Пухтани мураббои себ (Кори амалии №13)

Пухтани мураббои себ (Кори амалии №13).


Таҷҳизот ва асбобҳо: дегча, тағорача, қошуқ, кафлези сӯрохдор, истакон, корд, тарозу.

Миқдори маҳсулот: себ – 1000 г, об – 1, 5 истакон, ҷавҳари лимӯ – 3 г, шакар – 1000 г.

Рафти кор. Себро шуста, пӯсту тухмашро мегиранд ва хурд-хурд пора мекунанд. Барои он ки себи пора сиёҳ нашавад, ба оби ҷӯш (ё камтар намакдор) андохта, 6 дақиқа нигоҳ медоранд, то ки мулоим шавад. Баъд барои хунук кардан, зарфро ба оби сард меғӯтонанд. Барои тайёр кардани шарбат оби ҷӯшро истифода бурдан беҳтар аст. Ба шарбат пораҳои себро андохта, 3 – 4 соат мемонанд. Сипас дар оташи паст 5 – 7 дақиқа меҷӯшонанд ва 6 – 8 соат нигоҳ дошта, аз нав чанд дақиқа меҷӯшонанд. Барои он ки мураббо шакарак набандад, дар охир (барои себи ширин) ҷавҳари лимӯ ҳамроҳ мекунанд. Ванилин низ андохтан мумкин аст. Мураббои тайёри гармро ба банкаҳои тоза андохта, бо сарпӯши металлӣ маҳкам карда, дар ҷойи салқин нигоҳ медоранд.

ҚаблӣТайёр кардани мураббои биҳӣ (Кори амалии №12)
БаъдӣТайёр кардани повидлои себ (Кори амалии №14)