротиба калон карда сипас, 10 маротиба хурд карданд. Дар ҷавоб 28 ҳосил шуд. Он адад кадом аст?


3. Аъзои якуми пайдарпайиро ёбед, агар ҳар як аъзои минбаъда аз аъзои пештарааш 3 маротиба калон буда, аъзои чорумаш 189 бошад.


4. Масоҳати майдони якум 48 га буда, масоҳати майдони дуюм аз он 3 маротиба хурд ва масоҳати майдони сеюм аз масоҳати майдони дуюм 4 маротиба калон аст. Масоҳати якҷояи ҳар се майдон чанд аст?


5. Моҳи аввал завод 245 адад ва моҳи дуюм аз он 85 адад бештар велосипед истеҳсол кард. Дар давоми ду моҳ завод чандто велосипед истеҳсол кард?


6. Муодиларо ҳал кунед:

а) x+75–25=115;

б) 2198–78+x=283;

в) 723+x–73=750;

г) x–357–357=236.


7. Ба 1 га майдони кишт 120 кг поруи минералӣ пошидан лозим аст. Ба се майдони масоҳатҳояшон 2601 га, 3241 га ва 5818 га чӣ қадар поруи минералӣ пошидан лозим?


8. Аз шаҳри Душанбе ва аз шаҳраки Панҷ дар як лаҳзаи вақт ба истиқболи ҳам ду автобус ба роҳ баромаданд. Автобуси аз Душанбе равоншуда бо суръати 55 км/соат ва автобуси аз Панҷ баромада бо суръати 9 км/соат камтар ҳаракат карданд. Агар масофа аз маркази ноҳияи Панҷ то пойтахти Тоҷикистон 202 км бошад, автобусҳо пас аз чанд соат вомехӯранд?


9. Дар як зарф 40 л шир буд. Баъди он ки аз ин зарф 8 л ширашро ба зарфи дигар рехтанд, миқдори шири зарфи якум аз миқдори шири зарфи дуюм 2 маротиба зиёд шуд. Дар зарфи дуюм чӣ қадар шир буд?


10. Агар нархи як дона дафтар 72 дирам бошад, нархи 150 дона дафтар чанд аст? (150*72=108. Ҷавоб: 108 сомонӣ, Маъмурият)

Мисолҳо оиди Муодилаҳо


Мисолу масъалахо аз математика оиди таксими ададхои натурали, саволу чавоби математика таксим, математика бо забони точики.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед