Сохти дарунии пояи дарахт

Ҷузъҳои буриши кӯндаланги ягон шохча, ғӯла ё кундаи дарахтеро, ки ба наздикӣ буридаанд, аз назар (65) мегузаронем. Дар сатҳи буриш ё аррашудаи ғӯла се қабат фарқ карда мешавад.

Пустлох чист? Қабати берунии сиёҳтобу нисбатан тунукро пӯстлох мегӯянд.

Расми 65. Қабатҳои танаи дарахти ба наздикӣ аррашуда
Расми 65. Қабатҳои танаи дарахти ба наздикӣ аррашуда

Вай аз бофтаҳои гуногуне, ки қабат – қабат ҷойгиранд, иборат аст. Қабати сахте, ки аз ҳама сербар буда, дар зери пӯстлох ҷой гирифтааст, чӯб мебошад. Дар миёнаи чӯб дила (дилак) ҷойгир шудааст ва нағз намудор аст. Дилаи чӯби ларзонбед, марҷонбутта ва баъзе рустаниҳои дигар нарм буда, дилаи чӯби тӯс ва булут хеле сахт ва ҳудуди байни чӯбу онро дидан душвор аст.

Ҷузъи буриши кӯндаланги шохчаи сесолаи зирфунро дар зери микроскоп (66) аз назар мегузаронем.

Расми 66. Ҷузъи буриши кӯндаланги шохчаи сесолаи зирфун (дар зери микроскоп)
Расми 66. Ҷузъи буриши кӯндаланги шохчаи сесолаи зирфун (дар зери микроскоп)

Дар зери қабати пӯст ҳуҷайраҳои пӯк ҷойгир аст. Пӯст ва пӯк аз бофтаи пӯшиш ташаккул ёфтаанд. Онҳо ҳуҷайраҳои нисбатан чуқурҷойгиршудаи пояро аз бисёр бухор шудани об, осеббинӣ ва аз дохилшавии гарду чанг ва микроорганизмҳои касалиангез муҳофизат мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар пӯсти поя масомаҳо ҳастанд, ки тавассути онҳо мубодилаи газ ба амал меояд. Дар пӯк лӯндачаҳои сӯрохдор – наскдонаҳо инкишоф меёбанд. Наскдонаҳо низ дар мубодилаи газӣ иштирок мекунанд.

Дар баъзе дарахтон (масалан, дарахти пӯкбулут) қабати пӯк хеле ғафс мешавад. Дар хоҷагӣ пӯки дарахти пӯкбулутро ба мақсадҳои гуногун истифода мебаранд.

Дар зери қабати пӯк ҳуҷайраҳои пӯстлохи ибтидоӣ ва аз он чуқуртар лиф ҷой (66) гирифтааст. Лиф аз найчаҳои элакшакл ва нахҳои деворғафси лифӣ иборат аст. Нахи лиф пояро чандир ва мустаҳкам мекунад. Вай аз ҳуҷайраҳои дарозрӯяе, ки моддаҳои дохилиашон вайрон ва ҷилдашон чӯб шудааст, иборат буда, бофтаи механикиро (собити пояро) ба вуҷуд меорад. Хусусан нахи лифи зағирпоя, зирфун ва баъзе дигар рустаниҳо хеле хуб инкишоф ёфтааст. Онҳо хеле мустаҳкам буда, аз нахи лифи зағирпоя суф ва аз нахи лифи зирфун дастмол ва чипта тайёр мекунанд.

Дар зери лиф чӯб ҷой гирифтааст. Агар ба сатҳи чӯбе, ки нав пӯст канда шудааст, даст расонед, тарӣ ва лағжонакии онҳоро ҳис мекунед. Зеро дар байни пӯстлох ва чӯб камбий ҷойгир шудааст.

Камбий аз ҳуҷайраҳои борику дарози бофтаи ҳосилкунанда иборат буда, ҷилди ниҳоят нафис дорад ва бо чашмони одӣ дида намешавад. Вале дар вақти кандани пӯстлох ҳуҷайраҳои камбий дарида, шираи ҳуҷайраҳои он шорида, сатҳи чӯбро наму часпак мекунад.

Дар фаслҳои баҳору тобистон ҳуҷайраҳои камбий боавҷ тақсим мешаванд. Дар натиҷа дар ду тарафи камбий қабатҳои нави ҳуҷайраҳо ҳосил мешаванд. Ҳуҷайраҳои дар тарафи пӯстлох ғунгардида ҳуҷайраҳои нави лифро ва ҳуҷайраҳои дар тарафи чӯб ҷамъомада ҳуҷайраҳои нави    чӯбро ташкил медиҳанд. Ҳамин тавр, ғафсшавии поя ба амал меояд. Бинобар он, камбийро бофтаи бавуҷудоваранда мегӯянд.

Чӯб қисми асосии пояи дарахт аст. Вай аз ҳуҷайраҳои  шаклу андозаашон гуногун ҳосил шудааст.

Пардаи (ҷилди) бисёр ҳуҷайраҳои чӯб ғафс шуда, моддаҳоеро дар бар гирифтааст, ки онҳо ба он мустаҳкамӣ мебахшанд. Дар қисми чӯб инчунин рагҳои найчамонанди дароз мавҷуданд.

Дила аз бофтаи нарм иборат буда, аз ҳуҷайраҳои калони пардаашон нафис иборат аст. Дар он моддаҳои ғизоӣ захира мешаванд.


  1. Сохти танаи дарахт ё бутта чӣ гуна аст?
  2. Пӯст ва пӯк чӣ аҳамият доранд?
  3. Лиф аз чӣ хел ҳуҷайраҳо иборат аст?
  4. Камбий чист ва дар куҷо ҷойгир шудааст?
  5. Ҳуҷайраҳои дилак аз ҳуҷайраҳои дигар қабатҳои поя чӣ фарқ доранд?
  6. Дар буриши кӯндалангии поя кадом қабатҳо фарқ карда мешаванд?

Маълумот дар бораи РЕША (ботаника)

ҚаблӣПоя. Гуногунии поя. Кадкашии поя, шохарони
БаъдӣСаволу ҷавоб бо мукофотпулӣ: қоида ва тартиби иштирок