Салом дӯстон ва корбарони сомонаи Donishju.Net. Имрӯз якчанд мисолу масъалаҳоро оиди Квадрат ва куби адад меоварем. Ашхосе, ки ба фанни математика ва ҳалли масъалаҳо шавқ доранд, метавонанд ҷавоби мисол ва ё масъаларо дар шарҳ бо нишон додани рақами мисол нависанд. Ашхосе, ки аввалин шуда ҷавоби дурусти мисолеро меёбанд, дар зери мисол ҷавоби дуруст ва номи он шахсро менависем.
- Ададро ба квадрат бардоред:
а) 12; б) 18; в) 20; г) 25; д) 36; е) 100.
- Ададро ба куб бардоред:
а) 2; б) 4; в) 10; г) 14; д) 15; е) 24.
- Ҳосили зарбро дар шакли квадрат ё куб нависед:
а) x•x; б) y•y; в) x•x•x; г) y•y•y; д) x•y•y•x.
Давоми матн пас аз блоки реклама
- Ҳисоб кунед: а) 2•32; б) 3•22; в) 2232; г) 2•33; д) 3•23; е) 23•33; ё) 22+32; ж) 2•32+3•43.
- Адади якум 10 буда, адади дуюм аз адади якум 10 маротиба ва адади сеюм аз адади дуюм 10 маротиба калонанд. Ин се ададро нависед.
- Ба ҷойи (х) кадом ададро гузорем, то баробарии дуруст ҳосил гардад:
а) 2x=8; б) 2x=32; в) 3x=9; г) 3x=3?
- Адади якум аз адади дуюм 4 маротиба ва адади дуюм аз адади сеюм 4 маротиба калон аст. Адади якум аз адади сеюм чанд маротиба калон аст? Адади сеюм аз адади якум чанд маротиба хурд аст?
- Квадрати адад бо кадом рақам тамом мешавад: а) 34; б) 47; в) 125; г) 10999? 531. Куби адад бо кадом рақам тамом мешавад: а) 25; б) 36; в) 43; г) 156?
- Кадом адад дар назар аст, агар маълум бошад, ки: а) адади номаълумро аввал 3 маротиба ва баъд 6 маротиба зиёд намуда, адади 216 ҳосил карданд? б) адади номаълумро аввал 7 маротиба зиёд ва баъд 4 маротиба хурд намуда, адади 84 ҳосил намуданд?
- Муодиларо ҳал кунед: а) 3•(2x – 8) – (5x+2)=0; б) 5•(7-3x)+7•(2+2x)=0
Мисолу масъалахо аз математика оиди квадрат ва куби адад, саволу чавоби математика квадрат куб, математика бо забони точики квадрат дар математика бо забони точики тестхои математика