Дохилкунӣ ва таҳрири матн

Мафҳумҳои асосии виросторони матнӣ:

  • саҳифаи чопӣ ва интихобҳои (параметрҳои) он;
  • абзатс ва нишондодҳои он;
  • ҳуруф ва нишондодҳои онхо;
  • форматбандии аломатҳо ва абзатсҳо.

Саҳифаи чопии компютерӣ амсоли варақи қоғазе мебошад, ки дар он матни санад чоп карда мешавад. Саҳифа дорои интихобҳои зерин мебошад:

  • андозаи саҳифа,
  • ҳошияи чапи саҳифа;
  • ҳошияи рости саҳифа,
  • ҳошияи болоии саҳифа,
  • ҳошияи поёнии саҳифа.

Андозаи саҳифаи чопӣ ба ҳосили зарби андозаи бар ва баландии он баробар аст. Ҳошияҳои чапу рост, боло ва поёни саҳифаи чопӣ он қисмҳои коғазро ташкил медиҳанд, ки дар онҳо матн чоп карда намешавад. Андозаи ҳошияҳо бо мм ё см чен карда мешавад.

Матни санад аз маҷмӯи абзатсҳо иборат буда, худи мафҳуми абзатс бо пахши тугмаи Enter алоқаманд аст. Яъне ҳар гуна мавқеи матни санадро, ки дар он ҷо тугмаи Enter пахш шуда бошад, абзатс мегӯянд. Якчанд маротиба пай дар пай пахш кардани тугмаи якчанд абзатсро ифода менамояд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Фосилаҳои байни сатрҳои абзатсро бо пункт чен мекунанд: 1 пункт = 0.35 мм. Барои муайян кардани фосилаи байни сатрҳои абзатс бештар аз мафҳумҳои 1 фосила, 1.5 фосила ва 2 фосила истифода мебаранд:

  • 1 фосила = 6 пункт 2.1 мм;
  • 5 фосила = 9 пункт 3.1 мм;
  • 2 фосила = 12 пункт 4.2 мм.

Аксар виросторони матнӣ имконият медиҳанд, ки матни санад бо ҳуруфи (шрифт-font) гуногуни андозаашон тағйирёбанда тайёр карда шавад. Масалан, Arial, Arbat, Cambria, Calibri, AcademyC, Times New Roman, Verdana ва ғайра намунаи ҳуруфи компютериро ташкил медиҳанд.

Ҳуруф (шрифт) чист?

Ҳуруф ин тарзи навишти аломатҳои алифбои забонҳои гуногун мебошад.

Хар як ҳуруф метавонад дар якчанд намуд зоҳир шавад.

Маҷмӯи намудҳои зуҳури ҳуруфро гарнитури ҳуруф меноманд. Гарнитур чор намуди асосии зоҳиршавӣ — маъмул, ғафс, моил, зерхаткашида ва комбинатсияи байни онҳоро дарбар гирифта метавонад.


Тарзҳои дохилкунӣ ва вироиш (таҳрир)-и матн

Раванди воридсозии матн бо ёрии виростори матнӣ бисёр сода аст. Матни тавассути сафҳакалид дохилшуда ҳамон лаҳза дар майдони кории равзанаи виростор намудор мешавад. Мавқеи аломати навбатиро дар экран курсори матнӣ муайян месозад. Курсори матнӣ шакли хатти рости амудӣ « | »-ро дорад. Барои ба абзатс интиҳо бахшидан кифоя аст, ки тугмаи пахш карда шавад.

Вироиши матн низ он қадар кори душвор нест. Барои ба матни мавҷуда илова намудани қисмати нав курсорро ба мавқеи зарурӣ кучонида, матни навро дохил кардан кифоя мебошад. Аслан, дар раванди дохилкунии матни санад эҳтимоли содир кардани ғалатҳо ҳамеша вуҷуд дорад. Барои ислоҳ намудани ғалатҳои содиршуда бояд дар доираи матни санад курсорро сайр дода, ба мавқеи зарурӣ гузорем ва ғалатҳоро ислоҳ кунем.

Пас аз қисман ё пурра дохил кардани матни санад онро дар диск ё дигар барандаи иттилоот сабт намудан зарур аст. Матни санадро таҳти ягон ном дар шакли парванда нигоҳ медоранд. Ҳангоми истифодаи навбатии парванда онро аз хотира бо ёрии номаш меёбанд.

Агар матнро бори аввал сабт карданӣ бошем, он гоҳ кифоя аст, ки фармони менюи Парванда>Нигоҳдорӣ ҳамчун (Файл>Сохранить как)-ро амалӣ гардонем. Дар ҳар ду маврид ҳам дар экран равзанаи робитавии Сабти санад (Сохранение документа) пайдо мешавад. Тавассути майдончаи Номи санад (Имя файла) ба ҷойи номи муваққатӣ корбар бояд номи аслии парвандаро дохил кунад. Майдончаи Навъи парванда (Тип файла) барои дар форматҳои гуногун сабт кардани парванда хизмат мерасонад. Номи ҷузвдони фаъоле, ки парванда дар он бояд сабт гардад, дар сатри суроғавии (сатри дуюм) равзана оварда мешавад. Зерҷузвдонҳо ва парвандаҳои дохили ин ҷузвдон дар майдони кории равзана нишон дода мешаванд. Барои интихоби дигар ҷузвдон майдони ҷустуҷӯйи тарафи чапи равзана хизмат мерасонад. Бо ёрии он муайянкунии диск ва ҷузвдоне, ки дар он парвандаи мазкур бояд нигоҳ дошта шавад, хеле мувофиқ аст.

Ҷузвдони интихобшуда дар майдони кории равзана пайдо мешавад. Барои кушодани он тугмаи чапи мушро ду маротиба пахш кардан лозим аст. Сабти парванда бо пахши тугмаи амрии Сабт кардан (Сохранить) ҳусни анҷом меёбад. Дар натиҷа матни санад бо номи қайдшуда дар ҷузвдони муайяншудаи диски мушаххас нигоҳ дошта мешавад. Тугмаи Лағв (Отмена) барои матни санадро сабт накарда, аз нав ба ҳолати пештараи корӣ баргаштан хизмат мерасонад.


Саволҳо

  1. Шумо кадом мафҳумҳои виростор (таҳриргар)-и матниро номбар карда метавонед? Оё ин мафҳумҳоро маънидод низ карда метавонед?
  2. Абзатс чист? Кадом фосилаҳои байнисатрии абзатсро медонед? Ченаки онҳо чӣ ном дорад?
  3. З. Ҳуруф чист? Намудҳои зоҳиршавии ҳуруф кадомхоянд? Онҳоро дар шакли муттаҳида чӣ мегӯянд?
  4. Матни санадро чӣ гуна дохил ва таҳрир кардан мумкин аст? Сабти санадро чй?

Виростори матнӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед