Шеър дар бораи зан

Якчанд шеър дар васфи зан дар ин мақола оварда мешавад.

духтари точик, точикдухтар, тожикдухтар

ЗАН АСТ (Шеър дар васфи зан)

Зиндаги зебост, аммо зеби ин дунё зан аст,
Машъали оинадору шамъи маҳфилҳо зан аст.

Дар тариқи ишқ мардонанд гоҳе булҳавас,
То нафасҳои пасини ишқ побарҷо зан аст.

Байни ҷангалзори анбӯҳе, ки мардон ҳокиманд,
Чун паланги шердил, ҳушёр дар саҳро зан аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шишаҳо аз санги яъсу ноумедӣ бишкананд,
Ҷомҳои бовару ҳамсояи мино зан аст.

Қалби хоро ганҷро кон асту гавҳар зери об,
Кӯҳи мағруранд мардон, гавҳару дарё зан аст.

Зан намесозад зи ёдаш дур талху шӯрро,
Лолаҳои доғ дар дил, наргису шаҳло зан аст.

Ин, ки ранҷи зиндагӣ болои мардон беш нест,
Хоҷа, маъзурам бидорӣ, лек беҳамто зан аст!

Сахт рӯзе, гар зи дасташ меравад домони бахт,
Дар дили мурдобҳо нилуфари танҳо зан аст.

Такя бар дар мекунад, бар пушти ҳар девор на!!!
Кӯзаи пур аз гаму бо гардани боло зан аст.

Эй ки гуфтӣ : як паямбар нест аз занҳо ба даҳр,
Ҳар паямбар зодаи модар, бад – ин маъно зан аст.
Сано


Агар зан нест…

Агар зан нест, бе зан чун тавон зист?
Агар зан нест, ишқу ошиқӣ нест.
Агар зан нест, набвад орзуе,
Агар  зан нест набвад рангубӯе.
Агар зан нест, дунё ҳаст тира,
Агар зан нест, хуршед аст хира.

Агар зан нест, дар хона касе нест,
Агар зан нест, бо мо гапрасе нест.
Агар зан нест, оташ мурда бошад,
Агар зан нест, гул паҷмурда бошад.
Агар зан нест, неруи Ватан нест,
Агар зан нест, пас омад-шудан нест.

Агар зан нест, мардон нимҷонанд,
Агар зан нест, мардон бенишонанд.
Агар зан нест, пас ҳусни ҷаҳон нест,
Агар зан нест, нақши ҷисму ҷон нест.
Агар зан нест, пайғоми дигар нест,
Агар зан нест, хушноми дигар нест.

Агар зан нест, фардо нест, алҳақ,
Ба мо фардои зебо нест, алҳақ.
Агар зан нест, ҳамсар нест моро,
Чӣ ҳамсар, як сарубар нест моро.
Агар зан нест, пас оби бақо нест,
Худоё, мӯъҷизоте бо Худо нест.

Агар зан ҳаст, пас гаҳвора ҳам ҳаст,
Дар он гаҳвора худ сайёра ҳам ҳаст.
Агар зан нест, пурғам зиндагонист,
Агар зан ҳаст, дил пур аз ҷавонист.
Агар зан нест, дунё ҳам тамом аст,
Агар зан ҳаст, дунё бардавом аст.

таджичка, девука, таджикская девушка, дутари точик либоси милли

Шеър дар бораи Зан

Дар ҳавои ҳимати ҳар зан ҳумои модараст,
Дар сафои сифати ҳар зан санои хоҳараст.
Дар ниҳоди зинати ҳар зан ҷилои зиндагӣ,
Дар зиёи дилкаши ҳар зан лиқои дилбараст.

Зодаи зан беҳтарин ҷонзоди ин саёра аст,
Шеъри беҳин алаи у дар сари гаҳвора аст.
Ин ҷаҳон бе зан зиндонаст барои зиндагон,
Ин ҳаёт бе зан ба пеши марги талх бечра аст.

Меҳри занро муҳрае дар банди ҷон бояд кашид,
Нози занро аз замин то осмон бояд кашид.
То бубини зиндагиро ғарқи ишқу орӯзу,
Чашми дилро тутиё аз ҳусни он бояд кашид.

Дар ҳама ҳол баҳри зан бояд гузорем эҳтиром,
Эҳтиромаш дар мақоми модари бошад мудом.
Нуриддин фатво диҳад аз руи панди оқилон,
Ҳамаи бе эҳтиромиҳо ба зан бошад ҳаром.

Нуриддини Садриддин


Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй Зан,
Ҷаҳонро ҷумла сар то поӣ, эй Зан.
Ту зебоӣ, ту доноӣ, ту бино,
Ба ҳамтоӣ ту беҳамтоӣ, эй Зан.

Надорад зиндагонӣ бе ту маъно,
Ба ҳар як зиндагӣ маъноӣ, эй Зан.
Набошад як диле холӣ зи меҳрат,
Ба ҳар як дидаю дил ҷоӣ, эй Зан.

Барои мардумони рӯи олам,
Арӯсу модару момоӣ, эй Зан.
Китобу мактабу масҷиду мусҳаф,
Дуою ақлу ҳушу ройӣ, эй Зан.

Ҷаҳони зиндагиро савту созӣ,
Ту шодию навою нойӣ, эй Зан.
Туро ҷовид хонад Содиқ аз дил,
Ту ҳам имрӯзу ҳам фардоӣ, эй Зан.

Рубоёт дар васфи МОДАР (рубои ва дубайти)

зан шеър шеър дар бораи зан шеър дар васфи зан шеър дар бораи зану шавхар шеър барои зан

ҚаблӣАттестатсияи муаллимон
БаъдӣШеърхои ошики – чудои, бевафои

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед