Нури координатӣ. Координатаи нуқта

Нури горизонталиеро тасвир менамоем, ки аз нуқтаи О оғоз меёбад (расми 28). Дар он нуқтаи В-ро қайд мекунем. Дар поёни нуқтаи О адади 0, дар поёни нуқтаи В адади 1 менависем. Порчаи ОВ-ро минбаъд порчаи воҳидӣ меномем.

Порчаи воҳидиро аз ибтидои нур ду маротиба пайиҳам гузошта, охири онро бо 2, се маротиба пайи ҳам гузошта, охири онро бо 3 ва ғайра ишора мекунем.

Ҳамворӣ. Хати рост. Нур

Азбаски нур интиҳо надорад пас, барои ҳамаи ададҳо дар он нуқтаи мувофиқ ёфт мешавад. Дар натиҷа мо шкалаи беохирро ҳосил мекунем. Ҳамин шкалаи самтдор нури ададӣ ё нури координатӣ номида мешавад. Дар расми 28 ба нуқтаи А адади 9 мувофиқ омадааст. Ҳамин адади 9 координатаи нуқтаи А номида шуда ин тавр навишта мешавад: А(9).

Ҳамин тавр, 0(0); В(1) ва С(5) аст. Дар нури координатӣ ба ҳар як адад як нуқта ва ба ҳар як нуқта як адад мувофиқ меояд. Пас маълум мешавад, ки нуқтаҳои гуногун координатаҳои гуногун ва нуқтаҳои якхела координатаҳои баробар доранд.


Калидвожа(keywords): Нури координати. Координатаи нукта, порчаи вохиди чист,  нури адади чист, нури координати чист, координатаи нуктаи А чи тавр ёфта мешавад, координата чист?, кордината бо забони точики, кордината чист?

ҚаблӣҲамворӣ. Хати рост. Нур
БаъдӣҶамъи ададҳои натуралӣ