Муассисаҳои таълимии инноватсионӣ

Он муассисаҳои таълимиеро муассисаҳои таълимии инноватсионӣ меноманд, ки ё ба навоварӣ, ё ба дар амал татбиқ намудани унсурҳои он машғуланд. Қариб ҳамаи роҳбарони муассисаҳои таълимии мамлакат раванди инноватсиониро дастгирӣ менамояд. Фақат лозим меояд, ки асоснокии ин даъво исбот карда шавад. Барои ин мазмун ва равияҳои азнавсозии инноватсиониро ҷиддӣ дида баромадан лозим меояд.

Барои ташаккули меъёри муассисаҳои таълимии инноватсионӣ бояд инҳоро дар назар дошта бошем:

  • навоварӣ метавонад на танҳо рафт ва натиҷаи раванди таълиму тарбияро беҳтар, балки бадтар ҳам намояд;
  • эълон намудани инноватсия ҳеҷ гоҳ маънои онро надорад, ки натиҷаи дилхоҳ гирифта шавад;
  • инноватсия на аз баҳри инноватсионӣ, балки барои беҳтар намудани самаранокии таълиму тарбия ба амал бароварда мешавад
  • системаи педагогиро дар як вақт аз руи якчанд параметрҳо беҳтар кардан мумкин нест. Чунки агар навоварӣ як ҷабҳаро беҳтар намояд дар айни ҳол метавонад дигар чабҳаро халалдор намояд. Пас, ҳамин тавр бошад, онҳо магар лозиманд?
  • на ном ва шакл, балки танҳо инноватсия дар асл, барои беҳтар намудани шароити меҳнати таълимӣ ва педагогӣ мусоидат карда метавонад;
  • дар заминаи ин маҳдудкуниҳо ва нишонаҳои ҷиддии навоварии дар боло зикргардида меъёри муайяни муассисаҳои таълимии инноватсионӣ ташаккул меёбад.

Он муассисаҳои таълимӣ инноватсионӣ ҳисоб карда мешаванд, ки ба шарте:

  1. раванди таълиму тарбия ба принсипи табиатворонагӣ ва принсипҳои педагогикаи классикии ба он тааллуқдошта асос ёфта бошад;
  2. системаи педагогӣ дар равияи гуманистӣ таҳавулот ёбад;
  3. ташкили раванди таълиму тарбия ба сербории мактаббачагон ва муаллимон бурда нарасонад;
  4. баланд бардоштани самаранокии раванди таълиму тарбия на аз ҳисоби интихоб карда гирифтани ҳайати таълимгирандагон ё муаллимон, балки аз ҳисоби истифода бурдани имкониятҳои системаи кушода доданашуда ва амалнакарда таъмин карда шавад;
  5. самаранокии раванди таълиму тарбия аз ҳисоби истифодаи воситаҳои қимматбаҳо ва медиасистем набошад.

Моҳияти меъёри талаби мазкур аз он иборат аст, ки имконияти муқоисакунии мактабҳои шароити гуногундошта фароҳам оварда шавад. Аз ҷумла замина, ҳайати педагогӣ ва талабагон, таҷҳизот, маблағгузорӣ ва ғайра. Агар ин тарзи кор истифода бурда нашавад, дар он ҳолат гимназияҳои соҳибмартаба ҳамеша ба таври автоматӣ ба сарфи инноватсионӣ, аммо мактабҳои деҳот бошад ба гурӯҳи мактабҳои ақибмонда дохил карда мешаванд. Чунки дар гимназияҳои соҳибмартаба болоравии маҳсулнокӣ аз ҳисоби интихоб карда гирифтани муаллимон ва талабагон дар мактабҳои деҳот бошад аз ҳисоби захираҳои дохилӣ, яъне инноватсионии хақиқӣ таъмин карда мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба меъёри муқаррар кардашуда такя намуда, муассисаҳои таълимии инноватсионӣ ва ғайриинноватсиониро муқоиса ме- намоем.

Барои тазод ҷиҳатҳои мухталифро қайд менамоем:

Муассисаҳои таълими

Ғайриинноватсионӣ

Инноватсионӣ

Муайянкунӣ

Муассисаҳои таълимие, ки солҳо ва даҳсолаҳо ба навоварӣ машғул нестанд, ба ғайр аз он чи ки органҳои идоракунии болоии маориф маҷбуран ба онҳо бор мекунанд. Бештар аз руи одат амал мекунанд. Бесимо, якранг.

Муассисаҳои таълимие, ки навигариҳоро бо ташаббуси худ барои қонеъ намудани рушди талаботи талабагон ва муаллимон, бештар аз ҳисоби захираҳои дохилӣ, бо назардошти ғояҳои нав ва комёбиҳои педагогӣ ки симои шахсии худро доранд.

