Усулхои тадкикотхои эмпирикии сотсиологи.
Дар шароити имрӯза ҳар як шахс зимни фаъолияти корӣ ё таълимии хеш тавассути шунидани радиою телевизион ё хондану мутолиаи рӯзномаю маҷаллаҳо ё китобҳои дарсӣ бо мафҳуми «тадқиқотҳои эмпирикии сотсиологӣ» дучор мегардад. Аз эҳтимол дур нест, ки аксари донишҷӯёни макотиби олӣ, шояд хонандаи ин сатрҳо низ ба раванди гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ ба сифати респондент ҷалб шуда бошад. Ҳамзамон набояд истисно намуд, ки дар оянда ба мо низ зарурати гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ пеш меояд. Бинобар ин, дар бораи гузаронидани тадқиқоти эмпирикии сотсиологӣ як маълумоти умумӣ ҳосил намудан барои мо ҳатмист!
Дар тадқиқоти эмпирикии сотсиологӣ муҳаққиқон се марҳилаи асосиро зикр менамоянд:
1) марҳилаи омодагӣ, ки аз коркарди барномаи тадқиқот иборат аст;
2) марҳилаи асосӣ, яъне гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ;
3) марҳилаи анҷомбахшанда, ки аз коркарду таҳлили маълумотҳо, ташаккули хулосаю тавсияҳо иборат мебошад.
Ҳама гуна тадқиқот аз гузориши проблема оғоз мегардад. Проблемаи тадқиқот имкон дорад, ки аз тарафи ягон супоришдиҳанда гузошта шавад ва ё метавонад, ки он бо раванди маърифатии шахс алоқаманд бошад. Супориш ба сотсиолог аксаран дар шакли ифодаи ягон вазъияти проблемавӣ, ишоратҳо ба ягон тазоди иҷтимоӣ ё ишора ба ҳолати ғайриқаноатбахши кор дар ин ё он соҳаи истеҳсолот, идоракунӣ ва ғ. сурат мегирад. Пеш аз гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ сотсиолог бояд корҳои зерини назариявии махсусро ба анҷом расонад:
- Мавҷудияти воқеии проблемаи мазкурро муқаррар созад: а) оё ягон нишондиҳандаи ин проблемаро миқдоран ё сифатан тавсифнамоянда вуҷуд дорад ё не? б) оид ба ин нишондиҳанда ягон ҳисобот ё нишондиҳандаи оморӣ вуҷуд дорад ё не? в) ҳисобот ё рақами оморӣ доир ба он нишондиҳанда боварибахшанд ё не?
- Унсурҳои нисбатан муҳим ё омилҳои проблемаро, ки ҳалли онҳо вазифаи на назарияи иқтисодӣ, технологияи истеҳсолот ва ғ., балки вазифаи сотсиология аст, номбар бояд кард. Масалан, проблема гузошта мешавад, ки сабабҳои маҳсулнокии пасти идоракунӣ аз болои ин ё он сохтори корхона муайян карда шавад. Сотсиологро лозим мегардад, ки ҳал намояд: кадом гурӯҳҳои иҷтимоӣ ё шахсиятҳо дар пайдоиш ва ҳалли ин проблемаҳо ширкат меварзанд, манфиатҳои онҳо чӣ тавр дар ин ҷо таъсир мерасонанд, иштироки онҳо дар ҳалли проблемаи мазкур чӣ тавр ҳавасманд сохта мешавад ва ғ.;
- Унсурҳои аллакай маълуми вазъияти проблемавиро, ки таҳлили махсусро тақозо накарда, балки ҳамчун асоси иттилоотӣ барои баррасии унсурҳои номаълум(масалан, маълумотҳои омор ва ҳисобот маводи муҳими тайёр ба ҳисоб мераванд) баромад менамоянд, ҷудо бояд кард;
- Барои муайян сохтани самти асосии ҷустуҷӯи тадқиқотӣ дар вазъияти проблемавӣ унсурҳои асосӣ ва дуюмдараҷаро аз ҳам ҷудо бояд кард;
- Қарорҳои аллакай мавҷудаи проблемаҳои монандро таҳлил бояд кард. Бо ин мақсад тамоми адабиётро оид ба ин масъала бояд омӯхт.Бо шахсони салоҳиятдор-экспертҳо сӯҳбат бояд гузаронид. Дар нақши экспертҳо одатан мутахассисон-олимон ё шахсиятҳои ботаҷриба баромад менамоянд.
