Пухтани мураббо аз кулфинай (Кори амалии №15).
Таҷҳизот ва асбобҳо: ҳамон асбобҳое, ки барои пухтани мураббои себ истифода мебаранд.
Миқдори маҳсулот: 1000 г қулфинай, 1000 г шакар, ½ истакон об.
Рафти кор. Барои мураббо қулфинайи хурду андаке сахттарро интихоб мекунанд. Онро дар оби хунук шуста, думчаҳояшро канда мепартоянд.
Мураббои қулфинайро бо ду тарз мепазанд.
Тарзи аввал: меваи тозакардаро ба зарфи сирдор ё шишагӣ андохта, қабат ба қабат шакар мепошанд ва дар ҷойи салқин 5-8 соат нигоҳ медоранд. Баъди об ҷудо карданаш оҳиста ба зарфи дигари калонтаре холӣ карда, рӯйи оташи паст мегузоранду то ҳалшавии шакар дар об меомезанд. Баъд оташро баландтар карда, ба ҷӯш меоранд ва аз оташ мегиранд, 10-15 дақиқа хунук карда, боз аз нав меҷӯшонанд. Ин корро 3-4 маротиба такрор мекунанд. Баъд онро ба банкаи тоза рехта, бо сарпӯш маҳкам карда, дар ҷойи салқин нигоҳ медоранд.
Тарзи дуюм: меваи тайёрро ба шарбати гарм меандозанд ва 5-8 дақиқа меҷӯшонанд. Кафки рӯяшро гирифта, бо кафлези сӯрохдор оҳиста-оҳиста меваро аз шарбат ҷудо мекунанд. Сипас шарбатро 5 дақиқа меҷӯшонанд. Баъд меваҳоро ба қиём андохта, то меъёри охирин мепазанд. Мурабборо ба банкаҳо рехта, бо сарпӯши металлӣ маҳкам мекунанд ва дар ҷойи салқин мегузоранд.