Бандакҳои хабарӣ – Бандакхои хабари

Бандакҳои хабарӣ аз бандакҳои феълӣ бо он фарқ мекунанд, ки онҳо бо исм, сифат, ҷонишин, сифати феълӣ омада, хабари ҷумларо ифода мекунанд ва шахсу шумораи онро нишон медиҳанд.

Шахс Танҳо Ҷамъ
1.

2.

3.

коргарам, хондаам

коргарӣ, хондаӣ

коргар аст, хондааст

коргарем, хондаем

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

коргаред, хондаед

коргаранд, хондаанд

Бандаки хабарии -аст ба ҷуз феъл аз дигар ҳиссаҳои нутқ ҷудо навишта мешавад: омадааст – коргар аст, пешқадам аст.


Пас аз исмҳои бо садоноки и, о тамомшаванда дар бандакҷонишини -ам, -ат, -аш ва бандаки хабарии -ам ба ҷойи ҳарфи а ҳарфи я навишта мешавад: бобоям, доноияш.


Машқ. Латифаҳоро хонед, вазифаю фарқи бандакҳои феълию хабариро муайян кунед.

Хачири Талҳакро бидуздиданд. Яке мегуфт:

-Гуноҳи туст, ки аз паси хачир бохабар нашудӣ.

Гуфт: -Гуноҳи меҳтар аст, ки дари тавила баргузоштааст. Гуфт: Пас, дар ин сурат дуздро гуноҳе набошад.

_____________

Хуросоние бо нардбон ба боғи дигаре мерафт, то мева бидуздад, ногоҳ соҳиби боғ расид ва гуфт:

Гуфт: -Ту дар боғи ман чӣ кор дорӣ?

Гуфт: – Нардбон мефурӯшам.

Гуфт: -Нардбон дар боғ мефурӯшӣ?

Гуфт: -Нардбон аз они ман аст, ҳар ҷо ки хоҳам, мефурӯшам.

Луғат:

меҳтар– калон, бузургтар, муқобили кеҳтар

тавила– ресмони дарозе, ки ба он пойи чанд аспро мебан-

данд; оғил


Бандаки хабарии -аст пас аз як миқдор калимаҳои бо садонокҳо анҷомёфта ихтисор мешавад: кӣ аст- кист, чӣ аст- чист, аз (они) ӯ аст – аз (они) ӯст,  аз мо аст- аз (они) мост.


Машқ. Матнро нависед ва бандакҳои хабариро ёфта, имлояшонро шарҳ диҳед.

Аз ҳакиме пурсиданд:

– Он чист, ки агарчи ҳақ бошад ҳам, гуфтанаш норавост?

Гуфт: – Худро мадҳу сано кардан.

Гуфтанд: – Кадом биност, ки ҳаргиз хароб нашавад?

Гуфт: -Адл.

Суҳбати он кас, ки сидқу сафост,
Домани ӯ гир, ки к-аз аҳли вафост.

ҚаблӣМарги ман чист? – Шеърхо аз Алишери Мухаммади
БаъдӣТахлили таркиби калима