Парчами Точикистон Се ранг карда дар бар
Парчами Тоҷикистон,
Се ранг карда дар бар.
Дар рӯйи он шукуфта,
Гулҳои ҳафт ахтар.
Сурхи бувад нишона,
Аз азму ҷоннисорӣ,
Ранги сафед – рамзест,
3-иқболи бахтиёрӣ.

Дар ранги сабз дарҷ аст,
Сарсабзиҳои кишвар,
Бояд, ки сабз бошад,
Ин хоки мо саросар.
Маънии ҳафт ахтар,
Ҳафт иқлими ҷаҳон аст.
Ё ҳафт водии бахт,
Дар мулки тоҷикон аст.
Тоҷаш бувад гувоҳе,
Аз обу хоки бунёд.
Ин тоҷи хисравонӣ,
Бар тоҷикон Худодод.
Парчами Тоҷикистон,
Чун бахт ёвари мост.
Хуршед сон ҳамеша,
Тобанда ба сари мост.
Халифабобо Ҷумъазода
Шеър дар васфи Парчами давлатии Чумхуриии Точикистон, шеър барои парчам, Парчами Точикистон.


















Хеле хуб навиштед.Рахмати калон!
Сипоси бепоён!
Ахсан???
Беҳтарини беҳтаринҳо?????????Тоҷикистон ба пеш
Нуктаи назар нею шеъраке мефиристам.
Парчами тоҷик ҳар дам бол занад,
Дар дили ин кишвари овозадор.
Чун қосиде барад ҳар сӯ навид,
Аз ташаббусмандиҳо бо ифтихор.
Аз ташаббусҳои Пешво гӯяд он,
Аз хабарҳои зебо гӯяд он,
Аз накуиҳои рӯзафзуни мулк,
Аз шукуфтанҳои дилҳо гӯяд он.
Дӯстиро вай тарғиб мекунад,
Меҳру шавқатро ташвиқ мекунад,
«Мулкро обод намоем, ҳамагон!» –
Гуфта ҳар лаҳза таъкид мекунад.
– Зери Парчам ҷамъ бошед, ҳамагон!
Баҳри ҳам чун шамъ бошед, ҳамагон!
Дар канори ҳам бошед, ҳамагон!
Гирди Пешво ҷамъ бошед, ҳамагон!»
Бисёр шеъри хуб. Метавонед муаллифи шеърро нависед?
Ҳамчунин ҷиҳати ҳамкорӣ ва нашри маводи худ бо муаллиф бо почтаи info@donishju.net ё телеграми @tajweb тамос гиред.
бехтарин шеъри хондагиям Рахмат барои шеъратон (А.Марям)