МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ЛОИҲА
Лоиҳаи Саволу ҷавоб бо мукофотпулӣ барои корбарони сомонаи www.DONISHJU.net пешниҳод мешавад. Ҳар ҳафта рӯзҳои Якшанбе, Чоршанбе ва Ҷумъа расо соати 20:00 (ба вақти Душанбе) дар сомона саволнома пешниҳод мешавад. Саволнома аз 5 савол иборат буда, аз ҳама фанҳои мактабӣ, чистон, шеър, суратмуаммо, исломӣ, масъалаҳои математикӣ ва мантиқӣ тайёр карда мешавад.
Ҷавобҳоро корбарон метавонанд дар шарҳи ҳамон мақола нависанд. Шахсе, ки аввалин шуда ҷавобҳои дурустро менависад, соҳиби 10 сомонӣ мешавад, ки дар “баланс”-и телефонаш пардохт мешавад.
Ҳарчанд маблағ кам аст, вале бе ягон сарпараст аз ҳисоби рекламаи сомона аст (пас кам-кам ба рекламаҳо таваҷҷӯҳ намуда, клик кунед). Дар оянда ҳангоми зиёд шудани тарафдорони лоиҳа ин маблағ ҳатман то 100 сомонӣ ва аз он ҳам зиёдтар расонида мешавад.
Шахси ғолиб як рӯз пас соати 20:00 муайян карда мешавад ва дар зери шарҳаш Ғолиб навишта мешавад. Дар охири комментҳо тамоми ашхосе, ки ҷавобҳои дурустро навиштаанд, оварда мешаванд. Мукофотпулӣ танҳо ба шахсе, ки аввалин шуда ҷавоби дурустро равон кард, пардохт мешавад. “Скриншот”-и гузаронидани мукофотпулӣ дар телеграми мо – @donish_1 нашр мешаванд.
Дар ин лоиҳа шаҳрвандони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Росия иштирок карда метавонанд. Агар ғолиб оянд метавонем ба онҳо мукофотпулиро гузаронем.
ТАРТИБИ ИШТИРОК:
Ҳангоме ки саволнома нашр мешавад, ба сомонаи www.DONISHJU.net ворид шуда, бо саволнома ва саволҳо шинос шавед. Ҷавобҳоро пайдо намуда, баъдан ба поёни мақола равед ва майдони “Назари худро нависед” (Коментария) пайдо мешавад:
Дар расм бо се қадам тарзи ҷавобҳоро навиштан омадааст. Пас аз он интизор шавед то рӯзи дигар соати 20:00 ғолиб муайян гардад.
Дар ин навори ютуб мо тарзи дурусти ворид шудан ва ҷавоб додан саволҳоро овардаем >>
ҚОИДАҲОИ ИШТИРОК:
1.Як рақами телефон дар се саволнома (як ҳафта) як маротиба ғолиб мешавад, вале иштирок карда метавонад, барои санҷидани худ;
2.Ҷавобҳо бояд пурра бошанд, ҳангоми нодуруст будани як ҷавоб дигар ҷавобҳо ба назар гирифта намешаванд. Яъне бояд 5 саволро пурра ҷавоб диҳед;
3.Ҷавоб бояд ҳатман дар шарҳи (коментарияи) мақолаи нашршуда дар сомонаи www.DONISHJU.net бошад. Ҷавобҳо дар дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Телеграм ё Фейсбук ба назар гирифта намешаванд;
4.Рақами телефони шумо бояд дар майдони “Телефон”-и шарҳи сомона навишта шавад (рақами шумо нашр намешавад ва дигар хонандаҳо онро намебинанд). Агар рақами телефонатонро нанависед, вале ҷавобҳо дуруст бошанд, наметавонем шуморо ғолиб эълон кунем. Чунки мукофотпулӣ дар рақами телефон гузаронида мешавад. Баъдан муайян кардани рақами телефони шумо мушкил мешавад.
Якчанд намунаи саволномаҳое, ки алакай гузаштанд:
- #1 Саволнома бо мукофотпулӣ – 31.01.2021
- #2 Саволнома бо мукофотпулӣ – 03.02.2021
- #3 Саволнома бо мукофотпулӣ – 05.02.2021
- #4 Саволнома бо мукофотпулӣ – 07.02.2021
- #5 Саволнома бо мукофотпулӣ – 10.02.2021
- Рӯйхтаи пурраи саволномаҳоро бинед <<
Барои сари вақт бо саволҳо шинос шудан ба канали телеграмии мо – “Дониш | Саволҳо бо мукофотпулӣ” – t.me/donish_1 обуна шавед.
Шарикони иттилоотӣ: Donish.su, savoltj.com, Дониш, Заковат.
Оли!
Хеле хуб
бад не
Тенҷ
Хелло худ
Хело хуббб
Саволхо дар бораи чи? Саволхо тести мешава?
Намунаи саволномаҳоро инҷо бинед:
#1 Саволнома бо мукофотпулӣ – 31.01.2021
#2 Саволнома бо мукофотпулӣ – 03.02.2021
Хеле хуб
Хело хуб
Ба пеш !!!
Бехад хуб
Хело хуб
Хелло хуб барои вакти худро бекор нагузаронем.
олӣ
Беҳтарин.Ҳама метавонанд ки дониши худро санҷанд ва дониши худро мукамал гардонанд.
Бенихоят барномаи оли.
Хеле оли
Нагз
Зӯр
Ба ман ин Барнома хеле писанд омад. Ман шаҳрванди Ӯзбакистон ҳастам
Чихел бошад!
Салом дӯсти азиз. Матни болоро бодиққат хонед, муфассал оварда шудааст. Намунаҳо ҳам ҳастанд аз саволномаҳои гузашта, метавонед бинед ва дар саволномаҳои оянда иштирок кунед.
Behtarin
Хеле хуб ва оли.
1) Калибри
2) Пойи одам
3)55
4)Одами нишаста
5)Мавлоно Румӣ
1)Калибрӣ
2)Пойи худро бе душвори бардошта метавонем аммо ба дур партофта наметавонем.
3) Чоряки 220 -55
4) Мардаки дар курси нишаста.
5)Мавлоно Румӣ
Хеле хуб аст. ?