Мероси адабии Саъди Шерозӣ

Дар ин саҳифа мероси адабӣ ё худ фаъолияти шайх Саъдӣ оварда мешавад. Барои зиндагиномаи шоирро хондан ба ин саҳифа сар бизанед >> Рӯзгори Саъдӣ


Саъдии Шерозӣ умри пурбаракат дидааст. Дар таърихи халқамон кам бузургеро медонем, ки аз сад сол зиёд умр дида бошад. Саъдӣ 108 сол умр дид.

Куллиёти Саъдӣ Мероси Саъди Шерози

Саъдии Шерозӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс яке аз адибони сермаҳсул маҳсуб мешавад. Ӯ ҳам ба назм ва ҳам ба наср асарҳои сершумору пурмаънӣ иншо кардааст. Ба хотири асарҳои бузургаш дар замони зиндагиаш обрӯ, шуҳрат, мақому манзалат пайдо кард. Саъдӣ асарҳояшро ба ду забон нигоштааст: ба забони модариаш – форсӣ-тоҷикӣ ва ба забони арабӣ. Аммо бештари офаридаҳояш бо забони модарияш иншо шудаанд.

Пас аз 35 соли вафоти Саъдӣ яке аз шогирдонаш – Алӣ ибни Аҳмад ибни Абубакри Бесутун куллиёти Саъдиро мураттаб сохт, ки он ба тариқи зайл тартиб ёфтааст. (Нигаред ба нақша).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар асрҳои пасин ҳар хаттоте, ки асарҳои Саъдиро рӯбардор ё хаттотӣ мекард, ба ҳамин нусхаи Бесутун такя менамуд.

Дигар мавзӯҳо

ҚаблӣҲаёт ва фаъолияти Саъдии Шерозӣ (тарчумаи хол)
БаъдӣЖанри қасида дар эҷодиёти Саъди Шерозӣ