Проблемаи истеҳсолӣ тавассути панҷ сифати асосӣ инъикос меёбад:
1) Моҳият ва мундариҷа. Масалан, маҳсулнокии пасти истеҳсолот, вазъи шиддатнокии баланди иҷтимоӣ –равонӣ дар коллективи меҳнатӣ ва ғ. Зимни муайян намудани проблема бояд муқаррар намуд, ки бо чӣ ва дар кадом асос ҳамаи ин муқоиса карда мешавад. Бояд ба чунин саволҳо ҷавоб дод: барои чӣ мо ҳисоб мекунем, ки махсулнокии истеҳсолот паст асту шиддатнокии иҷтимоӣ баланд аст? Ин пастию баландӣ дар муқоиса бо кадом меъёрҳо ифода ёфтаанд?
2) Мавқеи ҷисмонию ташкилотӣ. Дар кадом сохтор (қисмат, шӯъба, филиал) ва объектҳои физикӣ (заводҳо, фабрикаҳо, анбор, контора) проблема ошкор гардидааст. Дар ташкилот то ба кадом андоза вай васеъ паҳн шудааст.Ба кадом сохторҳо таъсир расонидааст.
3) Шиносоӣ бо проблема. Оё проблема «кушода» (ба ҳама шинос) аст ё «пӯшида»(ба гурӯҳи одамон маълум аст) ? Кадом одамон (идоракунандагон, мутахассисон, коргарон ва ғ.) бо проблема фаро гирифта шудаанд ва аз ҳама бештар ба ҳал намудани он ҳавасманданд?
4) Бузургии мутлақ ва нисбӣ. Дар бузургиҳои мутлақ то ба кадом андоза проблема муҳим аст? Масалан, ҳаҷми пул ё вақти кории аз дастрафта; ҳаҷми иқтидорҳои истеҳсолии истифоданашаванда. Дар бузургии нисбӣ вай то ба кадом андоза муҳим аст? Вай чӣ тавр ба сохторҳое, ки дар он ҷо ошкор гардидааст ва ба одамоне, ки соҳиби он мебошанд, таъсир мерасонад? Ташкилот аз ҳалли проблема чӣ хоҳад гирифт?
5) Андозаҳои замонӣ. Аз кадом вақт ин ҷониб проблемаи мазкур вуҷуд дорад? Вай як маротиба, чандин маротиба ё давра ба давра пайдо мешавад? Тамоюл чӣ гуна аст: проблема муътадил гардид, заиф шуда истодааст ё шиддат ёфта истодааст? Дар натиҷаи таҳлили пешакӣ вазъияти проблемавӣ дар шаклгирии проблема ифодаи равшани худро меёбад. Имкон дорад, ки ин шаклгирии проблема аз проблемае, ки супоришдиҳанда ташаккул додааст, ба таври ҷиддӣ фарқ намояд.
Дар асоси таҳлили пешакӣ барномаи тадқиқи проблемаи мазкур коркард мегардад. Барнома ҳуҷҷати ҳатмии ибтидоии ҳар кадом тадқиқоти сотсиологӣ ба ҳисоб меравад, новобаста аз он ки ин тадқиқот назариявист ё амалист. Ба аҳамият ва зарурати барнома зимни гузаронидани тадқиқоти эмпирикии сотсиологӣ муҳаққиқон баҳои баланд додаанд. Ба қавли профессор Х.Идиев «Барномаи мукаммали коркардшуда – кафили муваффақияти тамоми тадқиқот мебошад»[1]. Барномаи тадқиқоти сотсиологӣ одатан чунин қисматҳоро дарбар мегирад:1) назариявӣ (мақсадҳо, вазифаҳо, предмет ва объекти тадқиқот, таърифи мафҳумҳо); 2) усулӣ (асосноккунии интихобнома, асосноккунии усулҳои ҷамъоварии маълумотҳо, усулҳои коркард ва таҳлили маълумотҳо; 3) ташкилӣ (нақшаи тадқиқот, тартиби тадқиқи сохторҳо, тақсими захираҳои молиявию инсонӣ ва ғайра).
