Гурӯҳи рустаниҳо / растаниҳо. Гурухи рустанихо / растанихо. Обсабзхои сабзи якхучайра (хламидомонада ва хлорелла).
Обсабзҳо гурӯҳи калони рустаниҳои дараҷаи пастро ташкил мекунанд. Чунки онҳо реша, поя ва барги ҳақиқӣ надоранд. Онҳоро рустаниҳои талломӣ меноманд. Обсабзҳо организмҳои якҳуҷайрагӣ, бисёрҳуҷайрагӣ ва тӯдазиндагикунандаро дар бар мегиранд. Аксари онҳо дар муҳити об сукунат дошта, бештар дар обҳои шӯри баҳру уқёнусҳо, обҳои ширини дарёҳо, обанборҳо, ҳавзҳо ва ҳатто дар хокҳои сернам ва пӯстлохи дарахтон вомехӯранд. Обсабзҳо тақрибан 30 ҳазор навъ дошта, намояндагони қадимтарини олами наботот ба ҳисоб мераванд. Синну соли онҳо ба миллиард сол мерасад.
Обсабзҳои сабзи якҳуҷайра яке аз гурӯҳҳои гуногуншакли обсабзҳо ба ҳисоб рафта, зиёда аз панҷ ҳазор навъро дар бар мегиранд. Онҳо бо сабаби дар ҳуҷайраашон мавҷуд будани пигменти хлорофилл дорои ранги сабзи баланд мебошанд.
Сараввал, шиносоиро аз обсабзҳои сабзи якҳуҷайра оғоз мекунем. Андозаи обсабзҳои сабзи якҳуҷайра хеле хурд буда, онҳоро фақат ба туфайли асбобҳои калонкунанда (микроскоп) дидан имконпазир мегардад. Онҳо бештар дар обҳои кӯл, дарё, хокҳои сернам ва пӯстлохи дарахтон вомехӯранд.
Дар фасли баҳор ё тобис тон сатҳи болоии оби ороми кӯл ё ҳавзро қабати зумуррадранг фаро мегирад. Гӯё об «шукуфта» бошад. Дар асл бошад, ин ҳолат ба рушди боавҷи обсабзҳои сершумори якҳуҷайра вобаста мебошад. Агар қатрае аз ин обро гирифта, дар зери микроскоп нигоҳ кунем, дар байни дигар обсабзҳои якҳуҷайра обсабзи хеле серҳаракат – хламидомонадаро мебинем.
Тарҷумаи «хламидомонада» аз забони юнонӣ чунин аст: мавҷудоти содатарине, ки онро «либос-лифофа» пӯшидааст. Аз рӯйи сохти беруниаш хламидомонада шакли гирд, тухмшакл ё нокмонандро дорад. Дар нӯги борики пеши ҳуҷайра ду қамчинаки баробарандоза ҷой гирифтааст, ки тавассути он хламидомонада дар об ҳаракат мекунад 1.

Аз берун хламидомонадаро ҷилди шаффоф, ки дар дохили он ситоплазма, ядро ва хромотофори калони косамонанд ҷойгиранд, пӯшондааст. Хромотофор аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш рангрез ё рангдиҳанда мебошад. Ранги хромотофор сабз аст, чунки хлорофилл дорад. Ранги сабзи ҳуҷайра ба он вобаста аст.
Дар қисми пеши ҳуҷайра «чашмаки» сурхи равшаниҳассос ва ду вакуолаи хурди кашишхӯранда ҷойгир мебошад. Ба туфайли «чашмаки» равшаниҳассос хламидомонада равшаниро қабул карда, бо ёрии қамчинакҳояш ба ҷониби равшанӣ ҳаракат мекунад. Вакуолаҳои кашишхӯранда бошанд, барои аз ҳуҷайра берун кардани оби барзиёд хизмат мекунанд.
Хламидомонада моддаҳои маъданӣ ва гази карбонатро аз муҳити обӣ тавассути ҷилдаш меҷаббад. Дар раванди фотосинтез бо иштироки равшании офтоб дар хромотофори он моддаи органикӣ – қанд (ва аз он оҳар) ҳосил шуда, оксиген хориҷ мешавад.
Хламидомонада ба ҷуз моддаҳои органикие, ки ҳангоми фотосинтез ҳосил мешаванд, инчунин, метавонад, моддаҳои органикии дар об ҳалшударо аз муҳити зисташ мавриди истифода қарор диҳад. Ин хусусияти хламидомонадаро ба назар гирифта, онро дар қатори дигар обсабзҳои сабзи якҳуҷайрагӣ дар иншоотҳои обсофкунанда истифода мебаранд. Хусусан, чунин қобилияти хламидомонада барои обро аз заҳрҳои органикӣ тоза кардан дорои аҳамияти калон аст.
Афзоиши хламидомонада бо роҳи ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ дар фасли тобистон, ҳангоми мусоид будани шароити зист, ба амал меояд. Дар вақти афзоиши ғайриҷинсӣ, ки дар шароити мусоиди тобистон ба вуқӯъ меояд, хламидомонада аз ҳаракат бозмонда, қамчинакашро гум мекунад. Сипас дохилоти он (ядро, ситоплазма) ба чор қисм тақсим шуда, ҳар як ҷузъи ҳосилшуда қамчинак ҳосил мекунад ва бо лифофаи махсус пӯшида мегардад. Ҳамин тавр, дар дохили ҳуҷайраи модарӣ 4 ҳуҷайра – спораи қамчинакдоре, ки онро зооспора меноманд, ҳосил мешавад. Пас аз даридани ҷилди ҳуҷайраи модарӣ зооспораҳо ба берун баромада, шино карда, мустақилона калон шуда, андозаи ҳуҷайраи модариро мегиранд.
Ҳангоми афзоиши ҷинсӣ, ки одатан дар шароити номусоиди зист (хунукшавӣ, хушк шудани обанбор) рӯй медиҳад, дар ҳуҷайраи модарии хламидомонада гаметаҳои дуқамчинакдор (ҳуҷайраҳои ҷинсӣ) ҳосил мешаванд. Миқдори гаметаҳои пайдошуда нисбати зооспораҳо хеле зиёд (аз 16 то 64 адад) буда, андозаашон хеле хурд мебошад. Онҳо аз лифофаи ҳуҷайраи модарӣ берун баромада, бо гаметаҳои фардҳои дигари хламидомонада ҷуфт-ҷуфт гардида, дар натиҷа зигота (гаметаҳои бордоршуда)ро ба вуҷуд меоваранд. Зигота бо ҷилди ғафс иҳота гардидааст. Сипас, вақте ки шароити басо мусоид фаро расид, зигота тақсим шуда, чорто хламидомонадаро ба вуҷуд меоварад.
Хлорелла обсабзи сабзи якҳуҷайрагии андозааш микроскопӣ буда, на танҳо дар об, инчунин, дар хокҳои сернам, танаи дарахтон вомехӯрад 2.

Ҳуҷайраи курашакли хлорелла аз берун бо ҷилд пӯшида буда, дар дохилаш ситоплазма, ядро ва хромотофори калон, ки ба он ранги сабз медиҳад, дорад.
Хлорелла фақат бо роҳи ғайриҷинсӣ афзоиш мекунад. Раванди фотосинтез дар ин обсабз бағоят босуръат гузашта, дар натиҷа бо миқдори зиёд моддаи органикӣ ҳосил шуда, гази оксиген ба берун хориҷ карда мешавад. Аз ин рӯ хлорелларо дар киштиҳои кайҳонӣ ва зериобӣ барои сероксиген гардонидани ҳаво ва дар соҳаи кишоварзӣ бошад, барои ба даст овардани хӯроки босифати чорво истифода мебаранд.



















