Ман ориёиям (текст песни, шеъри пурра)

Бузургони форсу точик

Аз насли офтоб
Аз шаҳди моҳтоб
Аз авҷи қалъаҳои сарафроз
Аз қаъри дарраҳои дилафрӯз
Хоки вуҷуди ман
Анбӯҳе аз ғубори тамомии қарнҳост
К-аз гирдбоди ҳодисаҳо ҷон гирифта аст
Гармои дасти ман
Аз ҳурми даштҳои таболӯд монда аст
Барқи нигоҳи ман
Ойини меҳрро
Аз чашми чашмаҳои сафобахш хонда аст
Ман ориёиям

Дар боғи фикри ман
Зарду сиёҳу сурх ҳама гулҳои ҳастианд
Сар доштан агар чи гоҳ нишоне зи сарварист
Аммо …
Дар фикру зикри ман
Инсоният айёри бузургиву бартарист
Шерозаи китоби дилам ишқу зиндагист
Ман душманам ба ҳар чи ғуломиву бандагист
Ман ориёиям

Аз насли офтоб
Хуршед нурро
Дар чорсӯи синаи ман ҷор мезанад
Ҳар кас ба вусъи хеш
Меҳр аз сафову содагиям бор мезанад
Ман ориёиям

Тӯсу Хуҷанду Кобулу Шерозу Қуния
Ҳастанд ҳар кадом яке ҷонпаноҳи ман
Зардушт бо се панд шуда қиблагоҳи ман
Ман ориёиям

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

«Қуръон»-и ман китоби ғазалҳои Ҳофиз аст
«Шоҳнома» авҷи пуштувонайи фарҳангии ман аст
Исломи ман ба Каъбаи дил мебарад намоз
Имони ман ба дори аналҳаққ дар эҳтизоз
Ман ориёиям

Ҳар куҷо зи меҳани ман ном мебаранд
Бе ихтиёр бар рухи ман ашк меравад
Орому гарму нарм
Чун оҳӯвони гумшуда дар паҳнаи Кавир
Дар ашки ман ҳамеша шафақ мавҷ мезанад
Ман солҳост
Бо ин шароби куҳнаи худ хӯ гирифтаам
Пайванди ман ба меҳани ман ногусастанист
Ман … ориёиям

Масъуди Сипанд

ҚаблӣКоркарди чойгиркунии маркази логистики дар Тоҷикистон
БаъдӣАлифбочони ширин, Рахмат ба ту Алифбо (шеър)