Навъҳои мафҳум (Навъхои мафхум)

Навъҳои мафҳум (Навъхои мафхум).


Одатан, ҳангоми ба навъҳо тақсим намудани мафҳумҳо асосҳои зеринро ба назар мегиранд: 1) миқдори ашёе, ки дар мафҳум таъмим мешаванд; 2) навъи ашёи таъмимшаванда; 3)  хусусияти нишонаҳое, ки аз рӯи онҳо ашё ҷудо шуда,таъмим мешаванд.

Дар чунин таснифот пеш аз ҳама мафҳумҳои содда (яъне мафҳуме, ки мазмунашро тавассути предикати сода ифода кардан мумкин аст) дар назар аст ва шакли мантиқиашон чунин аст: х А(х).

  1. Аз рӯи миқдори ашёи таъмимшаванда мафҳум ба ду навъ: мафҳуми ҳаҷман холӣ (сифрӣ) ва мафҳуми ғайрихолӣ (ҳаҷмаш ба сифр баробар нест) тақсим мешавад.

Мафҳумеро, ки мазмунашро маҷмӯи  нишонаҳои ба ягон чиз таал-луқ надошта  ташкил медиҳад, мафҳуми ҳаҷман холӣ меноманд. Нишо-наҳои мафҳуми холӣ ба ягон чиз мансуб нестанд. Масалан: 1) «ҳаракат-диҳандаи абадӣ». 2) «моддае, ки фулузот буда, қобилияти барқгузаро-ниро надорад». 3) «шахсе, ки тамоми забонҳои шарқро медонаду, аммо забони арабиро намедонад». Дар мисоли охир, ба шарте, ки забони арабӣ ҳам  яке аз забонҳои шарқӣ ба шумор равад

Сабаби холӣ будани мафҳумҳои мазкур якхела нест. Масалан, сабаби холӣ будани ду мафҳуми аввал зиддиятнокии мазмуни воқеии онҳост. Аниқтараш, дар донишҳое, ки мо дорем, мазмуни онҳо зиддиятнок аст. Аз нуқтаи назари қонуни бақои энергия мазмуни мафҳуми якум зиддиятнок аст. Мазмуни мафҳуми дуюм бошад ба дониши маълуми «ҳа-маи металлҳо қобилияти барqгузарониро доранд» мухолиф аст. Бинобар ин ҳаҷми воқеии ду мафҳуми аввал холист. Аммо, ҳаҷми мантиқии ин мафҳумҳо холӣ нест. Мазмуни мафҳуми сеюм бошад худ ба худ  мухолиф аст. (мухолифати  мантиқӣ). Ҳаҷми ин мафҳум мантиқан холист.

Мазмуни воқеии мафҳуми хА(х) ҳамон вақт зиддиятнок мешавад, ки агар донише, ки онро тавассути маҷмӯи гуфторҳо Г – ишора мекунем мавҷуд бошад ва онҳо байни худ дар муносибати зерин бошанд: Г, А (х) ¦- 3дт (3дт-зиддият), яъне аз формулаҳои мазкур формула ва дар айни ҳол инкори ҳамин формула бармеояд ё ки B∧ℸB,Г¦-ℸA(x). Мазмуни мантиқии мафҳуми хА(х) ҳамон вақт зиддиятнок мешавад, ки агар таносуби зерин: А(х) ¦- 3дт ҷой дошта бошад ё ¦- ℸA(x). Зиддиятнокии мазмуни (ҳам мантиқию, ҳам воқеӣ) мафҳумро тавассути ҳисоби предикатҳо собит кардан мумкин аст.

Пайдоиши мафҳумҳое, ки мазмуни мантиқиашон зиддиятнок аст, бо хатоҳои дар ҷараёни маърифат рӯйдиҳанда вобастаанд. Баъзан чунин хатоҳо ҳангоми ташаккули мафҳумҳои мураккаб, масалан дар риёзиёт рӯй медиҳанд.

Мафҳумҳое, ки мазмуни мантиқиашон зиддиятнок набуда, мазмуни воқеиашон зиддиятнок аст, дар мавридҳои зерин ба вуҷуд меоянд.

Якум. Мафҳумҳое, ки дар соҳаи гуногуни илм ташаккул меёбанд, на фақат дар бораи ашёи воқеӣ (ашёе, ки мавҷудияташон собит гардидааст),балки ашёеро фаро мегиранд, ки вуҷудашон тахмин мешавад. Ҳангоми ташаккули мафҳумҳои ашёи тахминшуда хусусияти фаъолно-кии маърифат мушоҳида мешавад. Таҳқиқи минбаъда метавонад собит намояд, ки ба ин гуна мафҳумҳо дар воқеияти реалӣ ягон ашё мувофиқ нест ва мазмуни воқеии онҳо низ зиддиятнок аст.

Масалан, мафҳумҳои «эфири олам», «мавҷудоти зинда, ки дар Миррих зиндагонӣ мекунанд», дар ҳамон лаҳзае, ки онҳо ташаккул меё-банд, мазмуни воқеияшон зиддиятнок нест, вале, дар ҷараёни инкишофи дониш мазмун метавонад зиддиятнок шавад.

Дуюм. Баъзан мафҳумҳое дучор мешаванд, ки мазмуни онҳо аз лаҳ-заи ташаккулашон сар карда, нисбат ба донишҳои мавҷуда мухолиф мебошанд. Зеро ашёе, ки дар онҳо таъмим мешаванд, дар воқеияти реалӣ вуҷуд надоранд. Масалан, «гази идеалӣ», «ҷисми мутлақ сиёҳ». Лекин, чунин мафҳумҳо барои мураттаб сохтани назарияҳои илмӣ лозиманд. Мазмуни онҳо дар ҳудуди чунин назарияҳо ғайризиддиятнок аст.

Одатан, дар байни мафҳумҳои ғайрихолӣ баъзан мафҳумҳои фардӣ  ва куллиро ҷудо менамоянд. Мафҳумҳое, ки ҳаҷмашон аз як чиз ё унсур иборатанд, мафҳуми фардӣ ва мафҳумҳое, ки ҳаҷмашон аз ду ва ё зиёда чиз ё унсурҳо иборатанд, мафҳуми куллӣ номида мешаванд. Ба ҳамин тариқ, ҳаҷми мафҳуми куллиро гурӯҳ (иборат аз ду ва ё зиёд) – унсур ташкил медиҳад.

Аз рӯи навъи ашёи таъмишаванда мафҳумҳо ба мафҳумҳои ҷомеъ ва ғайриҷомеъ, инчунин ба мушаххасу таҷридӣ тақсим мешаванд. Маф-ҳуме, ки унсури ҳаҷми он на ин ки фард, балки маҷмӯи ашёи якҷинса, ки ҳамчун як чизи бутун тасаввур мешаванд, мафҳуми ҷомеъ номида меша-вад. Бо ибораи дигар, унсури ҳаҷми мафҳумҳои ҷомеъ ягон дастгоҳ (маҷмӯи ашёи якҷинса, ки ба ҳам васл шудаанд) мебошад. Масалан, «халқ», «команда», «артиш» ва ғайраҳо. Дар мафҳумҳои мазкур муво-фиқан халқҳо, командаҳо ва артишҳо таъмим шудаанд, ки ҳамаи онҳо мафҳуми куллианд. Мафҳумҳои ҷомеъ метавонанд фардӣ бошанд. Маса-лан «тими Истиқлол» «артиши миллии Тоҷикистон» ва ғайраҳо.

Мафҳумҳое, ки унсурҳои ҳаҷмашон чизи алоҳида  буда метавонанд, мафҳумҳои ғайриҷомеъ ном доранд. Масалан, «сайёраи системаи Офтобӣ», «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «намояндаи Маҷлиси олии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон» ва ғайра.

Дар мафҳумҳои мушаххас  ашё чун зуҳуроти воқеият таъмим мешаванд. Масалан, «ҷиноят», «давлат», «қонун», «ҳуқуқшинос», «электрон» ва ғайра.

Мафҳуми таҷридӣ (абстрактӣ) бошад, танҳо ягон ҷиҳат, хосият ё муносибати ашёю зуҳуроти воқеиятро инъикос менамояд. Масалан, «истеъдод», «ҷасорати капитани милитсия Аҳмадов», «матонат», «сазовори ҷазо будани кирдори Шамсиев» ва ғайра).

Одатан, мафҳумҳои мушаххас ва таҷридӣ аз якдигар аз рӯи прин-сипи зерин фарқ кунонида мешавад: агар дар мафҳум ашё иникос шуда бошад, вай мафҳуми мушаххас аст, ки дар мафҳум бевосита ашё ё зуҳу-рот не, балки хосият ва муносибати онҳо инъикос ёфта бошад, пас ин гуна мафҳум абстрактӣ мебошад.

