Адабиёт чист? | Ададбиёти тоҷик

Адабиёт як навъи ҳунар буда, дар тафовут аз меъморӣ, наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, гулдӯзӣ, рассомӣ, мусиқӣ, театр, кино, рақс ва суруд ҳаёти воқеиро бо сухан тасвир мекунад.

Адабиёт калимаи арабӣ буда, шакли ҷамъи «адаб» аст ва маънои фазилатҳои маънавӣ (одоб, хулқи нек, хушгуфторӣ, хушрафторӣ ва ғайра)-ро дорад.

Адабиёт ба маънои васеъ ва маҳдуд фаҳмида мешавад. Агар адабиёти сиёсӣ, илмӣ ва ғайра дар назар дошта шуда бошад, ин дарки адабиёт ба маънои васеъ аст. Агар адабиёти бадеиро дар назар дошта бошем, маънои маҳдуд ё мушаххасаш он аст, ки маҷмӯи асарҳои бадеиро дар бар мегирад. Адабиёти бадеӣ ҳақиқати ҳаётро ба воситаи тасвири манзара ва нақшҳои бадеӣ дар симои одамон, табиат, шароиту муҳити зист инъикос менамояд.

Нақшҳои бадеӣ манзараҳои ҳаёти зоҳирӣ ва ҳолати ботинии инсонро фаро мегиранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Адабиёти бадеӣ донишҳои моро дар бораи таърихи гузашта, тамаддун ва фарҳанги ватанию ҷаҳонӣ зиёд мекунад.

Аз мутолиаи адабиёти бадеӣ мо бо тасвирҳои пурранги бадеии офаридаи нависанда вомехӯрем, ки онҳо хулқу рафтори намуна доранд ва мо аз онҳо ибрат мегирем. Нақшҳои наҷибу адабиёти бадеӣ моро дар рӯҳияи накукорӣ, покизаахлоқӣ, баинсофӣ ва раҳмдилӣ, вафодорию садоқат, кордӯстию рағбат ба илму ҳунар, шарафмандию ҳисси ифтихор, инсондӯстию меҳанпарварӣ, боиродагию мубориза дар роҳи расидан ба мақсад, боҳимматию ҷавонмардӣ, нотарсию ростқавлӣ, ҷасурию шуҷоатмандӣ, хулоса, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбия намуда, ниҳод ва тинати моро аз танбалӣ, ҳирсу ҳасад, бухлу кина, бадбинию беадолатӣ, маҷмӯан аз тамоми хислатҳои бад пок мекунад. Ҳангоми мутолиаи адабиёти бадеӣ лафзи равону шевои нависанда, тасвири манзараҳои табиати дилфиреб, васфи симою сурати зебо ва дилкаши қаҳрамонҳои мусбат, лутфу нозукбаёнӣ, истифодаи воситаҳои тасвири бадеӣ ва санъатҳои лафзӣ ҳисси зебоифаҳмии мо бедор мешавад, завқи эстетикӣ моро ба сайри боғу бӯстони олами зебоӣ даъват менамояд.

Аз ин рӯ, адабиёти бадеӣ аҳаммияти барҷастаи таълимӣ тарбиявӣ ва эстетикӣ дорад.

Адабиёти бадеӣ аз эҷодиёти шифоҳии халқ фолклор сарчашма мегирад. Ҳатто дар замонҳое, ки хат вуҷуд надошт, одамон суруд

мехонданд, нақлу ривоятҳо ҳикоя мекарданд, афсона мегуфтанд. Матни сурудҳо дар шакли назм ва матни нақлу ривояту афсонаҳо дар шакли наср маҳсули эҷодиёти шифоҳии одамони бесавод буд. Бинобар ин, адабиёт аз они халқ аст ва бояд барои халқ эҷод шавад.

Баробари инкишофи ҳаёт ҷомеа, илм, фарҳанг пеш рафт ва адабиёт низ сайқал ёфт. Тамоми осори бадеӣ ба се ҷинси адабӣ ҷудо шуд: назм, наср, драматургия.

Асарҳои манзумро аксар асарҳои лирикӣ мегӯянд, ки ба онҳо дубайтӣ, рубоӣ, қитъа, ғазал, мусаммат ва ғайра дохил мешаванд.

Асарҳои мансурро асарҳои эпикӣ (аз калимаи эпос, яъне нақлӣ) меноманд, ки жанрҳои ҳикоя, латифа, очерк, қисса, роман ва дигар асарҳои калонҳаҷми нақлиро дар бар ме- гиранд.

Ба ҷинси сеюм асарҳое мутааллиқанд, ки ба саҳна гузошта шуда, мазмуну мундариҷаи ғоявии онҳоро ҳунарпешаҳои театр бо ҳаракат ва амалиёту санъати актёрӣ пешкаши тамошобин мегардонанд. Ин ҷинси адабӣ драматургия ном дорад ва жанрҳои комедия (мазҳака) ва трагедия (фоҷиа)- ро дар бар мегирад. Асарҳои мазҳакавӣ аз аввал то охири намоиш бо хушҳолӣ мегузаранд. Асарҳои фоҷиавӣ бо ҳисси ғаму андҳ намоиш дода мешаванд, ки бо нокомии қаҳрамонони асар анҷом меёбанд.

Адабиёт чист?


Адабиёт чист?, Адабиёти точик, адабиёти бадеи.

ҚаблӣТарзи навиштан ва таёр кардани ФАРМОН
БаъдӣНасри ривоятӣ. Наср дар адабиёт

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед