Педагогикаи инноватсионӣ

Ҳоло ин ном ғайрирасмӣ аст. Вале тамоми мутахассисони соҳаи илмӣ педагогика дар чаҳон дар бораи тақлиди педагогикаи анъанавӣ ҳамфикранд. Дар бораи тавлиди илми нав ҷиддӣ сухан ронда даъво доранд, ки вазифаи асосии он аз дигаргун кардани назарияи ҳукмрон ва азнавсозии тамоми системаи таълиму тарбиявӣ дар асоси тағийротҳои инноватсионӣ иборат аст.

Педагогикаи инноватсионӣ, ки онро шартан ҳамин тавр ме- номем, иваз намудани парадигмаи (маҳаки) тарбияро талаб мекунад.

Парадигма чист?

Парадигма аз калимаи юнони paradigma-гирифта шуда маънояш намуна, маҳак мебошад. Ин намунаи назарияи ҳукмрон мебошад, ки асоси онро ҳалли проблемаҳои маҳаки назариявӣ ва амалӣ ташкил мекунанд. Ба ақидаи инноваторҳо тарафдори навгониҳо назарияи педагогикаи классикӣ ноилоҷ куҳна шудааст. Бинобар ин дар шароити кунунӣ дар асоси он ба роҳ мондани тарбияи насли ҳозира кори беҳуда мебошад.

Ҳамаи ин педагогикаи шуравиро ба қафо кашид. Гарчи ҳоло ҳам системаи таълиму тарбияи ватанӣ аз он сарчашма гирифта истодааст. Ҳатто ба таври нав «андовакунии» нақшаҳои методӣ ба дараҷаи зарурӣ имконият намедиҳад, ки амалия тағйир дода шавад. Чунки асосҳои методологии он устувор мондаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бояд тазаккур дод, ки ҳаёти чандин наслҳои давраи макта- би шуравӣ ва муаллимон ба замони муборизаи шиддатноки байни педагогикаи идеалистию сотсиалистӣ рост омад. Якумро (яъне педагогикаи идеалистиро) бадном карда аз байн бурданд. Дуюмро (яъне педагогикаи сотсиалистиро) то ба охир фаҳмида натавониста онро ба анҷом нарасонданд. Ҳоло бошад, дар дуроха. Дар чунин вазъият якбора баҳс бо неруи нав авҷ ги- рифт. Акнун саволе ба миён меояд, ки ба кадом тараф бояд майл кард? Дар асоси кадом назария бояд насли наврасро тарбия кард?

Агар ба маҷрои инкишофи афкори педагогии ҷаҳон нигарем, он гоҳ бояд асосҳои методологии педагогикаи классикиро аз нав ба вуҷуд оварем, аз ҷумла принсипи табиатворонагии Я.А.Коменскиро. Аммо педагогикаи шуравӣ ин принсипро «идеалистӣ» эълон кард ва онро бо талаби норавшан ба ҳисобгирифтани хусусиятҳои синнусолии мактабиён иваз кард. Аз сабаби фаровонии догмаҳои идеалистӣ педагогикаи шуравӣ аз илм дур буд. Дар ин бобат принсипи методологии он дар бораи баробарии модарзодии одамон, дар бораи имкониятҳои баробарии онҳо дар соҳаи таълим ва тарбияро ба хотир овардан кифоя аст. Вале ин он тавр набуд. Ба ин ақалан таҷрибаи талхи ватании мо шаҳодат дода метавонад. Ба воситаи тарбия бисёр чизҳоро ислоҳ кардан мумкин аст. Аммо табиати одамонро дигар кардан мумкин нест.

Вазъияти умумии илми педагогика чунин аст. Дар ин ҷо инноватсия ниҳоят зарур аст. Назария педагогӣ ва аз қафои он мактаб бо кадом роҳ меравад бо ҳам вобаста аст. Моҳияти асосии рафти таълиму тарбия ва дар асоси кадом методология илми нав таҷрибаи кори таълиму тарбия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба роҳ монда мешавад, низ вобастагии зиёд дорад.