Аз рӯи хусусияту нишонаҳое, ки мувофиқи онҳо ашё ҷудо шуда таъмим мешаванд, мафҳумҳо ба мусбат, манфӣ, инчунин, нисбатдор ва бенисбат таксим мешаванд. Агар мафҳум нишонае, ки ба чиз мансуб аст, (яъне  нишонаи мусбат) инъикос кунад, мафҳуми мусбат ном дорад ва агар мафҳум ба чиз дахл надоштани ягон нишонаро (яъне нишонаи ман-фӣ) инъикос кунад, пас вай манфӣ номида мешавад. Масалан, мафҳум-ҳои «одами бодавлат», «шахсе, ки ба забони англисӣ гуфтугӯ мекунад», «шахси муътақид» ва ғайраҳо мафҳумҳои мусбат буда, мафҳумҳои «ода-ми камбағал», «шахси беэътиқод», «шахси беадаб», «бесавод», «бепарастор», «шахсе, ки забони англисиро намедонад» – манфӣ мебошанд.

Савол пайдо шуданаш мумкин аст, ки тақсимоти мазкур нисбат ба  мафҳумҳои мураккаб чӣ хел сурат мегирифта бошад?

Ҷавоб: Усули ягонае, ки тавассути он гӯё тамоми мафҳумҳои му-раккаб фаро гирифта мешуда бошад, вуҷуд надорад. Бинобар ин, мо дар ин ҷо чунин усулро баён карда наметавонем. Ба ин нигоҳ накарда, мо баъзе усулҳои муайян намудани мафҳумҳои мусбат ё манфиро нисбат ба мафҳумҳои мураккаб барои хонандагон пешкаш менамоем. Агар мазму-ни мафҳуми мураккабро дар намуди формулаи A1(x) A2(x) … An(x), ки дар ин ҷо Ai (x)=B1(x)VB2(x)… VBk(x),(n≥1,k≥1) аст, ифода кардан мум-кин бошад ва чунин аъзои конъюнксия Ai(x) мавҷуд бошад, ки аъзои дилхоҳи дизъюнксия Bj(x) нишонаи манфиро ифода кунад, он гоҳ маф-ҳуми мураккаб манфӣ мебошад. Дар ҳолати баръакс, мафҳум мусбат аст. Мисоли мафҳуми мураккаби мусбат: «шахсе, ки забонҳои англисӣ, немисӣ, франсавӣ ва арабиро медонад». Мисоли мафҳуми мураккаби манфӣ: «шахсе, ки забонҳои англисиву немисиро медонад, лекин забонҳои фран-савӣ ё арабиро намедонад».

Акнун, мафҳумҳои нисбатдор ва бенисбатро шарҳ медиҳем. Мафҳумҳои нисбатдор чизеро инъикос мекунанд, ки якеи он бе дигараш ву-ҷуд дошта наметавонад. Ин мафҳумҳо танҳо нисбат ба дигар мафҳумҳо дорои маъно мебошанд. Масалан, «падар», «модар», «сардори идора». Дар ин ҷо мафҳумҳои «падар» ё «модар» бе мафҳуми «фарзанд» маъно надоранд.

Агар аз ду мафҳум, дар яке аз онҳо ашё аз рӯи муносибаташон ба ашёи дигар ва дигараш – аз рӯи муносибати онҳо ба ашёи мафҳуми якум, ҷудо бошанд, пас, ин мафҳумҳоро мафҳумҳои мутаносиб меноманд. Масалан, «сабаб», «натиҷа» Сохти мафҳумҳои соддаи нисбатдор чунин аст: xR(x,y); xℸR(x,a); x ∃yR(x,y); x∃yℸR(x,y); x∀yR(x,y); x∀y ℸR(x,y).

Дар мафҳумҳои бенисбат ашё дар асоси ба онҳо мансуб будан ё набудани хосиятҳо ҷудо мешаванд.

Агар дар байни маҷмӯи (конъюнксия) нишонаҳои навъии ашё нишонаҳое бошанд, ки онҳо мавҷуд будан ё набудани муносибатҳоро дар байни ашё ифода кунанд, пас, ингуна мафҳумро мафҳуми мураккаби нисбатдор меноманд. Масалан, мафҳуми «одаме, ки дорои маълумоти олӣ буда, ягон забони хориҷиро намедонад» мисоли мафҳуми мураккаби нисбатдор аст.

Мафҳумҳое, ки мо дар ин параграф таҳлил намудем мафҳумҳое мебошанд, ки ҳаҷми онҳоро силсилаашё ташкил медиҳанд.

ҚаблӣМазмун ва ҳаҷми мафҳум
БаъдӣАхлоқ – Хазинаи маърифат