Ҷамъи ададҳои натуралӣ

Ҳангоми ҷамъи ду адади натуралӣ адади сеюми натуралӣ ҳосил мешавад. Онро суммаи ин ду адад меноманд. Ададҳое, ки бо ҳам ҷамъ мешаванд, ҷамъшавандаҳо ном доранд.

Масалан, дар навишти 87+92=180 ададҳои 87 ва 92 ҷамъшавандаҳо буда, адади 180 суммаи онҳо мебошад.

Масъала. Коргари якум дар як рӯз 52 хишт ва коргари дуюм дар ҳамин муддат 73 хишт рехт. Ҳар ду коргар якҷоя, дар як рӯз чандто хишт рехтанд?

Ҳалли масъала аз ҷамъ кардани ададҳои 52 ва 73 иборат аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Менависем: 52+73=125.

Ҷавоб: 125 дона.

Ҷамъи ададҳои натуралиро бо воситаи нури координатӣ маънидод намудан мумкин аст. Бигузор ҷамъ кардани ададҳои 4 ва 6 талаб карда шудааст. Дар нури координатӣ нуқтаи А(4)-ро қайд мекунем (расми 31).

Аз ин нуқта ба андозаи 6 порчаи воҳидӣ ба самти рост ҷой иваз карда, ба нуқтаи В(10) меоем. Бинобар ҳамин, 4+6=10 аст.


Мисоли 1. Масоҳати майдони якум 46 м2 ва масоҳати майдони дуюм 124 м2-ро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии ҳар ду майдон чанд м2 аст?

Масоҳати умумии ин ду майдон ба суммаи масоҳатҳои онҳо баробар аст, аз ин рӯ, масоҳати умумии майдонҳо ба

46 м2+124 м2=170 м2 баробар мебошад.

Ҷавоб: 170 м2.


Мисоли 2. Дар ибтидои моҳи август дарозии қади офтобпараст ба 1 м 64 см баробар буд. Дар давоми моҳ он ба андозаи 72 см афзоиш ёфт. Дар охири моҳи август баландии қади офтобпараст ба чанд баробар шуд?

Азбаски 1 м 64 см=164 см аст, пас дар охири моҳи август баландии қади офтобпараст ба 164 см+72 см=236 см=2 м 36 см баробар шуд.

Ҷавоб: 2 м 36 см.


Мисоли 3. Дарозии қисмҳои хати шикастаи АВСД (расми 13) дода шудааст: АВ = 3 см 4 мм, ВС = 6 см 2 мм, СД = 3 см 8 мм, ДЕ = 3 см 6 мм. Дарозии хати шикастаи АВСДЕ-ро меёбем.

Дар асоси таърифи хати шикаста дарозии он ба суммаи дарозиҳои қисмҳояш баробар аст. Аз ин рӯ, АВСД = АВ +   ВС + СД + ДЕ = 3 см 4 мм + 6 см 2 мм + 3 см 8 мм + 3 см 6 мм=17 см мебошад.

Ҷавоб: 17см


Мисоли 4. Дар ҳар дақиқа ба ҳавз 16 литр об ворид мешавад. Дар 5 дақиқа дар ҳавз чӣ қадар об ҷамъ мешавад? Дар ҳар дақиқа ба ҳавз 16 л об ворид мешавад. Бинобар ҳамин, дар 5 дақ. ба он 16+16+16+16+16=80 л об ворид мегардад.

Ҷавоб: 80 литр.


Чамъи ададхои натурали, сумма чист? Чамъшаванд чист? Сайти donishju tj, чамъ чист, бо забони точики, ададхоро чи тавр чамъ кунем

ҚаблӣНури координатӣ. Координатаи нуқта
БаъдӣОдоби сухан кардан бо мардумон