Бандакҳои феълӣ

Бандакхои феъли, Бандаки феъли дар забони точики, забони тоҷикӣ

Бандакҳои феълӣ бо асосҳои феъл ҳамроҳ шуда, ба шахсу шумора далолат мекунанд.

Тасрифи феъли гуфтан дар замонҳои гузашта ва ҳозира

Шахс Шумора
Танҳо Ҷамъ
1.      Гӯянда

2.       Шунаванда

3.          Ғоиб

гуфтаммегӯям

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

гуфтӣмегӯӣ

гуфт (о)мегӯяд

гуфтем-мегӯем

гуфтед-мегӯед

гуфтанд-мегӯянд

Машқ. Ҳикоятро хонед. Феълҳоро навишта, шахсу шумораи онҳоро муайян кунед.

ҲИКОЯТ

Ду бародар буданд, яке хизмати султон кардӣ ва дигаре ба саъйи бозувон нон хӯрдӣ. Боре он бародари тавонгар ин дарвешро гуфт:

-Чаро хизмати султон накунӣ, то аз машаққати кор кардан бираҳӣ?

Гуфт: -Ту чаро кор накунӣ, то аз мазаллати хизмат раҳоӣ ёбӣ, ки ҳукамо гуфтаанд: «Андак-андак нони худ хӯрдан ва нишастан беҳ, ки камари заррин бастан ва ба хидмати амирон истодан.

Байт:

Ба даст оҳаки тафта кардан хамир,

Беҳ аз даст бар сина пеши амир.

Саъдии Шерозӣ

Луғат:

  • мазаллат – хорӣ, хорию зорӣ
  • ҳукамо -ҳакимон, донишмандон
  • тафта – гудохташуда, сӯзон
ҚаблӣБандакҷонишинҳо – Бандакчонишинхо
БаъдӣЭнергия чист? (Бо забони сода)