Обсабзҳои сабзи тӯдашакл (колонияшакл)

Обсабзҳои сабзи тӯдашакл (колонияшакл). Обсабзхои сабзи тудашакл (колонияшакл).


Яке аз намояндаи обсабзҳои тӯдагӣ, ки дар обҳои ширини обанборҳо ва кӯлҳо васеъ паҳн гардидааст, волвокс мебошад. Волвокс курашакл буда, рангаш сабз аст. Ҳар як тӯда андозааш (қутраш) аз 0,5 то 1-3 мм буда, аз 60-70 ҳазор ҳуҷайра иборат аст. Ин миқдори ҳуҷайраҳо як қабатро ҳосил карда, ба таври даврагӣ ҷойгир шудаанд. Дохили кура ковок буда, бо моддаи луобӣ пур гардидааст. Ҳар кадоме аз ҳуҷайраҳо дутогӣ қамчинак доранд, ки онҳо ба самти беруни кура нигаронида шудаанд.

Ин ҳуҷайраҳо аз рӯйи шаклашон ба хламидомонада монанд буда, нашвианд ва қобили афзоиш нестанд. Онҳо вазифаи ҷаббидани об ва моддаҳои ғизоиро иҷро мекунанд. Дар дохили волвокс, одатан, якчандто тӯдачаҳои хурди духтарӣ мавҷуданд, ки аз ҳуҷайраи нисбатан калони модарӣ ҳосил шудаанд. Дар оқибати кор ин тӯдаҳои духтарӣ девори ҳуҷайраҳои модариро дарронда, аз он берун мешаванд ва ба зиндагии мустақилона шурӯъ мекунанд. Дар натиҷа кураи модарӣ нобуд мешавад. Ин ҳолат ҳангоми афзоиши нашвӣ ва ғайриҷинсӣ ба амал меояд.

Афзоиши ҷинсии волвокс хусусияти ба худ хос дорад ва аз афзоиши ҷинсии хламидомонада фарқ мекунад. Баъзе ҳуҷайраҳои тӯда антеридия (ҳуҷайрачаҳои ҷинсии мардона) ҳосил мекунанд, ки дар он нутфаи дуқамчинакдори зардранги хурд ба вуҷуд меояд. Ҳуҷайраҳои дигар ба оогонияи курашакли рангаш сабзи сиёҳтоб табдил меёбанд. Дар дохили ҳар кадом оогония (ҷое, ки ҳуҷайраҳои ҷинсии занона иикишоф меёбанд) яктоӣ тухмҳуҷайра мавҷуд аст. То давраи бордоршавӣ нутфаҳо аз антеридия ба об баромада ба сӯи оогонияҳо ҳаракат мекунанд. Ҳар яке аз нутфаҳо ба оогония дохил шуда, ҳуҷайратухмро бордор мекунанд. Дар натиҷаи бордоршавӣ зиготаи сурхранг ба вуҷуд меояд, ки аз берун бо қабати (пардаи) ғафс пӯшида шудааст. Пас аз сипарӣ гаштани давраи оромӣ (баҳорон), зигота тадриҷан тақсим шуда, дар натиҷа тӯдаи нави волвокс ташаккул меёбад.

Тӯрчаи обӣ шакли тӯрхалтаи сарбастаро дошта, одатан, дар обҳои сустҷараёни ширин, ки аз моддаҳои нитрогенӣ бой аст, зиндагӣ мекунад. Андоза ё қутри он то 10-15 см буда, бо чашми одӣ ба хубӣ дида мешавад. Деворҳои тӯрхалта аз ҳуҷайраҳои дарози силиндршакл, ки бо нӯгҳояшон ба ҳамдигар часпида, ҳуҷайраҳои панҷ-шашқирраро пайдо кардаанд, иборатанд. Ситоплазма бо ядроҳои бисёраш дар наздикии девори ҳуҷайра ҷой гирифтааст. Дар ковокии ҳуҷайра вакуолаҳои зиёди сершира ва хромотофори тӯрмонанд мавҷуд аст.

Ҳангоми афзоиши ғайриҷинсӣ ситоплазмаи ҳуҷайра тақсим шуда, зооспораҳои дуқамчинакдори бисёр ба вуҷуд меоянд. Зооспораҳо аз ҳуҷайраи модарӣ берун нашуда, дар дохили он – тӯдаи нави тӯрчаи обиро ҳосил мекунанд. Баъди нобудшавии (даридани) пардаи ҳуҷайраи модарӣ тӯдаҳои ҷавони тӯрчаи обӣ ба берун мебароянд. Онҳо ҳаҷман калон шуда, шаклу андозаашон ба тӯдаи модарӣ монанд мешаванд.

Дар вақти афзоиши ҷинсӣ аз ҳуҷайраҳои тӯдачаи тӯрчаи обӣ аввало гаметаҳои дуқамчинакдор ба вуҷуд меоянд. Сипас, онҳо ба об баромада, ҷуфт-ҷуфт пайваст мешаванд ва зиготаро (ҳуҷайраи бордоршударо) ба вуҷуд меоваранд. Зигота, ки аз берун бо пардаи ғафс пӯшида шудааст, зимистонро дар ҳолати оромӣ мегузаронад. Баҳорон зигота ба тақсимшавӣ шурӯъ карда, чорто зооспораи дуқамчинакдорро ба вуҷуд меоварад. Аз ин зооспораҳо бо poҳи мураккаб тӯдаи нави тӯрчаи обӣ ба вуҷуд меояд.


ТЕСТҲО

  1. Обсабзи волвокс аз обсабзи хламидомонада бо чӣ фарқ мекунад?
  • А. Бо сохти риштагӣ доштан
  • Б. Бо шакли тӯдагӣ доштан
  • В. Бо сохти якҳуҷайрагиаш
  • Г. Бо сохти бисёрҳуҷайрагиаш
  1. Дар вақти афзоиши ғайриҷинсии волвокс чӣ пайдо мешавад?
  • А. Изогамета
  • Б. Зигота
  • В. Зооспора
  • Г. Танҳо спора
ҚаблӣОбсабзҳои сабзи бисёрҳуҷайраи риштамонанд (улотрикс, спирогира)
БаъдӣОбсабзҳои баҳрӣ (обсабзҳои бӯр ва сурх)