Таъинкунӣ

Додани дониш ва дар рафти он тарбия, шиносоӣ бо маданияти мавҷуда, аз худ намудани таҷрибаи иҷтимоӣ, идеология, сиёсат ва давлат, мақсад ва маҳоми муассисаҳои таълимиро муайян мекунад.

Ба худзоҳирнамоӣ ва худсобиткунии шахсият мадад расониан, ташаккул додани муносибатҳои нисбатан му- каммали байни ҳамдигарӣ ва Ҷамъиятӣ тарҳрезии равияи ҳаётан ояндадор. Гуманикунонии муносибат мақсад ва мақом аз руи талабҳои шахсият муайян карда мешавад.

Намуд

Бештар пешбинии давлатӣ Пешбинии шахсӣ ва ҷамъиятӣ

Принсипҳо

Муносибатҳои идеологӣ Илмӣ, воқеӣ

Характер (хислат, хусусият, табиат)

Азнав бо вуҷудоварандагӣ, ғайри ғайриэҷодӣ. Эҷодӣ, самаранок.

 

Мақсад

Аз худ намудани донишҳои бонизоми фаннӣ. Рушди шахсият. Пешгирии сарбастагиҳои инкишоф.

Мазмун

Фантоӣ пароканда бо суст ифода ёфтани робитаи байнифаннй. Арзишнокӣ (муносибат, эътифд, сабабҳои фаъолиятнокй). Курсҳои инте- гратсия карда шуда, (ҳамгиро карда шуда).

Ҷараёни таълим

Афзалияти шакли фронталӣ (Чабҳавӣ) ва донишҳои тазаккурӣ, амал кардан аз руи намуна. Бартарияти шакли тафриҳавӣ, инфиродӣ, рафтори эҷодӣ.

Технология

Куҳнашуда, меҳнатталаб, сустамал ва камсамар. Нав, ки барои осон намудани меҳнати хонандагон ва муаллимон пешбинӣ шудааст.

Идоракунй

Талабагон – объекти идоракунӣ. Талабагон – субъекти фаъолият. Объекти идоракунӣ ягонагии вазъияти педагогии яклухт. Дастгирии ташаббуси шахсии талабагон.

Услуб

Авторитарӣ-ҷазодиҳандагӣ Демократи, ҳавасмандкунандагӣ

Ташкилкунӣ

Анъанавӣ, майл доштан ба маъмуриятчигӣ ва фишороварй Ба дониш асосёфта баназар- доштӣ ба қонуниятҳои зинда- гии шахсияти инкишофёфта истода.

Талабагон

Объекти таъсиррасонӣ. Мақсади фаъолиятро ва муаллимон муайян мекунанд. Сарчашмаи инкишофи худ субъекти фаъолият

Муаллим

Хизматчӣ. Намоишдиҳандаи донишҳо. Ташкилотчии раванди таълим. Вазифаи асосиаш-ахборотдиҳӣ ва назоратбарӣ. Барои талабагон пушида Дӯсти кӯдакон. Гуманист. Ку- шодадил барои талабагон. Ба хамкорӣ нигаронидашуда фа цилититор. (бордиҳанда)

Назорат

 
Зоҳири, даҳолаткунанда Ботини, яклухт  

Оқибат

 
Аз арзишҳои таълимӣ, мактаб ва муаллимон бегона будан. Хусуматнок ва рақобатпазир. Муҳаббат ба мактаб, майли хондан, ҳамкорӣ кардан, инкишофёбӣ, муттахидшавӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, боваридоштан.  
Беташаббусӣ, донишҳои парча- парча кардашуда, камфаъолияти ба хаёти шахсият кам мутобиқ карда шуда. Фаъол, ташаббускор, инкишо- фёфта аз зулм озодшуда, ба худбоваридошта. Ба ҳақ будани худ боварӣ дошта, шахсияти худро ба хаёт мутобиқ карда метавонистагй.  

Ба муқоисаи нопурра нигоҳ накарда фарқияти асосии муассисаҳои таълимии инноватсиониро аз ғайриинноватсионӣ пай бурдан мумкин аст. Вале аз ҳама муҳим ин дарк намудани моҳияти навоварӣ, дигаргунсозӣ, иваз кардани куҳна ба нав дар марҳалаи кунунии инкишофи мактаб ва педагогика мебошад. Ин даъват аз такмил додани системаи педагогӣ, имкониятҳои онро ба талабҳои афзун гардида истодаи шахсият ва ҷомеа мутобиқ гардондан иборат мебошад.

Акселератсия (Суръатёби)


Муассисахои таълимии инноватсиони чи гуна муасиса мебошанд, реферат аз фанни педагогика бо забони точики.

ҚаблӣПедагогикаи инноватсионӣ
БаъдӣОптималикунонии (муътадилгардонии) системаи педагогӣ