Қатъ кардан ва беэътибор донистани никоҳ

Катъ кардан ва беэътибор донистани никох. Асосхои катъ гардидани никох.


Асосҳои қатъ гардидани никоҳ. Никоҳ ҳамчун иттифоқи ихтиёрӣ, озод ва баробарҳуқуқи байни марду зан аз лаҳзаи дар мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш қувваи ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Баста шудани ақди никоҳ байни зану шавҳар ҳуқуқу уҳдадориҳои муайянеро ба миён меорад, ки қисме аз онҳо ҳатмӣ буда, қисме дар доираи меъёрҳои ахлоқӣ ба танзим дароварда мешаванд. Аз ин лиҳоз қатъ гардидани ақди никоҳ як қатор оқибатҳои ҳуқуқиро ба миён меорад, ки он дар доираи талаботи қонунгузорӣ бояд амалӣ карда шавад.

Бар асоси муқаррароти моддаи 16-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ метавонад дар ҳолатҳои зерин қатъ карда шавад:

  • вафоти яке аз ҳамсарон;
  • аз тарафи суд фавтшуда эълон намудани яке аз ҳамсарон;
  • дар асоси аризаи зан ё шавҳар ва ё ҳар ду тараф, васии зан ва ё шавҳаре, ки суд ӯро ғайри қобили амал эътироф намудааст, ё прокурор бекор кардани ақди никоҳ.

Дар ҳолати вафоти яке аз ҳамсарон кофист, ки тарафи дигар ба мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи вафотро пешниҳод намояд. Дар ҳолати бедарак ғайб задан, зарур аст, ки ҳалномаи суд дар бораи вафотёфта эълон кардани тарафи дигар пешниҳод шавад.

Пайдо шудани шахсе, ки ба тариқи судӣ вафотёфта эълон гардидааст, барои барқарор намудани ақди никоҳи ӯ асос мегардад, ба шарте ки тарафи муқобил бо каси дигар ақди никоҳ набаста бошад. Ҳангоми беэътибор дониста шудани ақди никоҳ ҳама гуна муносибатҳои ҳуқуқӣ байни ҳамсарон, ки аз бастани ақди никоҳ ба миён омада буд, қатъ мегарданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ду тарзи бекор кардани ақди никоҳ мавҷуд аст:

1) бекор кардани ақди никоҳ ба тарзи судӣ; 2) бекор кардани ақди никоҳ ба тарзи маъмурӣ.

Бояд қайд намуд, ки бекор кардани ақди никоҳ ҳуқуқи истисноии ҳамсарон буда, онҳо метавонанд якҷоя ариза пешниҳод намоянд ва ё як тараф, яъне зан ва ё шавҳар ариза пешниҳод намояд. Дахолати шахсони дигар ба ин масъала роҳ дода намешавад. Дар ҳолати мавҷуд набудани даъво ва норозигӣ байни тарафҳо ақди никоҳ метавонад ба таври маъмурӣ, яъне дар мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда шавад. Ҳамсароне, ки хоҳиши дар мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор кардани ақди никоҳро доранд, дар шакли хаттӣ ариза пешниҳод карда, шаҳодатномаи ақди никоҳро замима менамоянд. Дар ариза ризоияти худро барои бекор кардани ақди никоҳ ва надоштани фарзандони ноболиғи муштарак тасдиқ мекунанд ва ба он имзо гузошта, санаи онро нишон медиҳанд. Бекор кардани ақди никоҳ ва қайди давлатии бекор намудани он дар ҳузури ҳамсарон ва ё яке аз онҳо пас аз як моҳи пешниҳод гардидани ариза амалӣ мегардад.

Мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонад дар ҳолатҳои зерин, новобаста ба он ки фарзандони ноболиғдоранд ё не, ақди никоҳро бо аризаи яке аз тарафҳо бекор намояд:

  • аз тарафи суд ғайбзада эътироф шудани зан ё шавҳар;
  • аз тарафи суд дар асоси аризаи шахсони манфиатдор ғайри қобили амал эътироф намудани яке аз ҳамсарон;
  • вафоти зан ё шавҳар ва ё аз тарафи суд вафотёфта эълон намудани онҳо;
  • тибқи ҳукми суд барои содир намудани ҷиноят ба муҳлати зиёда аз се сол маҳрум намудан аз озодӣ.

Мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҳамсарони собиқ оид ба бекор шудани ақди никоҳ шаҳодатнома медиҳад.

Ҳангоми аз тарафи суд бекор кардани ақди никоҳ қонунгузорӣ баъзе маҳдудиятҳоро муайян намудааст, ки он бояд риоя карда шавад. Шавҳар ҳуқуқ надорад:

  1. Дар давраи ҳомилагии зан ва якуним соли таваллуд бе ризоияти зан ба суд дар бораи бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат намояд;
  2. Дар давраи фавтида таваллуд шудани кӯдак ва ё то яксолагӣ вафот кардани кӯдак ба суд дар бораи бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат намояд.

Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки маҳдудияти мазкур ба зан татбиқ намегардад, яъне ӯ ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳза оид ба бекор кардани ақди никоҳ ба суд муроҷиат намояд.

Ҳангоми қатъ гаштани ақди никоҳ дар атрофи тақсими молу мулки хона байни зану шавҳар баҳсу талошҳо ба миён меояд. Ҳаp яке даъвои онро мекунанд, ки дар хариди асбобу анҷоми хона саҳми бештар доранд, бинобар ин бояд асбобу анҷоми бештареро соҳибӣ кунад.

Аммо зану шавҳар бояд хуб донанд, ки молу мулке, ки онҳо дар давраи ҳаёти оилавӣ якҷоя ҷамъ овардаанд, моликияти умумии онҳо ба ҳисоб меравад ва дар тақсимот онҳо ҳуқуқи баробар доранд.

 Аммо асбобу анҷоме, ки то давраи хонадорӣ ба онҳо тааллуқ доштанд, моликияти шахсии онҳо ҳисоб меёбад. Ғайp аз ин, амволи истифодаи шахсӣ, аз қабили либос, пойафзол, асбобҳои ороиши занона ва мардона (соат, гӯшвор) моликияти шахсии зану шавҳар ҳисоб меёбанд.

Ҳарчанд зан дар давраи оиладорӣ дар ягон ҷо кор накарда бошад ҳам, вай дар кори хоҷагии хона, тарбияи фарзандон саҳми худро гузоштааст ва аз ин рӯ вай ба моликияти оила, ки дар давраи зиндагии якҷоя ба даст овардаанд, баробари мард ҳақ дорад.

Ин гуфтаҳоро моддаи 34-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст: амволи дар давраи оиладорӣ бадастовардаи зану шавҳар моликияти муштараки онҳо эътироф карда мешавад. Яъне ҳамаи он чизҳое, ки зан ё мард дар ҳаёти якҷоя ба даст овардаанд, амволи муштараки ҳар ду ба ҳисоб меравад. Даромаде, ки зану шавҳар дар давраи зиндагӣ дар натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст овардаанд, нафақа, ёрдампулӣ, коғазҳои қиматнок, амволи харидоришуда, новобаста ба он ки ба номи кӣ номнавис шудааст, амволи муштарак эътироф карда мешавад.

Аз ин лиҳоз молу мулки муштарак дар зиндагӣ аз ҷониби зану шавҳар баробар истифода мешавад. Фаромӯш набояд кард, ки ҳаёти оилавии зану мард бе қайди давлатӣ барои ноил шудан ба моликияти муштарак асос намешавад.

Аз ин ҷиҳат ҳангоми тақсими анҷоми хона ҳиссаи онҳо баробар муайян карда мешавад. Ғайp аз ин, суд манфиати фарзандонро ба назар гирифта, ҳангоми тақсим қисмизиёди чизу чораро бафоидаи онҳо муайян мекунад.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷумҳурии мо ба ҷиҳати динии бекор кардани никоҳ (талоқ) диққати махсус дода мешавад. Талоқи мусулмонӣ дар ҷумҳурии мо расмӣ-маъмулӣ аст. Никоҳи мусулмонӣ дар барпо намудани оила яке аз омилҳои пурзӯри танзими муносибати оилавӣ маҳсуб мегардад. Барои ҳамин пеш ё баъд аз бекор кардани ақди никоҳи шаҳрвандӣ талоқи шаръӣ дода мешавад.

Агаp талоқи мусулмонӣ чун қоида аз тарафи мард–шавҳар сурат бигирад, талоқи шаҳрвандӣ аз ҳар ду тараф ба амал меояд, ки ҳуқуқан баробар мебошад.

Саволҳо

  1. Дар кадом холатхо никох катъ карда мешавад?
  2. Кадом тарзхои бекор кардани акди никохро медонед?
  3. Оё макомоти Сабти асноди холати шахрванди метавонад акди никохро бекор кунад?
  4. Талоки мусулмони аз бекор кардани акди никох дар макомоти суди ва ё Сабти асноди холати шахрванди чи фарк дорад?
  5. Кадом амвол амволи муштараки марду зан хисобида мешавад?
ҚаблӣМероси адабии Фаридуддин Аттори Нишопури
БаъдӣХусусиятҳои оилаи ҷавoн