Маълумотнома санадест, ки дар он оид ба фаъолияти шахс, вазъу ҳолати дар зиндагӣ рӯйдода, доир ба фаъолияти меҳнатӣ, таъмини нафақа, миқдори музди меҳнат, даромад, собиқаи кор, вазъи саломатӣ, оид ба таҳсил кардан дар таълимгоҳҳо, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҷойи истиқомат, ҳайати оила, масоҳати манзил ва ғ. дода мешавад. Далелҳое, ки дар маълумотнома сабт меёбанд, бояд аниқ, дақиқ, асоснок, пурра бошанд.
Нуқтаҳои зерин дар маълумотнома акс меёбанд:
- Номи муассисае, ки маълумотномаро медиҳад.
- Шумора ва таърихи рӯзи дода шудани маълумотнома.
- Унвони санад.
- Насаб, ном ва номи падари шахсе, ки ба вай маълумотнома дода мешавад.
- Матлаби (матни) маълумотнома.
- Номи муассисае, ки маълумотнома ба он ҷо пешниҳод мегардад.
- Имзои сардор (роҳбар)-и муассисае, ки маълумотнома медиҳад.
- Муҳр.
Дар баъзе маврид дар корхонаву муассисаҳо шакли тайёри маълумотномаҳои гуногун вуҷуд доранд, ки дар ҷойҳои (сатрҳои) холӣ матлаби зарурӣ навишта мешавад.
Намунаи Маълумотнома (Справка)
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Маълумотнома
№___ ______ (рӯз) ____________ (моҳ) соли 20__
Дода шуд ба _____________________________ (насаб, ном, номи падар) дар хусуси он ки номбурда ҳақиқатан _____________________________ кор мекунад.
Музди меҳнаташ _________________ (миқдор) мебошад.
Маълумотнома барои пешниҳод кардан ба ҷойи дархосткунанда дода шуд.
Сардори Шуъбаи кадрҳо ______________________ (имзо, насаб, ном, номи падар)
Муҳр
Намунаи ин маълумотнома дар шакли расм:
Тарзи навиштани маълумотнома, справка бо забони точики, намунаи маълумотнома, маълумотнома намунахо.