Гуногуншаклии рустаниҳои лучтухм

Гуногуншаклии рустаниҳои / растанихои лучтухм.


Аз рустаниҳое, ки то алҳол шинос шудаед, лучтухмон бо доштани тухм фарқ мекунанд. Инчунин, лучтухмон аз ушнаҳо, чилбанд ва сарахсҳо бо он фарқ мекунанд, ки дар онҳо барои бордор шудани ҳуҷайратухм қатраи об ҳамчун омили муҳим, дигар зарурат надорад. Ин ҳолат ба рустаниҳои лучтухм имкон дод, ки дар минтақаҳои гуногуни рӯйи замин нашъунамо кунанд вa ҷангалҳои анбӯҳро ба вуҷуд оваранд.

Раванди бордоршавӣ дар ҳамаи рустаниҳои тухмҳосилнакунанда агар дар об гузарад, дар рустаниҳои лучтухм равиши афзоиши ҷинсӣ ба мавҷудияти муҳити обӣ эҳтиёҷ надорад. Раванди бордоршавии лучтухмон ҳатто дар шароити биёбон ҳам амалӣ гашта метавонад.

Ҳамаи рустаниҳои лучтухми дар айни замон нашъунамокунанда ва намояндагони қадимаю нобудшудаи онҳо одатан, рустаниҳои буттагӣ ва дарахтӣ мебошанд. Шаклҳои алафии онҳо номаълуманд. Аксари ин рустаниҳо чун сутун ба боло (рост) қад кашида, баландии қади онҳо аз якчанд метр то 40-50 м ва дар баъзе намояндагони он то 100 м мерасад. Баъзе намудҳои рустаниҳои лучтухм сершох буда, баргҳояшон сӯзаншакл ё пулакчамонанди ҳамешасабз (ё дар баъзе намудҳо баргашон ҳар сол хазон мешавад) мебошад. Гурӯҳи дигари рустаниҳои лучтухм шохрониашон кам ва баргҳояшон нисбатан калони паршакл мебошад.

Дар байни лучтухмон рустаниҳои сӯзанбарг мавқеи намоёнро доро мебошанд. Чунин ном гирифтани онҳо аз рӯйи шакл ва сохти баргашон бармеояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Рустаниҳои сӯзанбарг дар айни замон зиёда аз 560 намудро дар бар мегиранд. Онҳо дар қисми шимолии Аврупо, Осиё, Амрикои Шимолӣ бешазорҳое ба вуҷуд овардаанд, ки бештар мансуби ин ё он намуди дарахтон мебошанд. Дар баъзе ҳолатҳо онҳо бо рустаниҳои паҳнбарг якҷоя нашъунамо карда, бешазорҳои омехтаро ба вуҷуд меоваранд. Рустаниҳои сӯзанбарг инчунин дар қисми ҷанубии кураи Замин, хусусан дар минтақаҳои иқлимашон муътадили Зеландияи Нав, Австралия ва Амрикои Ҷанубӣ низ васеъ паҳн шудаанд.

Намояндагони қадимтарини сӯзанбаргон дар натиҷаи ҳодисаву равандҳои номатлуби геологӣ аксаран нобуд шуда, дар айни замон гурӯҳи ками онҳо дар соҳилҳои Уқёнуси Ором (хусусан, дар қисми ҷанубу шарқиаш), Хитойи Марказӣ, Тайван, Япония, Каледонияи Нав, Тасмания, Гвинеяи Нав, ҷануби Чили ва ғайраҳо боқӣ мондаанд.

Сӯзанбаргон дар заминҳои регзор, кӯҳҳои оҳаксангдор, тарқиши шахпораҳои урён (луч), ботлоқҳо ва пастхамиҳои кӯҳсорон бештар вомехӯранд.

Сӯзанбаргон нисбат ба равшании офтоб талаботи гуногун доранд. Аз ин рӯ онҳоро ба дарахтони соядӯст ва равшанидӯст ҷудо мекунанд.

Дар Тоҷикистон аз рустаниҳои сӯзанбарги худрӯй, асосан, арча ва сарв бештар маъмул аст.

Бисёр намояндагони рустаниҳои сӯзанбарг, агарчи намудҳои муқимии Тоҷикистон ба ҳисоб нараванд ҳам, барои қади зебою баландашон ва барои ҷилои рангбарангу ҳамешасабзашон дар кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳои шаҳру деҳот, гулбоғҳо, назди мактабу биноҳои маъмурӣ парвариш карда мешаванд. Ба ин мақсад бештар арчаи виргинӣ, дарахти азимҷуссаи мамонт, сарв, санавбар, сарвиноз (туйя), сидра (кедр), сурхдор (тис), коҷ (ель) ва ғайраҳо мавриди истифода қарор доранд. Ин дарахтони номбаршуда на танҳо ҳаворо аз оксиген бой мегардонанд, инчунин, ба ҳусни хиёбонҳо ҳусн зам мекунанд.

Барги аксарияти сӯзанбаргон тамоми сол сабз аст. Зеро барги онҳо яку якбора нарехта, балки тадриҷан, бо навбат мерезанд ва ба ҷойи баргҳоиафтида баргҳои нав месабзанд. Бар замми ин, барги рустаниҳои сӯзанбарг вобаста ба намудҳояшон ҳар хел умр мебинад, яъне аз ду сол cap карда, дар баъзе намудҳо то 4-6 сол. Вобаста ба синну солашон баргҳои онҳо бо навбат меафтанд ва гӯё онҳо ҳамеша сабзанд.


Тестҳо

1.Аз рӯйи кадом хусусияти асосӣ лучтухмҳо аз чилбанд, сарахсҳо ва ушнаҳо фарқ мекунад?

  • А. Ба хушкӣ тобоваранд
  • Б. Барои раванди ҷинсӣ қатраи об дигар зарурат надорад
  • В. Танҳо шакли буттагӣ доранд
ҚаблӣСарахсшаклҳои қадима ва ҳосил шудани ангиштсанг
БаъдӣАрча. Сарв. Санавбар (маълумот)