Ҳаёт ва фаъолияти Саъдии Шерозӣ (тарчумаи хол)

Дар ин саҳифаи Зиндагиномаи Саъдии Шерозӣ – тарчумаи хол / тарҷумаи ҳол оварда мешавад. Маълумоти муфассал дар бораи Саъди Шерози


Саъдии Шерозӣ

Саъдии Шерозӣ (1184 – 1292)

 Дар шеър се тан паямбаронанд,
Ҳарчанд «ло набия баъдӣ»,
Авсофу қасидаву ғазалро
Фирдавсию Анварию Саъдӣ.


Рӯзгори Саъдӣ

Чорбоғи боҳашамате дар канори шаҳри Шероз қомат афрохта. Гирдогирдашро девори баланд иҳота карда. Аз пешорӯйи Шероз дарвозаи дутабақаи хушсохти устодони гулдасти Нишопур бо сад арзандагӣ истода. Чорбоғ ҳам ободу дарахтони боровараш гувоҳи онанд, ки умри 30-40-сола дорад.

Чун ба он ворид мегардед, нахуст пеши назаратон роҳрави хушсохти мармарин намоён мегардад ва шуморо истиқбол мегирад ва аз ду тарафи он гулгаштҳои ранг ба ранг, ки аз анвои гулҳои гуногун ороста шудаанд, чун арӯсони зебои рангинқабо бо камоли меҳр ояндагонро пазироӣ мекунад. Хиёбони гулрез шуморо ба сӯйи сарҳавз раҳнамун месозад. Гирдогирди сарҳавзро бед, маҷнунбедҳо, дарахтони сарву шамшод чун ангуштарин печондаанд. Рада-рада дарахтони зардолу, себ, шафтолу, анҷиру анор, тут, хурмо, себу нашпотӣ бо сари хам меҳмононро қабул менамоянд.

Дар зеру болои дарахтон парандагон, мурғони хушхон нағмасароӣ мекунанд. Товусҳои хушхиром бо як ҷаҳон шоистагӣ парҳои хешро кушода болу пар мезананд. Ҳамаи ин бозори мурғонро пеши назар меоварад ва аз тамошои ин манзара ҳузуру ҳаловат метавон бурд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Марди миёнарӯ, миёнқад, ки риши мошу биринҷаш ӯро хеле зеб медод, мурғонро дон мепошид. Пас аз анҷоми кораш боз ба сарҳавз, болои кат қадам ниҳод ва боз товусқалам ба даст гирифт ва омодаи нигоштан гардид.

Ин мард шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, яке аз адибони адабиёти классикии тоҷику форс буд.

Ӯ соли 1184 дар шаҳри Шероз дар оилаи амалдори дарбори Саъд ибни Зангӣ ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар Шероз гирифта, соҳиби хатту савод мегардад. Падар мебинад, ки шавқу рағбати фарзанд ба хондану илмомӯзӣ хеле зиёд аст, барои Муслиҳиддини ҷавон тамоми шароитро муҳайё мегардонад.

Агар дар вуҷудам нишастӣ магас,
Парешон шудӣ хотири чанд кас.

Аммо дар ҳамин айём падари Саъдӣ вафот мекунад ва аз марги бемаҳали падар нолон мегардад ва бо дард мегӯяд:

Маро бошад аз дарди тифлон хабар,
Ки дар тифлӣ аз сар бирафтам падар.

Пас аз ин аҳволи хонавода куллан тағйир ёфта, бори зиндагӣ ба сари бародари бузурги Саъдӣ меафтад. Ӯ хонданро тарк намуда, барои пайдо кардани қути лоямути аҳли хонадон дукон мекушояду ба савдо мепардозад. Саъдии хурдсол бошад, ба умеди таҳсилро давом додан, роҳи пойтахти хулафои араб – шаҳри Бағдодро пеш мегирад. Ҳамин тавр, дар мадрасаи «Низомия» пеши донишмандони бузург таҳсилро оғоз намуд. Мадрасаи «Низомия» номдор буд.

Аз тамоми кишварҳои исломӣ толибилмон меомаданд ва аз донишмандони риштаҳои гуногуни илму фан дониш мегирифтанд. Дар мадрасаи «Низомия» китобхонаи бузурге бо дастгирии вазири хирадманд ва соҳибмақоми Салчуқиён Низомулмулки Тӯсӣ (1017 – 1092) бунёд шуда буд, ки дар он китобҳои зиёд ба забонҳои арабӣ, форсӣ, лотинӣ, туркӣ, ибрӣ, санскрит, чинӣ ва ғайра гулчин шуда буданд. Бунёдгузори мадраса ҳам Низомулмулки Тӯсӣ будааст. Сарчашмаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ ёд кардаанд, бештари баҳс, ҷамъомад ва анҷумани уламову удабо, толибилмону омӯзгорон дар китобхона ва саҳнаву толорҳои мадраса баргузор мегардиданд.

Дар баҳсу талошҳои уламо толибилмон иштирок мекарданд ва файз мебардоштанд.

Саъдӣ ҳам кӯлвори маърифати хешро аз шунидаву дидааш пурбор кард ва чанд соли тӯлонӣ аз ин гулистон гули маънӣ бичид. Ӯ яке аз шогирдони пешқадами мадраса маҳсуб мешуд ва барои ҳамин идрорпулӣ (маош ё мукофотпулӣ) мегирифт.

Дар солҳои пасин дар баҳсу мунозираи уламо на ҳамчун толибилм ё ҳамчун шогирд иштирок мекард, балки ҳамрадифи эшон буд. Суол мешуниду посух медод ва хеш ҳам масъалае ба муҳокима мегузошт ва посухи ононро мешуниду радду бадал мекард. Ҳамин тавр, уламо ки борҳо донишу фазилати Саъдиро диданд, эҳсос карданд ва ба ӯ фотиҳаи хатми мадраса доданд.


 Сафар кардан – ҷаҳон дидан

Нахуст дар он замон ба Бағдод аз Мовароуннаҳру Хуросон гурезаҳо бисёр меомаданд. Ва аз омад-омади чингизиёни хунхор ба мардуми Бағдоду дигар шаҳру деҳот хабари талх меоварданд. Медонистанд, ки имрӯз ё фардо қадами шуму номубораки чингизиён ба ин ҷо низ хоҳад расид.

Сабаби дувуми ҷомаи сафар пӯшидани шайхи бузургвор ва ғарибиро ихтиёр кардани ӯ дар оғози «Бӯстон» чунин омада:

Дар ақсои олам бигаштам басе,
Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.

Таматтуъ зи ҳар гӯшае ёфтам,
Зи ҳар хирмане хӯшае ёфтам.

Чу покони Шерози покиниҳод
Надидам, ки раҳмат бар ин хок бод!

Ҳамин тавр, ба муроди дарёфт намудани «хӯшае аз ҳар гӯшае» озими роҳ гардид. Ибораи «хӯшае аз ҳар гӯшае» бори маънӣ дорад ва адиби бузург аз санъати маҷозу киноя бамаврид истифода бурдааст. Гӯша – ин кишварҳо, давлатҳо, шаҳру деҳоти дидааш ва хирман ҳам ҳамин маъниро дорад. Хӯша бошад, ҳикоёте, ривоёте, қиссае, саргузаште ё панду андарзҳои шунидааш мебошад.

Саъдӣ, чунонки сарчашмаҳо ёд кардаанд, беш аз сӣ соли рӯзгори ҷавониашро дар ақсои олам гузаронидааст.

Нахуст Маккаву Мадинаро зиёрат кард ва пасон ба Миср, Фаластин, Андалус, Озарбойҷон, Арманистон, Осиёи Хурд, Моваруннаҳру Хуросон, Кошғар, Ҳиндустон саёҳат кард. Ӯ ба Балху Бухоро, Самарқанду Бомиён, Вахшонзамин сафар кард. Дар ин кишварҳою шаҳрҳо бо аҳли зиё суҳбатҳо намуд. Аз сухани ноб, аз абёти тару тоза ҳадяашон бикард ва аз онон низ хӯша чид. Саъдӣ дар ин сафари тӯлониаш бо дуздону авбошон низ ҳамрозу ҳамкоса гардид, бо мусавиёну насрониён сухан дарёфт, розу ниёзи габрону зардуштиёнро шунид, валвалаю симои қаландаронаро хуб тамошо кард ва бо оҳанги онон бирақсид ва барояшон ғазалҳои ошиқонаву орифона бигуфт.

Ӯ чун Синдбоди дарёгард уқёнусу баҳрҳои мухталифи дунёро, мисли уқёнуси Ҳинд, Атлантик, баҳрҳои Сурх, Миёназамин, Сиёҳ, Каспий, Уммон ва ғайраро бо киштиҳои бодбонӣ, бо роҳнамоии маллоҳону сайёҳон гузашт, ки пасон ҳикояту саргузаштҳои хотирмони гашту гузорҳо дар «Гулистон» ва «Бӯстон» хеле ба ҷо сабт ёфтаанд. Метавонем бо камоли боварӣ бигӯем, ки Саъдӣ дар тӯли ҳаёти хеш, дар тӯли сафарҳои баҳрубарияш се қитъаи олам: Осиё, Аврупо ва Африқоро гоҳ пиёдаву гоҳ савора давр зад ва кӯлвори хешро аз хӯшаҳо пурбор карду пасон роҳи ватан, роҳи Шерозро пеш гирифт. Чун ба Шероз по гузошт, шаҳрро обод диду мардумро осуда, шукрона кард, ки диёраш аз хуношомии чингизиён осеб надидааст, балки боз ободтар гардидааст. Бинобар ин, нависанда шоҳ Атобаки Саъди Зангиро ситоиш мекунад:

Забоноваре, к-андар ин амну дод
Сипосат нагӯяд, забонаш мабод!
Ба аҳди ту мебинам ороми халқ,
Пас аз ту надонам саранҷоми халқ.


Рӯзҳои вопасини ҳаёти шайх Саъдӣ

Саъдӣ баъди бозгашт аз сафарҳои тӯлонӣ кунҷи узлатро ихтиёр кард. Акнун он кӯлвори пурбор, он хӯшаҳои ҷилодори овардаи хешро чун шаддаҳои марҷон пайвасту пайванд менамуд. Адиб лаҳзае ором набуд. Эҷод мекарду бо дӯстон, бо шогирдону мухлисонаш розу ниёз дошт. Меҳмонон аз дуру наздик ба суроғаш меомаданд. Шоҳаншаҳи Мултони Ҳинд яке аз наздиконашро ба Шероз фиристод, то хоҳишу илтимоси шоҳи Мултонро бигӯяд, Саъдиро бо хеш ба Ҳинд бибарад, вале Саъдӣ илтимоси шоҳро напазируфт ва қадам аз Шероз берун наниҳод.

Аз ҳар кунҷу канори дунё аз амирон, ҳокимон, адибон, олимон ва дигар ашхоси гуногунрутба ва гуногунтабақа номаҳои сершумор ва ҳадяҳои фохира меомаданд. Онон дар номаҳои худ ба Саъдӣ, ба пайғомбари сухан арзи сипос намуда, аз Худои мутаол вақти хушу арзи сипос намуда, умри бедарди Саъдиро хоҳон буданд.

Ҳамин тавр, Саъдӣ гӯё бо дуои бузургони давр, мардони роҳи сидқу вафо умри дарози бобаракат дид. Ӯ соли 1292 дар бӯстонсарои худ аз дунё чашм пӯшид, ки имрӯз ҳам турбати шоири бузург ба ҷост. Имрӯз Шероз ва марқади Шайх Саъдӣ зиёратгоҳи мардуми олам аст. Аз тамоми гӯшаву канори дунё габ ру мусулмон, яҳудиву насоро ба зиёраташ меоянд ва ҳар кадоме ба расму оини худ ба рӯҳи поки Шайх Саъдии бузургвор дуруд мефиристанд. Оре, Саъдӣ тамоми умр ҳам дар сухан ва ҳам дар амал хизмати халқҳоро кард. Ӯ дороияшро ба дармондагон, бечорагон қисмат намуд. Барои ҳамин дар байни хоссу ом некном монд. Саъдӣ гуё пайғамбарона байти зерро дар ҳаққи хеш гуфта бошад:

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Дигар мавзӯҳо

ҚаблӣҚоидаҳои санитарию гигиенӣ дар вақти хӯрокпазӣ
БаъдӣМероси адабии Саъди Шерозӣ