Шеърхо аз Аскар Хаким

Шеърҳо аз устод Аскар Ҳаким, Аскар Хаким шеър аз сомонаи www.DONISHJU.net

Аскар Хаким
Аскар Ҳаким

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

Лабат дар ханда шуд, гелос бишкуфт,
Раҳо шуд гесувонат, ёс бишкуфт.
Аз он рангу аз он атре, ки мерехт,
Ҷаҳон дар ғунчаи эҳсос бишкуфт.


Ниёиш (дуо)

Саҳар пушти дарам бодом гул кард,
Ки булбулро кунад аз хоб бедор.

Ҳамин як шохи гулро аз дами сард
Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Навоҳо пур кунад дашту даманро,
Занад чун пӯпишак бар соқа минқор.

Зи чанги боз чангии чаманро
Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор!

Зи худ бори гаронтарро кашад мӯр,
Аз он роҳе, ки ояд масту ҳушёр.

Варо дар ин раҳ аз бинову аз кӯр
Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор!

Намонад, то зану фарзанд беқут,
Кирокоре равад Русия ночор.

Аз он, то барнаорандаш ба тобут,
Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор!

Қалам ронам, набинам гарчи судаш,
Вале бинам ҷавонеро қаламдор,

Ба ҷон ларзам, ки аз чашми ҳасудаш,
Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор!

Диле хоҳам, ки донад қимати дард,
Ки он осор бигзорад, на озор.

Нахонам сифлаеро то ҷавонмард,
Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор!

Аз ин мардум, ки бесӯзу гудозанд,
Ба ҷон сӯзад яке, к-эй ёр, ёд ор!

Варо, то ин ҳама бар ӯ натозанд,
Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор!

Ба дунё к-омада ин дам куруно,
Ба ин ҷояш расидан ҳеҷ магзор.

Нагардад то касе аз ғам забуно,
Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор!

На ҳаргиз хешро якто шуморам,
Маро аммо яку яктост он ёр.

Варо, то ҷон ба дасти ӯ супорам,
Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор!


Ҷаҳон пур гаштааст аз панди инсон,
Ки бояд зистан ин сону он сон.
Ба як ҳарфат кунам онро хулоса,
Чунон зӣ, к-одамон хонандат Инсон!

Сармояи умрам дили огоҳи ман аст,
Огаҳдилиам ҷалолу ҳам ҷоҳи ман аст.
Дунболаравии раҳи ман осон нест,
Роҳе, ки барад ба осмон, роҳи ман аст.

Эй он, ки намешиносӣ ту аҷдодат,
Фардо биравӣ зи хотири авлодат.
Дар ёди пасоянд намонӣ асло,
Гар ёди ниёкон бубарӣ аз ёдат.


Эй баҳори боронҳо, муғчабанди наврӯзӣ..

Эй баҳори боронҳо, муғчабанди наврӯзӣ,
Хандаи гулам омӯз, на ки гиря омӯзӣ.

Корвони абри ту бор дар уфуқ андохт,
Карда домани гардун лолазору гулдӯзӣ.

Ман, вале ба субҳам рӯй то ба соҳати олам
Дар диҳад чароғашро меҳри оламафрӯзе,

То ба чашми ҷон бинам ман фурӯғи он ойин—
Бар ниёзи худсозӣ имтиёзи худсӯзӣ.

Чун ниҳоят ин раҳро сарзамини хуршедист,
Шаб ба шаб ба ҷонсӯзӣ мерасам ба он рӯзе.

Ҳолиё баҳорам деҳ, сабз баргу борам деҳ,
Эй, ки аз ту сарсабз аст рӯзгору ҳам рӯзӣ.

Шохаи муҳаббатро дар ҳавои ҷон бишкуф,
Дар замини дилҳо сӯз тухми кину кинтӯзӣ.

Ҳайф бошаду сад ҳайф дар диле ба фарвардин
Ҷойи хор-хори гул хориву зуландӯзӣ.

Ошиқона хуш бошад сар ба пойи гул бозӣ,
Дар диҳӣ дилу ҷонро шавқе, оташе, сӯзе.

Дар сипеҳри армонҳо хоҳамат ба ҳар фасле
Моҳтоб ҳар шоме, офтоб ҳар рӯзе.


БАРГПАЙВАНД – Аскар Ҳаким

Ниҳоли сабзи армонҳо,
Ту ҳар субҳе шароби ноби шабнамро,
Ба ҷоми баргҳои сабз менӯшӣ,
Ки сархуш дар ҳавои ишқ меҷунбӣ,
Ба нарми дар самои ишқ меҷунбӣ.

Дар ин ҷо ёде аз тафти биёбон нест,
Ба ҷуз атри нафасҳои хиёбон нест.
Ба рӯйи шохаҳоят мурғакон зангӯлаи субҳанд,
Ки ҷонро дар бадан бедор месозанд,
Хабар аз субҳи ишқи ёр месозанд.

Вале ман чун дарахти яккаву танҳостам дар дашт,
Чӣ медонам шароби шабнаму гулбонги мурғонро
Ва абреро, ки болои чаманҳо мешавад гирён,
Ки танҳо сарсар ин ҷо мекашад нола
Ва хок аз решаҳоям мекашад, то мекунад урён.

Ғубори нилии шабҳо бупечонад маро дар хеш,
Қабои сабзи баргамро бисӯзад тафси тобистон
Ва дар реги равон ҷуз рези кӯчокӯчи гардон нест.
Дар ин дӯзах, ки по дар хок сӯзад, бол дар афлок,
Гавонад гар ба ёдат сабз монад кист, ё худ чист?

Кунун ман решаҳоямро ба дасти худ канам аз каър
Ва бо он хоки худ дар ормони хоки пайвандӣ
Кашонам хешро аз баҳру бар сӯйи замини ту,
Ки гардам ҳамнишини ту.

В-агар имрӯз вақти решапайвандии мо рафта,
Ба шохи ҷони ман барги рухи худро бидеҳ пайванд,
Ки шояд баргпайванде бигирад андар ин озор
Ва сабзад аз тани ман шохаҳои ту,
Ва рӯяд шохсори тозаи ишқ аз тани хушнор.

ҚаблӣТаваррум ё инфлятсия чист?
БаъдӣМуносибати давлат бо дини масеҳӣ, қонунигардонӣ ва масеҳият