Қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар вақти хӯрокпазӣ

Коидахои санитарию гигиени дар вакти хурокпази.


Расми 2. Дар вақти таомпазӣ пешдоман пӯшед

1. Дар вақти кор бо хӯроквориҳо қатъиян риоя кардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ аҳамияти калон дорад. Агар ин қоидаҳоро риоя накунед, ба заҳролуд шудани хӯрок оварда мерасонад.

2. Агар муҳлати нигоҳдории маҳсулот ва хӯрокҳои тайёрро риоя накунед ва меъёри ҳарорати нигоҳдории онҳоро вайрон кунед, барои истеъмол нобоб мешаванд.

Маҳсулоти зуд вайроншаванда – маҳсулоти ширӣ, гӯшт, моҳӣ ва ғайраро дар яхдон дар ҳарорати муайян нигоҳ доштан лозим аст. Муҳлати нигоҳдории маҳсулотро ба назар гиред.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

3. Дохилшавии микробҳо ба маҳсулот ва хӯрокҳо хавфи калон дорад. Бинобар ин болои онҳоро пӯшед, то ин ки ба онҳо пашша ва дигар ҳашарот нанишинад ва ба пайдоиши онҳо роҳ надиҳед.

4. Барои нест кардани микробҳои дар маҳсулот буда онҳоро тоза шустан лозим аст, хусусан маҳсулоти хомро.

Маҳсулоти хӯроквориро нашуста истифода набаред. Дар вақти тайёр кардани хӯрок ва истеъмоли он дастҳоро тоза шӯед, чунки мумкин аст дар кафи даст микробҳо мавҷуд бошанд.

5. Хӯрокҳоро агар дуруст интихоб ва қоидаҳои нигоҳдории онҳоро риоя накунед, хавфнок мешаванд.

Маҳсулоти дар таркибашон карами намакинбуда, хушоб (компот) ва монанди инҳоро дар зарфҳои алюминӣ, оҳанӣ, мисӣ пухтан ва нигоҳ доштан мумкин нест.

Маҳсулоти консервкардашудаи дар қуттиҳои тунукагии саркушодбуда хеле хатарноканд. Бинобар ин онҳоро ба дигар зарфҳои шишагӣ ё сирдор гузошта, муҳлати нигоҳдориашонро қатъиян риоя кунед.


Маслиҳати муфид

Барои он ки зарфи сирдори навро муҳлати зиёд истифода баред, онро ба оби намакдор (5 қошуқча ба 1 л об) андохта ҷӯшонед.


Савол

  1. Сабаби риоя кардани қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ дар чист?
  2. Дар кадом вақт истифодаи таом хатарнок мешавад?
  3. Микробҳо чӣ хел ба таом дохил мешаванд?
ҚаблӣМаҳсулоти аз шир ҳосилшаванда / Махсулоти шири
БаъдӣҲаёт ва фаъолияти Саъдии Шерозӣ (тарчумаи хол)