Насри ривоятӣ. Наср дар адабиёт

Наср каломи ғайриманзум буда, як навъи асари адабӣ ба шумор меравад. Ин навъи асари адабии бевазну қофия аз ҷониби шахсони таълим гирифта ва соҳиби завқу дониш гуфта мешавад. Шахсе, ки худ асари мансур меофарад, нависанда ва эҷодкор аст. Ҳамин гуна як ҷо бо қаламкашони асарҳои манзум ва саҳнавӣ ганҷинаи бузурги маънавӣ ва донишро ба вуҷуд меоранд, ки адабиёти бадеӣ эҷод мешавад. Дар байни мардум нақл, қисса, афсона, латифа, тарона ва ғайра аз замонҳои қадим мавҷуданд, ки онҳоро шахсони соҳибзавқ, яъне ровиёну ноқилон гуфтаанд ва боз дар тӯли асрҳо бо сухану фикру хоҳиши мардум сайқал ёфтаанд. Ин хазинаи бузурги маданиро эҷодиёти шифоҳии (даҳонии) мардум (фолклор) меноманд. Адабиёти бадеӣ дар асоси фолклор ба вуҷуд омадааст ва ҳамеша аз ин хазинаи маънавӣ истифода менамояд.

Қадимтарин осори манзум, ки ба забони порсии дарӣ ба вуҷуд омада буд, ба асри VIII тааллуқ дорад. Дар ин давра дар корномаҳои ҳокимону паҳлавонони афсонавӣ ва воқеаҳои таърихию саргузаштии ниёгони қавмҳои эронинажод шоҳномаҳо ва достонҳои қаҳрамонӣ таълиф шуда буданд. Беҳтарин намунаи насри порсии дарӣ, ки аз асри X то рӯзгори мо боқӣ мондааст, муқаддимаи «Шоҳномаи Абӯмансурӣ»-ст, ки соли 958 бо супориши сипаҳсолори Хуросон Абӯмансур Муҳаммад Абдурраззоқ мураттаб гардида буд.

Яке аз навъҳои адабиёти шифоҳӣ насри ривоятӣ мебошад, ки китобҳои «Доробнома», «Ҳазору як шаб», «Калилаву Димна», «Синдбоднома», «Тӯтинома» ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Хусусияти ин навъи наср дар он аст, ки мусаннифони он барои ба як тарзи мураттаб ба хонанда пешниҳод намудани маҷмӯи ҳикоятҳо ривоят ё ҳикоятеро интихоб карда, ҳикоятҳои дигарро ба воситае ба ҳикояти василп мепайванданд. Ҳадафи асосӣ дар ин маврид ҳамон ҳикоятҳои  дохилӣ  буда,  ҳикояти васила чун воситаи ёрирасон хидмат мекунад. Ҳар як асари ривоятӣ вазифаи муайяни ғоявиро адо менамуд. Мусаннифону ровиёни ин гуна асарҳо мекӯшанд, ки ба воситаи ҳикоятҳои  овардаашон беҳтарин хислатҳои инсониро тарғиб намуда, рафтору кирдори одамони зиштро фош кунанд. Дар бештари асарҳои ривоятӣ сухан аз рафтору кирдор ва амалиёти подшоҳону вазирон меравад.

Мазмуни баъзе ҳикоятҳои асарҳои ривоятӣ ба он далолат мекунад, ки шоҳон қудрату тавоноии давлатро дар адлу инсоф донанд, ба қадри ходимони илму маърифат бирасанд, шахсони оқилу доно ва поксириштро ба мансабҳои давлатӣ ҷалб намоянд, дар ҳалли муҳимтарин корҳои давлатӣ бо аҳли илму маърифат машварат кунанд, дар атрофи худ мардуми бахилу кӯтоҳандешро роҳ надиҳанд ва ғайра.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Хусусиятҳои назму наср ва радифу қофия


Наср чист?, насри точик, насри точики, адабиёти точик.

ҚаблӣАдабиёт чист? | Ададбиёти тоҷик
БаъдӣАбулқосими Фирдавсӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед