Набзи шарёнӣ

Ҳангоми ҳар маротиба кашиш хӯрдани меъдачаи чапи дил хун бо шаст ба деворҳои маҳками шоҳраг бар хӯрда, онҳоро меёзонад. Ин мавҷи лаппиш ба девори рагҳои шарён зуд паҳн мешавад. Дар ҷойҳое, ки рагҳои шарёни калон дар наздикии сатҳи бадан ҷой гирифтаанд (масалан, дар тарафи дохилии сарпанҷаҳои даст, чаккаҳо, паҳлуҳои гардан ва дигар ҷойҳо), лаппиши мавзуни девори рагҳо ҳис карда мешавад, ки онро набзи шарёнӣ меноманд (расми 52).

Набзи шарёнӣ

Ҳар як зарби набз ба як таппиши дил мувофиқ аст. Аз ҳамин сабаб, адади зарби дилро дар як дақиқа аз рӯйи зарбҳои набз ҳисоб кардан мумкин аст.


Мавзӯи пурра >> Ҳаракати хун дар рагҳо, гардиши лимфа

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣМавзӯъ. Ҳаракати хун дар рагҳо, гардиши лимфа
БаъдӣҲаракати хун дар рагҳои варид