Қобили қайд аст, ки қисмати «Мақсадҳо ва вазифаҳои тадқиқот»-и барнома муносибати супоришдиҳанда ва сотсиологро дар марҳилаи таъйини пешакии натиҷаҳои ба дастоянда ба танзим медарорад, инчунин ҳаҷми хароҷотҳо, вақт ва захираҳои молиявии барои ҳосил намудани натиҷа зарурро муайян менамояд.
Мақсадҳои тадқиқот метавонанд, ки гуногун бошанд. Масалан, агар проблема ҳамчун сатҳи нокифояи идораи сохторҳои ташкилот номгузорӣ шуда бошад, пас мақсад аз таҳлили вазъияти воқеии сабабҳои маҳсулнокии пасти идораи сохторҳои ташкилот, ошкор намудани захираҳои пинҳонию коркард намудани тавсияҳои амалӣ барои тағйир додани вазъият иборат хоҳад буд. Вазифаҳои тадқиқот аз мушаххассозии мақсад аз ҷиҳати ташкилӣ, мундариҷа ва усули истифодашаванда иборат хоҳад буд.
Предмети тадқиқот бошад, масъалаи марказии проблема ба ҳисоб меравад. Дар худи ҳамон як вазъияти проблемавӣ, дар худи ҳамон як объекти эмпирикӣ ҷанбаҳои мухталифи он метавонанд, ки предмети тадқиқот бошанд. Ба қавли дигар, вақте сотсиолог предмети тадқиқотро интихоб менамояд, вай ҳамзамон дар бораи роҳи имконпазири ҳалли проблема, инчунин усулу шаклҳои гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ гипотеза ташаккул медиҳад. Ҳамин тавр, дар нисбати намунаи дар боло овардашуда сотсиолог метавонад тахмин намояд, ки сабаб низоми бемаҳсули қабули қарор аст. Дар ин ҳолат предмети тадқиқот метавонад низоми қабули қарор бошад, ки ин ҳавасманд месозад: 1)тадқиқи роҳҳои қабули қарорро; 2)нақши коллективро дар омодасозию қабули қарор; 3)нақши мутахассисони штатӣ ва роҳбарони бахшҳоро дар қабули қарор; 4)нақши тавсиявию ҳалкунандаи ашхосеро, ки шомили таъсири ғайрирасмӣ буда, барои қабули қарор, татбиқи қарору назорат аз болои он масъулият доранд. Аммо сотсиолог метавонад тахмин намояд, ки сабаби асосии маҳсулнокии пасти идоракунӣ усули роҳбарист. Дар ин ҳолат тадқиқот самти дигарро касб менамояд. Агар дар ҳолати аввал омӯзиши ҳуҷҷатҳо бештар муҳим бошанд, дар ҳолати дуюм пурсиши анкетавию пурсиши тестии равонӣ аҳамияти бештар доранд.
Шарҳи назариявию эмпирикии мафҳумҳо марҳилаи зарурӣ дар коркарди усулҳои тадқиқот ба ҳисоб мераванд. Вай имкон медиҳад, ки се масъалаи асосӣ ҳал гардад: 1) Он ҷанбаҳои мафҳумҳои назариявӣ равшан гарданд, ки дар тадқиқоти мазкур истифода мешаванд; 2) Вай имкон медиҳад, ки проблемаҳои практикӣдар сатҳи дониши назариявӣ таҳлил гарданд ва ҳамин тавр, асоси илмии натиҷаҳо, хулосаву тавсияҳо таъмин карда шаванд. 3)Андоза кардану қайд намудани ҳодисаҳои омӯхташаванда тавассути нишондиҳандаҳои миқдорию оморӣ таъмин карда шавад.
Шарҳи назариявии мафҳумҳо тавассути як қатор марҳилаҳои пайдарпай сурат мегирад. Дар марҳилаи якум вазъияти проблемавиро дар доираи талаботҳои қатъии илмӣ ба шакл даровардану бо истилоҳоти илмӣ баён намудан. Дар марҳилаи дигар ҳар як мафҳумро ба чунин амалиётҳое, ки метавонанд бо усули миқдорӣ тадқиқ гарданд, тақсимбандӣ намуда н.Ғайр аз шарҳи сохтории мафҳумҳо, ки предмети тадқиқотро тавсиф менамоянд, инчунин шарҳи омил будани онҳо зарур аст. Яъне, системаи робитаҳои онро бо объектҳои беруна ва омилҳои субъективии дохилӣ муайян бояд кард.
Мақсади ниҳоии ҳамаи ин амалҳо коркарди чунин мафҳумҳое ба ҳисоб меравад, ки барои ҳисобу қайдгирӣ дастрас мебошанд. Мафҳумҳое, ки чунин лаҳзаҳои оддии воқеияти иҷтимоиро ифода менамоянд, мафҳумҳо – ишораткунандаҳо (индикатор) меноманд. Дар ин ҳолат сотсиолог бояд кӯшиш намояд, ки ба ҳадди ниҳоӣ тавсифи предмети омӯхташавандаро бо мафҳумҳо- ишораткунандаҳо таъмин намояд.
Ташаккул додани гипотеза қисмати ниҳоии омодагии назариявии тадқиқоти эмпирикии сотсиологӣ ба ҳисоб меравад. Гипотезаи тадқиқот – ин тахмини илман асоснок дар бораи сохтори ҳодисаи иҷтимоии омӯхташаванда ё характери робитаҳои байни унсурони он ба ҳисоб меравад. Гипотезаҳо дар асоси фактҳои мавҷудбуда коркард мешаванд. Дар илм қоидаҳои муайяни пешниҳоду санҷиши гипотезаҳо мавҷуд мебошанд: 1) Гипотеза бояд дар ҳолати мувофиқа бо тамоми фактҳое, ки ба он дахолат доранд, қарор дошта бошад. 2)Аз шумораи зиёди гипотезаҳои ба ҳам зидди барои шарҳи силсилаи фактҳо пешниҳод шуда афзалтар ҳамон ба ҳисоб меравад, ки шумораи аксари онҳоро якранг шарҳ медиҳад. 3) Барои шарҳи силсилаи фактҳои ба ҳам алоқаманд лозим аст, ки ҳар чӣ камтар гипотез пешниҳод гардаду ҳамзамон робитаҳои онҳо ҳар чӣ зичтар бошанд. 4)Зимни пешниҳод намудани гипотезаҳо характери эҳтимолии хулосаҳои онҳоро дарк кардан зарур мебошад. 5) Гипотезаҳои ба ҳам муқобилро ба роҳбарӣ гирифтан номумкин аст.
Гипотезаҳо – нуқтаҳои ибтидоии тадқиқот ба шумор мераванд ва марҳилаҳои минбаъдаи тадқиқотҳои эмпирикии иҷтимоӣ аз гипотезаҳои пешниҳодгардида вобастагии бевосита доранд. Вобаста ба дараҷаи назариявии мафҳумҳои шарҳшаванда гипотезаҳо ба гипотезаҳои асосӣ ва хулосавӣ (гипотезаи сабаб ва гипотезаи натиҷа) тақсим мешаванд. Бояд таъкид намуд, ки ташаккули гипотеза – ин тамринҳои назариявии хушку холӣ нестанд, балки коркарди асосҳои мантиқӣ барои ҷамъоварию таҳлили маълумотҳои эмпирикӣ ба ҳисоб мераванд. Агар муҳаққиқ гипотезаҳо ташаккул дода бошад, пас маълумотҳои эмпирикӣ барои санҷиш, исботу инкори онҳо хидмат менамоянд. Агар гипотезаҳо аз худи оғоз пешниҳод нагардиданд, пас сатҳи илмии тадқиқоти сотсиологӣ меафтаду натиҷаю хулосаҳо ҳамчун тавсифи ифодаҳои фоизии ин ё он ишораткунандаҳо ва ҳамчун хулосаҳои бемазаю фач арзёбӣ мегарданд.
Зермавзӯъҳо:
Усулҳои ҷамъоварии маълумоти иҷтимоӣ
[1] Идиев Х.У., Маслова О.М., Самиев Б.Ҷ,, Гиёев Қ.Ҳ. Сотсиологияи амалӣ. – Душанбе,2008.саҳ.18.
Саволҳо барои андеша ва худсанҷӣ
- Марҳилаҳои асосии тадқиқотҳои эмпирикии сотсиологиро номбар кунед.
- Тадқиқоти эмпирикии сотсиологӣ аз чӣ оғоз мегардад?
- Барномаи тадқиқи проблема аз кадом қисматҳо иборат аст?
- Қисмати назариявии барнома кадом ҳадафҳоро пайгирӣ менамояд?
- Қисмати усулӣ (методӣ)-и барнома гузаронидани кадом амалҳоро дар назар дорад?
- Дар қисмати ташкилии барнома кадом амалҳо ба анҷом расонида мешавад?
- Мафҳуми «интихобнома» чиро ифода менамояд?
- Мафҳуми «қобилияти намояндагӣ» (репрезентативнокӣ)-ро шарҳ диҳед.
- Зарурати асоснок намудани ин ё он усули ҷамсъоварии маълумоти эмпирикиро шарҳ иҳед.
- Афзалиятҳои истифодаи усули таҳлили ҳуҷҷатҳоро баён намоед.
- Бартарият ва камбудии усули мушоҳида дар чӣ ифода меёбад?
- Навъҳои усули пурсишро баён намоед.
- Коркарди маълумотҳои ҷамъовардашуда аз кадом қисматҳо иборат аст?
- Барои хулосаю таклиф ва тавсияҳо кадом талаботҳо пешниҳод мешаванд?
Мавзӯъҳо барои рефератҳо
1.Проблема ҳамчун омили зарургардонандаи тадқиқоти эмпирикии сотсиологӣ.
2.Коркарди барномаи муътамад асоси ноилшавӣ ба муваффақият дар тадқиқот.
3.Гипотеза-воситаи баланд бардоштани сатҳи илмияти тадқиқоти сотсиологӣ.
4.Интихобнома: моҳият ва асосноккунии он.
5.Асосноккунии муътамади усулҳои ҷамъоварии маълумотҳои эмпирикӣ – кафили маълумоти воқеъбинона.
6.Мушоҳида ҳамчун усули ҷамъоварии маълумоти эмпирикӣ.
Адабиётҳои асосӣ
- Идиев Х.И. Сотсиология. Душанбе, 2006.
- Идиев Х.У., Маслова О.М., Самиев Б.Ҷ., Гиёев Қ.Ҳ. Сотсиологияи амалӣ.-Душанбе.,2008.
- Мирошниченко И.В. Сотсиология (иҷтимоиёт). Конспекти лексияҳо. Таҳия ва тарҷумаи Одинаев Ё. аз забони русӣ. –Душанбе,2008.
- Решетников А.В. Социология медицины.М.,2007.
- Фролов С.С. Общая социология: Учебник.-Москва: Проспект,
- Социология.Основы общей теории: Учебник для вузов/Отв.ред.академик РАН Г.В.Осипов, действительный член РАЕН Л.Н.Москвичев.-Москва:Норма, 2005.
Адабиётҳои иловагӣ
- Идиев Х.И. Фалсафаи иҷтимоӣ. Душанбе, 2013.
- Общая социология: Учебное пособие / Под общ.ред.проф. А.Г. Эфендиева.-М.: Инфра, 2000.
- Волков Ю.Г., Мостовая И.В. Социология: Учебник для вузов /Под ред.проф. В.И.Добренкова.-М.:Гардерика,2000.
- Тощенко Ж.Т. Социология: Обий курс. -2-е изд.доп. и перераб.-М.: Юнайт-Издат,20003.
- Гидденс Э. Социология.-М.,1999.




















