Марги ман чист? – Шеърхо аз Алишери Мухаммади

Шеър аз Алишер Мухаммади, Шеърхо Алишер Муҳаммадӣ, Шеъри Алишери Мухаммади дар ин саҳифа

Марги ман чист?

Марги ман чист?
Чанд рӯзе гиряхҳои носавоби модарам,
Хандаҳову шӯхиҳову тираакси ман ба хоби хоҳарам,
Лаҳзае чанд ашки шўру ҳасрату андӯҳи талх
Бар ҷабини нуқратоби ҳамсарам,
Баъди чанде боз хушҳолию хушгӯйӣ– фаромӯшии ман.

Марги ман чист?
Норасида бар замин афтодани себ аз дарахт,
Номаҳал бар тифлаконам бевафоиҳои бахт,
Даври хона – ёру душман,
Байни хона – мову рахт,
Баъд аз ин танҳоию ман,
То замоне бистари холӣ канори ҳамсарам.

Марги ман чист?
Шеърҳои нимсуруда,
Бӯсаҳои норабуда,
Киштаҳои нодуруда,
Бар замин афтодани як ахтари наҳс аз само,
Роҳ бурданҳои марди хокие сўйи Худо.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Даҳ байти ноб аз Алишер Муҳаммадӣ

1. Дар ҷустуҷӯи мақсад шамъи замона ҳастем,
Ҳамроҳи кӯрдилҳо гарчи равона ҳастем.

2. Гӯянд ба хобаш биҷӯ, ар рӯз наёбӣ,
Аммо чӣ кунам ман, ки шабе хоб надидам.

3. Раҳрав шудаему охири роҳ расид,
Огаҳ шудаему мавсими оҳ расид.

4. Мегурезад ғам аз ин ҷо то биёбони адам,
Офтоби умри кӯтоҳаш лаби бом омада.

5. Дар дилат ҷо кардаам, эй бегунаҳ, рӯзи ҷазо
Молики дӯзах чӣ сон баҳри азобам мебарад?

6. Гуфта будам, даст бардорам зи кори ошиқӣ,
Боз ошиқ мешавам аз пофишориҳои дил.

7. Дил-сорбон, тан-корвон, дар дашти паҳнои замон,
Дар хайли ин оворагон як раҳраве ноқобилам.

8. Дили беишқ ғайри бори тан нест,
Варо манзил ба ҷуз печи кафан нест.

9. Худо аз лабгазиданҳои пурҳасрат нигаҳ дорад,
Таги дандони худ барги лаби гулдона мехоҳам.

10. Ишқи ту маро масҷиду ҳуснат шуда меҳроб,
Мулло шудаму масҷиду меҳроб надидам.


УНВОНИ ОЛӢ

Маро девона мехонӣ,
Зи худ бегона медонӣ.
Аз он, ки ман кунун аз чорчӯби ҷаҳли инсонӣ
Умеди роҳ бурдан сӯи дунёи дигар дорам.
Аз он, ки ман зи қаъри кӯҳи побарҷои нодонӣ
Ба мисли чашма раҳ бар кӯҳу камар дорам.

Маро беор мехонӣ,
Таҷовузкор медонӣ.
Азеро дасти худ бар домани донишу фан бурдам,
Агар дониш чу зан бошад,
Назар бар пайкари урёни зан дӯхтам.
Шумо дар чашм айнак сӯйи ин афтоб мебинед,
Валекин ман,
Ба чашми холӣ сӯйи он назар кардан биёмӯхтам.

Агар девонагӣ ин аст, эй бадгӯ,
Ба ҷон дорам қабулаш ман,
Агар девонаам, табрик бодо бар ман ин унвон.

Вале афсӯс,
Вале афсӯс, лоиқ нестам ҳоло чунин унвони олиро.

ҚаблӣШеъри хачви-лахчави
БаъдӣБандакҳои хабарӣ – Бандакхои хабари

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед