Илми ботаника (Ботаника чист?)

Илмеро, ки рустаниҳо, фаъолияти ҳаётӣ, сохти берунӣ ва дарунии онҳоро меомӯзад, ботаника меноманд.

Илм ё фаннеро, ки бо табиати зинда сарукор дорад ва онро ҳаматарафа меомӯзад, биология ё ҳаётшиносӣ меноманд. Биология аз ду калимаи юнонӣ: «биос» – ҳаёт ва «логос» – таълимот иборат аст.

Ба ҷуз ҳайвонот ва рустаниҳо дар табиат боз организмҳое (ё мавҷудоте) низ ҳастанд, ки ҳарчанд аломат ва хусусиятҳои ба рустаниҳо монанд дошта бошанд ҳам, лекин рангашон сабз нест. Инҳо занбӯруғҳо мебошанд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи организмҳоро ташкил медиҳанд. Чунончи, баъзе намудҳои занбӯруғҳои хӯрданибоб, занбӯруғҳои мағорӣ ва ғайраҳо.

Инчунин, гурӯҳи махсусеро бактерияҳо ташкил медиҳанд, ки ниҳоят андозаи хурд дошта, онҳоро фақат ба туфайли асбобҳои калоннишондиҳанда, масалан, заррабин (микроскоп) метавонед бубинед. Ҳамин тавр, табиати зинда, ки онро фанни биология меомӯзад, аз 4 олам ё гурӯҳ иборат аст: бактерияҳо, занбӯруғҳо, рустаниҳо ва ҳайвонот.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Паҳншавии рустаниҳо дар рӯйи Замин. Рустаниҳо дар олами беканор васеъ паҳн шудаанд. Онҳоро дар ҳама гӯшаю канори Замин дидан мумкин аст: дар дашту водиҳо, талу теппаҳо, кӯҳҳои сарбарфалак, даштҳои беоб ва ботлоқҳои касногузар, дар баҳру уқёнусҳо, кӯлҳо, ҳавзу дарёҳо ва ҳатто дар қутбҳои саросар яхпӯш.

Дар боғу гулзорҳо, гулгаштҳо, заминҳои барои киштукор мувофиқ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ рустаниҳо ба таври васеъ парвариш карда мешаванд.

Рустаниҳо дар табиат мавқеи хосро доро буда, аксари кулли онҳо ранги сабз доранд. Вале чӣ тавре ки қаблан қайд кардем, дар табиат рустаниҳое низ ҳастанд, ки рангашон сабз нест. Ба ин қабил рустаниҳо занбӯруғҳо дохил мешаванд. Аҳамияти рустаниҳо дар табиат аз он иборат аст, ки онҳо ҳаворо аз гарду ғубор тоза карда, бо гази оксиген, ки барои нафасгирии ҳамаи мавҷудоти зинда бағоят зарур аст, бой мегардонанд.

Рустаниҳо ғизои ҳайвонот мебошанд. Ҳатто он ҳайвоноти даррандаи гӯштхӯр дар навбати худ ҳайвонотеро сайд мекунад, ки алафхӯранд.

Хусусан, рустанӣ дар ҳаёти инсон аҳамияти калон дорад. Зеро асоси хӯроки инсонро маҳсулоти рустанигӣ, аз қабили орд, ярма, сабзавот ва меваҳо ташкил медиҳанд. Мо агарчанде гӯшт, шир, моҳӣ, тухм, равған (чарбу), панир ва ғайраҳоро истифода барем ҳам, лекин ҳайвоноти хурду калон, парандагон аксаран ба сифати ғизо рустаниҳоро истифода мебаранд. Бинобар он, дар он маконе, ки рустанӣ намерӯяд, ҳайвонот низ ҳаёт гузаронида наметавонанд  ва он ҷойҳо бо мурури вақту замон ба дашту биёбонҳои беҳаёт табдил меёбанд.

Инчунин, рустаниҳо ба сифати масолеҳи бинокорӣ, сӯзишворӣ, ҳамчун ашёи хом дар саноати дорусозӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ васеъ истифода бурда мешаванд. Аз баъзе намудҳои онҳо – пахта, зағир, канаб (кенаф) ва ғайраҳо нахи хушсифат гирифта мешавад, ки барои дӯхтану тайёр кардани либос беҳад заруранд. Ҳол он ки набототи худрӯй ин талаботи инсонро қонеъ гардонида наметавонад.

Дар рӯйи Замин тақрибан 350 – 400 ҳазор намуди рус- таниҳо мавҷуданд. Аз ин микдор 1500 намудашон ба рус- таниҳои мазрӯъ дохил мешаванд. Инсоният дар давраҳои аввали инкишофи таърихиаш тухми зироатҳоро на фақат барои ғизо, балки барои киштукор низ ҷамъ мекард. Аз ҳамон давраҳо сар карда, одамон ба парваришу киштукори зироатҳо пардохтанд. Дар ин муддати на он қадар тӯлонии таърихи кишоварзӣ бисёр намуди рустаниҳои мазкур чунон тағйир ёфтанд, ки дарёфт кардани баъзе хусусиятҳои авлодии онҳо дар авлодони қадимаи худрӯйи онҳо басо душвор аст.

Дар ватани офтобрӯяи мо – Тоҷикистон зиёда аз 4513 намуди рустаниҳо месабзанд. Дар байни онҳо миқдори зиёди рустаниҳое мавҷуданд, ки хусусияти табобатӣ дошта, дар тиб мавриди истифодаи ҳамаҷониба қарор доранд.

Илмеро, ки рустаниҳо, фаъолияти ҳаётӣ, сохти берунӣ ва дарунии онҳоро меомӯзад, ботаника меноманд. Номи ин фан аз калимаи юнонии «ботане» ба вуҷуд омадааст, ки маънои таҳтуллафзиаш сабза, алаф, рустанӣ мебошад.

Аммо рустаниҳоро фақат омӯхтан кифоя нест. Ба рустаниҳо бо эҳтиёт ва ғамхорона муносибат карда, онҳоро ҳаматарафа муҳофизат кардан лозим аст. Мутаассифона, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва бисёр ноҳияҳои ҷумҳуриамон бепарвоёна буридану то ба дараҷаи нестӣ овардани дарахту буттаҳои ҷангалзор, беинсофона ҷамъоварӣ кардани нозу неъматҳои табиат, гиёҳҳои доруворӣ ва ғайраҳо давом дорад.

Саволҳо

  1. Рустаниҳои сабз дар табиат чӣ аҳамият доранд?
  2. Аҳамияти рустаниҳо дар ҳаёти одам чӣ гуна аст?
  3. Биология чист ва кадом гурӯҳи организмҳои зиндаро меомӯзад?
  4. Ботаника чиро меомузад?
  5. Чаро рустаниҳои сабзро муҳофизат кардан зарур аст?

Ботаника бо забони точики реферат кори курси.

ҚаблӣҲунар омӯзед, чунки…
БаъдӣСухандон бошед, дӯстон!