Педагогика аз системаи донишҳои илмӣ иборат аст. Тавсифи асосии онро воқеи (объективӣ) мақсаднокӣ, пойдорӣ, беихтилофӣ ташкил мекунад. Системаи педагогиро монанди дигар назарияҳои илмӣ принсипи система ба вуҷуд оваранда тарҳрезикунанда ва васлкунанда ташкил менамояд, яъне равияи асосие, ки системаи мазкур ба он такя менамояд, аз ҳамин принсип иборат аст.

Принсипи умдаи назарияи воқеӣ танҳо принсипи илмӣ мебошад, на идеологӣ. Мувофиқати сатхи дониш дар бораи одам, ташаккул ва тарбияи вай талаби ягонаи объективӣ мебошад. Идеология ҳамеша ҳавасмандии яктрафаи ин ва ё он гурӯҳи иҷтимоӣ буда онро ба дигарон ба сифати ғоявӣ ва арзише, бор кардан мешавад.

Дар назарияи педагогии ҷаҳон кайҳо эътироф карда шуда- аст, ки ҷараёни тарбиявӣ на бояд гаравгони одамони дар сари қудратбуда бошад. Тарбияи насли наврас кори ниҳоят муҳим буда, онро бо арзишҳои даргузар побанд кардан мумкин нест.

Дар кишвари мо солҳои дуру дароз идеологияи дар руҳи идеалҳои коммунистӣ тарбия кардани одамон ҳукмрон буд. Ба ҳамаи он тарафҳои диққатҷалбкунандагӣ, хоҳиши гарму ҷушони даъватҳоро дар амал татбиқ намуда онро равияи илми ҳисоб кардан мумкин нест, зеро ки равияҳои дар он пешниҳод карда шуда мухолифи маълумотҳои объективӣ дар бораи Табиати ин сон ва инкишофи он мебошад. Системаи тарбияи пурқувват ва устуворро (стабилӣ) танҳо дар заминаи нишондодҳои илми бунёдӣ ва дар амалия тасдиқгардида инкишоф додан мумкин аст. Вобаста ба ҳамин равияи аввалини инноватсионӣ инкишофи назарияи педагогиро баргаштан ба педагогикаи классикии рад кардашуда, яъне баргаштан ба принсипи табиатворонагии рад  асоснок карда шудаи Я. А. Коменский меноманд. Самти дуюми раванди инноватсиониро аз руи тасвири К. Роджерс ҳамчун гуманикунонии системаи педагогӣ эътироф мекунанд. Ин ҳар ду равия барои педагогикаи ҷаҳон нав нест, вале барои педагогикаи ватанӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҳамин тавр, педагогика давр зада, давр зада бисёр чизҳоро аз худ намуд, вале бисёр чизҳоро аз даст ҳам дод. Бинобар ин педагогикаи мо маҷбур аст, ки ба он даврае баргардад, ки солҳои 20-ум асри гузашта оғоз карда буд ва аҳамияти онро аз нуқтаи назария педагогикаи воқеӣ (объективӣ) дида барояд.

Он комилан возеҳ аст. Кӯдакон дорои хусусиятҳои гуногуни табиӣ мебошанд, ки он ба натиҷа ва раванди педагогӣ вобаста аст.

Я.А. Коменский ин принсипро оддиякак чунин маънидод кардааст:

Чӣ хеле ки дар алаф, дарахт, ҳайвонот хусусиятҳои хоси     , табии дида мешавад ва, аз ин рӯ, бо яке ин тавр, бо дигаре таври дигар муомила кардан лозим меояд ва ҳеҷ гоҳ барои ҳамон мақсад ба ҳамаи онҳо як хел рафтор кардан мумкин нест. Ҳамин тавр, ҳар як инсон ҳам дорои қобилияти табиӣ мебошад. Шахсони хуштолеъ вомехӯранд, ки ҳама чизро дониста  мегиранд, вале одамоне ҳам дида мешаванд, ки нуҳсоне надоранд, аммо баъзе фанҳоро аз худ карда наметавонанд, дар боби онҳо бефаҳм ва кундзеҳнанд. Дигаре дар улуми ҳанноти- уқоб, вале дар хирадмандӣ-марккаб бо лира. Иддае дар мусиқӣ кундзеҳн, аммо дар дигар соҳаҳо моҳир, аз ҷумла дар омӯзиш. Дар дигар гуруҳи одамон низ чунин монандӣ ба чашм мерасад. Аз ҷумла, дар соҳаи математика, назм ё мантиқ ва ғайра. Пас чӣ кор бояд кард? Дар он соҳае, ки қобилият надоранд ӯро ба он соҳа тела додан лозим нест. Чунки мубориза бо табиати бача кори беҳуда аст. Вале агар талабаеро бар хилофи хоҳишаш ба чизе водор накунем, ҳеҷ чиз ба ӯ нафратовар наменамояд.

Аз ин ру қувваи ақлаш кам мешавад. Чунки бепарво мегардид. Ҳар кӣ дар он соҳае пеш меравад, ки ба ӯ майлу хоҳиш дорад ва аз руи он дар ҷойи худ ба манфиати ҷамъияти инсонӣ хизмат мекунад.

Джон Локк ба Я.А. Коменский ҳамовоз шуда, чунин гуфта аст: «Худо дар дили ҳар одам мувофиқи сиришти зоҳириаш муҳри муаяйне гузоштааст, мумкин қадре ислоҳ ёбад, вале ба гумон аст, ки онро ба тамом дигаргун кард ва ё ба тарафи муқобил бурд. Барои ҳамин ҳам касе, ки бо кӯдакон сару кор дорад, бояд табиат ва қобиляити онҳоро бо роҳи санҷиши фардӣ муфассал омӯзад. Мушоҳида намояд, ки онҳо ба кадом тараф осонтар майл мекунанд ва чӣ барои онҳо мувофиқтар аст. қобилияти табии онҳо чӣ гуна аст? Чӣ тавр онро такмил додан мумкин аст ва онҳо барои чӣ (ба кадом корҳо) фоидабахш буда метавонанд?».

И.Г. Песталотсӣ (Pestalozzi) ин нуқтаи назарро инкишоф дода, чунин изҳор намуда буд: «Мақсади охирини ҳар як фанни илмӣ асосан аз он иборат аст, ки табиати инсонро мукаммал гардонад, онро то ба дараҷаи (зинаи) ниҳоӣ инкишоф диҳад. На инкишофи илм, балки инкишофи табиии инсонӣ тавассути илм вазифаи муқаддас мебошад. Барои ҳамин ҳам на табиати инсонӣ ба сатҳи фанҳои илмӣ, балки фанҳои илмӣ бояд бо табиати инсонӣ мутобиқ карда шаванд».

Назария ба чӣ муваффақ шуда метавонад, агар ба принсипи табиатворонагӣ баргардад? Пеш аз ҳама, ба возеҳ фаҳмида гирифтани имконияти таълимгирандагон, ба асосҳои воқеӣ, ба сифати таълим.

Дар ин назария ҳар гуна фикри бофта, ҳеҷ гуна субъективизм вуҷуд надорад. Танҳо он чи ки ҳазорҳо маротиба дар таҷриба исбот шудааст, чизи ҳақиқӣ ҳисоб карда мешавад. Назарияи аниқи мантиқӣ ва асосонок роҳеро нишон медиҳад, ки дар амалия идоранашаванда ҳисоб карда мешавад.

Мақсад ва вазифаҳои тарбия


Педагогикаи инноватсиони, Парадигма чист, реферат педагогика бо забони точики.

ҚаблӣМоҳият ва самтҳои навгониҳо (инноватсонӣ)
БаъдӣМуассисаҳои таълимии инноватсионӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед