Қатори сӯзанакҳо. Катори сузанакхо

Бадани сӯзанакҳо дароз ва рангин аст. Сӯзанакҳо ҳашароти тезпарвоз буда, ду ҷуфт боли шаффофи пур аз рагҳо доранд (расми 99 в). Ҳамаи сӯзанакҳо рӯзона фаъол буда, дарандаанд. Узви даҳониашон хоянда буда, туъмаро (магас ва дигар ҳашароти майда) дар вақти парвоз медоранд ва онро фурӯ мебаранд.

Расми 100. Модинаи сӯзанак дар вақти тухммонӣ ва ниқоби онҳо
Расми 100. Модинаи сӯзанак дар вақти тухммонӣ ва ниқоби онҳо

Сӯзанаки модина тухмашро дар об ё дар рустаниҳои обӣ мемонад (расми 100). Кирминаашон 1-3 сол дар об инкишоф меёбад ва он даранда аст. Хӯроки кирмина кирминаи якрӯзаҳо, магасҳо ва ҳатто моҳиҳои хурд мебошанд. Сӯзанакҳо ҳашароти хунмак, зараррасони хоҷагии қишлоқ ва ҷангалро нест мекунанд. Барои доштани хӯрок дар кирмина узви махсус – ниқоб (маска) дида мешавад (расми 100).

Дар дунё 3600 намуди сӯзанакҳо маълум буда, аз ин дар ватани мо 60 намудаш ёфт шудааст. Осори (изи) сӯзанакҳоро аз ҷинсҳои давраи ангиштсанг (300 млн сол пеш) ёфта истодаанд, ки онҳо бо боли кушодаашон то 90 см дарозӣ доштанд.


Муфассал >> Қаторҳои маъмулии синфи ҳашарот

ҚаблӣҚатори якрӯзаҳо. Катори якрузахо
БаъдӣҚатори гаҳвораҷунбонҳо. Катори гахворачунбонхо